Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БОБИ 23

Исо дар Кафарнаҳум корҳои бузург мекунад

Исо дар Кафарнаҳум корҳои бузург мекунад

МАТТО 8:14–17 МАРҚӮС 1:21–34 ЛУҚО 4:31–41

  • ИСО ДЕВРО БЕРУН МЕКУНАД

  • ШИФО ЁФТАНИ ХУШДОМАНИ ПЕТРУС

Исо Петрус, Андриёс, Яъқуб ва Юҳанноро даъват кард, ки сайёди одамон шаванд. Акнун ӯ ҳамроҳи он чор шогирдаш дар рӯзи шанбе ба яке аз ибодатгоҳҳои Кафарнаҳум меояд. Одамон аз тарзи таълими Исо дар ҳайрат мемонанд, зеро ӯ чун шахси соҳибқудрат таълим медиҳад, на чун шариатдонон.

Дар ибодатгоҳ марде, ки дар банди дев мебошад, бо овози баланд фарёд зада мегӯяд: «Эй Исои носирӣ, ту ба мо чӣ кор дорӣ? Оё ту барои нест кардани мо омадӣ? Ман аниқ медонам, ки ту Муқаддаси Худо ҳастӣ!» Исо он девро сарзаниш карда мегӯяд: «Хомӯш шав ва аз ӯ берун ой!» (Марқӯс 1:24, 25).

Дев он мардро сахт ба ларза меораду ба замин мепартояд. Баъд бо тамоми овоз дод зада аз вай мебарояд, лекин ба мард ҳеҷ зараре намерасонад (Луқо 4:35). Касоне, ки дар ибодатгоҳ буданд, инро дида ҳуш аз сарашон мепарад. «Ин чист? — мегӯянд онҳо.— Ӯ ҳатто ба девҳо амр медиҳад ва онҳо ба ӯ итоат мекунанд» (Марқӯс 1:27). Овозаи ин воқеа дар тамоми Ҷалил паҳн мешавад.

Баъди ин Исо ва шогирдонаш аз он ҷо баромада, ба хонаи Шимъӯн, ё худ Петрус, мераванд. Дар он ҷо онҳо мебинанд, ки хушдомани Петрус сахт касал мебошаду бо таби баланд хоб аст. Онҳо аз Исо илтимос мекунанд, ки ба зан ёрдам диҳад. Исо занро аз дасташ мегирад ва аз ҷояш мехезонад. Ҳамон дам вай шифо меёбад ва Исою шогирдонашро меҳмондорӣ мекунад.

Ҳангоми нишастани офтоб одамон аз ҳар ҷо беморонашонро гирифта ба хонаи Петрус меоранд. Дере нагузашта ба назар чунин метобад, ки тамоми шаҳр дар назди хонаи Петрус ҷамъ шудааст. Одамон ҳар гуна беморонро назди Исо меоранд. Ва ӯ ба ҳар як бемор даст гузошта, онҳоро шифо медиҳад (Луқо 4:40). Ҳамин тавр Исо пешгӯйии Ишаъё-пайғамбарро иҷро мекунад (Ишаъё 53:4). Ӯ ҳатто девҳоро аз одамон берун мекунад ва онҳо ҳангоми баромадан фарёд мезананд: «Ту Писари Худо ҳастӣ» (Луқо 4:41). Исо бошад, ба онҳо иҷозат намедиҳад, ки гап зананд. Онҳо медонанд, ки Исо Масеҳ аст. Лекин вай намехоҳад одамон аз гапи девҳо хулоса бароранд, ки онҳо ҳам ба Худо хизмат мекунанд.