Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БОБИ 57

Исо духтари девдор ва марди карро шифо мебахшад

Исо духтари девдор ва марди карро шифо мебахшад

МАТТО 15:21–31 МАРҚӮС 7:24–37

  • ИСО ДУХТАРИ ЗАНИ ФИНИҚИРО ШИФО МЕДИҲАД

  • Ӯ МАРДИ КАРЕРО, КИ ЗАБОНАШ МЕГИРИФТ, ШИФО МЕБАХШАД

Баъди он ки Исо нодуруст будани урфу одатҳои фарисиёнро фош мекунад, ӯ ҳамроҳи шогирдонаш ба Финиқия, ба тарафи Сӯр ва Сидӯн меравад. Ин ҷойҳо хеле дуртар аз Кафарнаҳум, дар шимолу ғарб ҷойгиранд.

Дар он ҷо Исо хонае ёфта, дар он меистад ва намехоҳад, ки одамон аз ин хабардор шаванд. Лекин ҳатто дар ин ҷо мардум аз омадани ӯ дарак меёбанд. Як зани юноние, ки дар ин ҷойҳо таваллуд шуда буд, назди Исо меояд ва аз ӯ зориву илтиҷо мекунад: «Эй Ҳазрат, Писари Довуд, ба ман раҳм кун! Духтарам дар банди дев аст ва сахт азоб мекашад» (Матто 15:22; Марқӯс 7:26).

Каме пас шогирдон аз Исо хоҳиш мекунанд: «Ба он зан бигӯ, ки равад, зеро вай аз паси мо фарёд зада истодааст». Исо бошад, ба онҳо мефаҳмонад, ки барои чӣ гуфтаи занро иҷро накарда истодааст: «Ман фақат ба назди гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил фиристода шудаам». Ҳарчанд Исо ба зан гӯё аҳамият намедиҳад, он зан ноумед намешавад ва аз пеши ӯ намеравад. Ӯ назди Исо меояд ва худро пеши пойҳояш партофта, илтиҷо мекунад: «Ҳазратам, ба ман ёрдам кун!» (Матто 15:23–25).

Аз афташ, барои санҷидани имони он зан Исо мегӯяд: «Нони фарзандонро гирифта, ба пеши сагчаҳо партофтан хуб нест» (Матто 15:26). Бо ин суханон ӯ ба он ишора мекунад, ки яҳудиён ба халқҳои дигар муносибати бад доранд. Лекин калимаи «сагчаҳо»-ро истифода бурда ӯ нишон дод, ки худаш нисбати ғайрияҳудиён бадбинӣ надорад. Муносибати нағзи ӯ аз чеҳра ва оҳанги овозаш маълум аст.

Зан аз суханони Исо хафа намешавад, балки бо фурӯтанӣ мегӯяд: «Рост мегӯӣ, Ҳазратам, аммо сагчаҳо ҳам нонрезаҳои аз дастархони соҳибашон афтодаро мехӯранд» (Матто 15:27, 28). Исо мебинад, ки ин зан самимӣ аст, барои ҳамин мегӯяд: «Эй зан, имонат бузург аст, бигзор мувофиқи хости ту шавад». Духтари зан дар ин ҷо нест, лекин маҳз ҳамин вақт ӯ шифо меёбад. Вақте зан ба хонааш меравад, ӯ мебинад, ки духтарчааш сиҳату саломат дар ҷогаҳ хоб аст ва «дев аз вай берун шудааст» (Марқӯс 7:30).

Аз Финиқия Исо ва шогирдонаш ба болооби дарёи Урдун мераванд. Онҳо онро аз тарафи шимоли баҳри Ҷалил гузашта, ба Декаполис равона мешаванд. Дар он ҷо онҳо ба кӯҳ мебароянд, лекин тӯдаи мардум аз қафояшон меояд. Мардум лангон, маъюбон, кӯрон, гунгон ва бисёр беморони дигарро оварда, дар пеши пойи Исо мегузоранд ва ӯ онҳоро шифо медиҳад. Одамон аз ин корҳои Исо ба ҳайрат меоянд ва Худои Исроилро ҷалол медиҳад.

Аз байни мардум Исо марди кареро, ки забонаш мегирифт, шифо додан мехоҳад. Лекин ӯ ин корро дар назди ҳама намекунад, чунки мефаҳмад, ки то чӣ андоза вай дар ҳаяҷон аст. Исо мардро ба як тараф мебарад ва дар танҳоӣ нишон медиҳад, ки барои ӯ чӣ кор карданист. Ӯ ангуштонашро ба гӯши вай меандозад ва туф карда, дасташро ба забони вай мерасонад. Баъд ба осмон нигоҳ карда, мегӯяд: «Ифатаҳ», ки маънояш чунин аст: «Кушода шав». Ҳамон лаҳза мард шифо меёбад ва гӯёву шунаво мешавад. Исо намехоҳад, ки ин кораш дар ҳама ҷо овоза шавад. Ӯ мехоҳад, то мардум дар асоси он чизҳое, ки худашон мебинанду мешунаванд, ба ӯ имон оранд (Марқӯс 7:32–36).

Одамоне, ки ин мӯъҷизаҳои Исоро мебинанд, сахт ба ҳайрат меоянд. Онҳо мегӯянд: «Тамоми корҳои ӯ хуб аст. Ӯ ҳатто одамони карро шунаво ва гунгҳоро гӯё мегардонад» (Марқӯс 7:37).