Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БОБИ 50

Шогирдони Исо бояд далерона мавъиза кунанд

Шогирдони Исо бояд далерона мавъиза кунанд

МАТТО 10:16–11:1 МАРҚӮС 6:12, 13 ЛУҚО 9:6

  • ИСО РАСУЛОНРО ТАЪЛИМ МЕДИҲАД ВА БАРОИ МАВЪИЗА МЕФИРИСТАД

Исо ба шогирдонаш дар бораи он ки чӣ тавр дукасӣ мавъиза кунанд, дастуроти батафсил медиҳад. Ҳамчунин ӯ аз дилсӯзӣ онҳоро огоҳ мекунад, ки душманон дар ин кор ба онҳо халал мерасонанд: «Инак, ман шуморо ба назди одамон мефиристам ва шумо чун гӯсфандон дар миёни гургон хоҳед буд... Эҳтиёт шавед, зеро одамон шуморо ба додгоҳҳо мекашанд ва дар ибодатгоҳҳояшон қамчинкорӣ мекунанд. Ва аз сабаби маро пайравӣ карданатон шуморо ба назди ҳокимон ва подшоҳон мебаранд» (Матто 10:16–18).

Шогирдони Исо бо таъқиботи сахт дучор шуда метавонанд. Лекин Исо онҳоро ором карда мегӯяд: «Вақте ки шуморо ба додгоҳҳо мекашанд, ғам нахӯред, ки чӣ мегӯед ва чӣ тавр сухан меронед, чунки дар он соат ба шумо дода мешавад, ки чӣ бояд гӯед. Он вақт на шумо, балки рӯҳи Падаратон ба воситаи шумо сухан мегӯяд». Исо гапашро давом дода мегӯяд: «Дар он айём бародар бародарро ва падар фарзандашро ба марг месупорад, ҳамчунин фарзандон ба падару модари худ зид баромада, онҳоро ба ҳалокат мерасонанд. Ва ҳама аз барои номи ман аз шумо нафрат мекунанд, вале ҳар кӣ то охир истодагарӣ кунад, наҷот меёбад» (Матто 10:19–22).

Азбаски мавъиза кардани хушхабар хеле муҳим аст, Исо шогирдонашро таъкид мекунад, ки бохираду дурандеш бошанд, то онҳоро дастгир накунанд ва онҳо тавонанд ин корро ба анҷом расонанд. Ӯ мегӯяд: «Вақте шуморо дар як шаҳр таъқиб мекунанд, ба шаҳри дигар гурезед. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳанӯз шумо тамоми шаҳрҳои Исроилро нагашта, Писари одам хоҳад омад» (Матто 10:23).

Ин дастурот, огоҳӣ ва дилбардории Исо, бешубҳа, барои 12 расулаш хеле пурарзиш аст. Лекин ин суханони Исо на танҳо ба онҳо дахл доранд. Ин суханон ҳамчунин ба касоне дахл доранд, ки баъд аз марг ва зиндашавии Исо дар кори мавъиза иштирок мекунанд. Чаро ин хел гуфтан мумкин аст? Исо ба шогирдонаш мегӯяд, ки ҳамаи халқҳо аз онҳо нафрат мекунанд. Аммо он замон расулон ба назди ҳамаи халқҳо фиристода нашуда буданд. Ғайр аз ин, дар ҳеҷ куҷо навишта нашудааст, ки дар ин вақти кӯтоҳе, ки расулон дар Ҷалил мавъиза мекарданд, онҳоро дастгир карда, назди ҳокиму подшоҳон оварданд ва ё наздиконашон онҳоро ба марг таслим карданд.

Исо ин суханонро гуфта, ояндаро дар назар дорад. Масалан, Исо мегӯяд, ки шогирдонаш ҳанӯз хушхабарро дар ҳама ҷо мавъиза накарда, Писари одам меояд. Исо дар назар дорад, ки пеш аз он ки шогирдонаш мавъизаро дар бораи Подшоҳии Худо ба охир расонанд, ӯ  чун Подшоҳи пурҷалол ва Довар аз ҷониби Худо меояд.

Исо ба шогирдонаш мегӯяд, ки вақте бо муқобилат рӯ ба рӯ мешаванд, набояд аз ин ҳайрон шаванд. Ӯ мегӯяд: «Шогирд аз устод ва ғулом аз хӯҷаини худ болотар нест». Худи Исоро ҳам ба хотири Подшоҳии Худоро мавъиза карданаш паст мезананд ва таъқиб мекунанд. Шогирдон низ бояд бо ҳамаи ин чизҳо рӯ ба рӯ шаванд. Исо ба шогирдонаш мегӯяд: «Аз онҳое, ки ҷисмро мекушанд, вале ҷонро кушта наметавонанд, натарсед, балки аз Оне тарсед, ки метавонад ҳам ҷон ва ҳам ҷисмро дар водии Ҳиннӯм несту нобуд кунад» (Матто 10:24, 28).

Худи Исо аз ҷиҳати вафодориву далерӣ ба шогирдонаш намуна гузошт. Ӯ ҳаёташро аз даст доду аз Худои Қодир рӯ нагардонд. Исо медонист, ки ҳам марг ва ҳам ҳаёти инсон дар дасти Худои Тавоност. Ӯ метавонад «ҷон»-и инсонро нест кунад, яъне ба таври доимӣ шахсро аз ҳаёт маҳрум созад ва ё мурдаро зинда кунад. Донистани ин, бешак, имони шогирдони Исоро қавӣ мегардонад.

Баъд Исо мисол оварда мефаҳмонад, ки Худо чӣ қадар меҳрубон аст: «Магар ду гунҷишкро ба як тин намефурӯшанд? Бо вуҷуди ин, агар ягонтои онҳо ба замин афтад, ин аз назари Падаратон дур намемонад. Бинобар ин натарсед: шумо аз гунҷишкҳои зиёд пурарзиштаред» (Матто 10:29, 31).

Хабаре, ки шогирдони Исо мавъиза мекунанд, дар баъзе оилаҳо ҷудоӣ меандозад, чунки на ҳама онро қабул мекунанд. Исо мегӯяд: «Фикр накунед, ки ман барои ба замин овардани осоиштагӣ омадаам». Бале, барои қабул кардани ҳақиқати Китоби Муқаддас нотарсӣ даркор аст. Ӯ суханашро давом дода мегӯяд: «Касе падар ё модари худ ва ҳамчунин касе, ки писар ё духтари худро аз ман дида бисёртар дӯст дорад, сазовор нест, ки шогирди ман бошад» (Матто 10:34, 37).

Лекин одамоне ёфт мешаванд, ки шогирдонро хуб қабул мекунанд. Исо мегӯяд: «Ҳар касе, ки ба яке аз ин хурдон барои шогирди ман буданаш ақаллан як пиёла оби хунук диҳад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки бе мукофот нахоҳад монд» (Матто 10:42).

Исо ба расулонаш дастуроту огоҳӣ медиҳад ва онҳоро боварӣ мебахшад, ки танҳо нестанд. Акнун онҳо барои мавъиза тайёранд. Расулон «дар он сарзамин деҳа ба деҳа гашта, дар ҳама ҷо хушхабарро мавъиза» мекунанду «беморонро шифо» медиҳанд (Луқо 9:6).