Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БОБИ 47

Исо духтаракеро зинда мекунад

Исо духтаракеро зинда мекунад

МАТТО 9:18, 23–26 МАРҚӮС 5:22–24, 35–43 ЛУҚО 8:40–42, 49–56

  • ИСО ДУХТАРИ ЁИРРО ЗИНДА МЕКУНАД

Ёир мебинад, ки чӣ тавр Исо занеро, ки гирифтори хунравӣ буд, шифо медиҳад. Ин боварии ӯро зиёд мекунад, ки Исо духтари ӯро ҳам сиҳат карда метавонад. Лекин ба гумон аст, ки духтари Ёир то ҳол зинда аст (Матто 9:18). Оё Исо ба ин духтарак ёрдам карда метавонад?

Исо ҳанӯз бо он зан гап зада истода буд, ки баъзе одамон аз хонаи Ёир омада, ба ӯ хабар доданд: «Духтарат аллакай мурдааст. Дигар Устодро ташвиш додан чӣ даркор?» (Марқӯс 5:35).

Чӣ хабари шуме! Духтари ягонаи Ёир мурдааст ва ӯ, ки марди соҳибмартабаву баобрӯ аст, дар ин ҳолат ҳеҷ коре карда наметавонад. Исо ин хабарро шунида ба Ёир рӯ меорад ва мегӯяд: «Натарс, фақат имон ор» (Марқӯс 5:36).

Исо ҳамроҳи Ёир ба хонааш меравад. Вақте онҳо ба он ҷо мерасанд, одамони зиёдеро мебинанд, ки гиряву нола карда истодаанд ва аз ғаму андӯҳ бар синаашон мезананд. Исо ба хона даромада, мегӯяд: «Кӯдак намурдааст, балки хоб аст» (Марқӯс 5:39). Инро шунида баъзе одамон механданд, чунки ҳама медонад, ки духтар мурдааст. Лекин Исо нишон додан мехоҳад, ки бо қудрати худодод барояш зинда кардани мурда мисли он аст, ки шахсро аз хоб бедор кунад.

Исо ба ғайр аз панҷ нафар ҳамаро берун мебарорад. Дар хона бо Исо фақат Петрус, Яъқуб, Юҳанно ва падару модари духтарак мемонанд. Исо ба бистари вай наздик шуда, дасташро мегирад ва мегӯяд: «“Талито қумӣ”, ки маънояш чунин аст: “Эй духтарак, ба ту мегӯям: аз ҷоят хез!”» (Марқӯс 5:41). Духтарак дарҳол аз ҷояш мехезад ва роҳ мегардад. Хурсандии Ёиру занаш ҳадду канор надорад! Исо ба онҳо мегӯяд, ки ба духтарашон хӯрок диҳанд. Ӯ бо ин суханаш онҳоро дилпур кардан мехоҳад, ки духтарак зинда аст.

Пеш, вақте Исо касеро шифо медод, ба ӯ мегуфт, ки ба ҳеҷ кас дар ин бора нақл накунад. Ҳозир ҳам ӯ ба падару модари духтарак ҳамин хел мегӯяд. Лекин, падару модари духтарак, ки дилашон лабрези шодист, ва ҳамчунин дигар одамон ин хабарро «дар тамоми... сарзамин» паҳн мекунанд (Матто 9:26). Агар шумо бо чашмони худ медидед, ки чӣ тавр шахси наздикатон зинда мешавад, оё хомӯш мемондед? Дар Китоби Муқаддас ин дуюм воқеаест, ки Исо мурдаро зинда мекунад.