Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БОБИ 73

Сомарии некдил

Сомарии некдил

ЛУҚО 10:25–37

  • ЧӢ ТАВР СОҲИБИ ҲАЁТИ ҶОВИДОНӢ ШУДАН МУМКИН АСТ?

  • МАРДИ СОМАРӢ МУҲАББАТ НИШОН МЕДИҲАД

Ҳоло Исо дар наздикиҳои Ерусалим аст. Дар он ҷо яҳудиёни зиёде назди ӯ меоянд. Баъзеҳо мехоҳанд аз ӯ таълим гиранд, дигарон бошанд, мехоҳанд ӯро санҷанд. Як мард, ки Шариатро хеле хуб медонад, аз Исо мепурсад: «Устод, чӣ кор кунам, то ҳаёти ҷовидониро мерос гирам?» (Луқо 10:25).

Исо пай мебарад, ки ин мард барои фаҳмидани фикри ӯ напурсида истодааст. Эҳтимол, ӯ мехоҳад Исо тавре ҷавоб диҳад, ки яҳудиёнро ба хашм орад. Исо дарк мекунад, ки мард оиди ин масъала ақидаи худро дорад. Барои ҳамин ӯ бохирадона амал карда фикри худи мардро мепурсад.

Исо мегӯяд: «Дар Шариат чӣ навишта шудааст? Ту онро чӣ тавр мефаҳмӣ?» Азбаски ин мард Шариати Худоро омӯхтааст, дар асоси он ҷавоб медиҳад. Ӯ аз Такрори Шариат 6:5 ва Ибодат 19:18 иқтибос оварда, мегӯяд: «“Худои худ Яҳуваро бо тамоми дили худ, бо тамоми ҷони худ, бо тамоми қуввати худ ва бо тамоми ақли худ дӯст дор” ва ҳамчунин “дигаронро мисли худат дӯст дор”» (Луқо 10:26, 27). Оё ӯ дуруст ҷавоб дод?

Исо ба он мард мегӯяд: «Ту дуруст ҷавоб додӣ. Ҳамин тавр рафтор кун ва соҳиби ҳаёт хоҳӣ шуд». Лекин вай бо ин ҷавоб қонеъ нашуда, мехоҳад худро сафед кунад. Вай мехоҳад Исо тасдиқ кунад, ки фикру ақида ва муносибати ӯ ба дигарон дуруст аст. Барои ҳамин он мард мепурсад: «Дигарон гуфта, кӣ дар назар дошта шудааст?» (Луқо 10:28, 29). Ин савол дар назар одӣ тобад ҳам, зери коса нимкоса ҳаст.

Ба ақидаи яҳудиён, онҳо бояд танҳо касонеро дӯст доранд, ки урфу одатҳои яҳудиро риоя мекунанд. Ва чунин тофта метавонад, ки ояти Ибодат 19:18 ин фикрро тасдиқ мекунад. Яҳудиён баъзан ҳатто мегӯянд, ки бо ғайрияҳудиён дӯстӣ кардан норавост (Аъмол 10:28). Барои ҳамин ин мард ва, аз афташ, баъзе шогирдони Исо низ фикр мекунанд, ки фақат ба ҳаммиллатони худ некӣ кардан дуруст аст. Ғайрияҳудиёнро бошад, дӯст доштан ва ба онҳо некӣ кардан лозим нест.hbor.”

Чӣ тавр Исо ин мард ва дигар яҳудиёнро наранҷонда фикрронии онҳоро ислоҳ карда метавонад? Ӯ мисоле меорад: «Марде аз Ерусалим ба Ериҳӯ мерафт ва дар роҳ ба дасти роҳзанон афтод. Онҳо либосашро кашида гирифтанд, ӯро лату кӯб карданд ва дар ҳолати ниммурда партофта рафтанд. Тасодуфан аз он роҳ коҳине мегузашт, вале, вақте ӯ он мардро дид, ба тарафи дигари роҳ гузашта, рафт. Баъди ин аз он роҳ левизодае гузашт ва ӯ низ он мардро дида ба тарафи дигари роҳ гузашта, рафт. Аммо як марди сомарӣ, ки аз он роҳ мегузашт, ба назди марди маҷрӯҳ расид ва ӯро дида дилаш сӯхт» (Луқо 10:30–33).

Он мард, албатта, медонад, ки бисёре аз коҳинон ва левизодагоне, ки дар маъбад хизмат мекунанд, дар Ериҳӯ зиндагӣ мекунанд. Вақте онҳо хизмати худро дар маъбад ба ҷо оварда, ба хона бармегарданд, тахминан 23 километр роҳро тай мекунанд. Ин роҳ хатарнок аст, зеро дар он дуздону ғоратгарон ба шахс ҳамла карда метавонанд. Пас, вақте коҳин ва левизода дар роҳ яҳудии маҷрӯҳро мебинанд, магар набояд ба вай ёрдам кунанд? Лекин сомарие, ки аз он роҳ мегузарад, нигоҳ накарда ба он ки яҳудиён сомариёнро бад мебинанд, ба он яҳудӣ дасти ёрӣ дароз мекунад (Юҳанно 8:48).

Чӣ тавр сомарӣ ба он мард ёрӣ медиҳад? Исо нақл мекунад: «Ӯ наздик омад ва ба ҷароҳатҳои вай равған ва шароб рехта, онҳоро баст. Баъд ӯро ба хари худ савор карда, ба меҳмонхонае овард ва нигоҳубин кард. Рӯзи дигар ӯ ду динорро бароварда, ба соҳиби меҳмонхона дод ва гуфт: “Ин мардро нигоҳубин кун ва, агар аз ин зиёдтар сарф кунӣ, вақти баргаштанам ба ту медиҳам”» (Луқо 10:34, 35).

 Баъди нақл кардани ин мисол Исо аз он мард мепурсад: «Ба фикри ту, кадоме аз ин се нафар ба он марде, ки аз дасти роҳзанҳо ҷабр дида буд, муҳаббат зоҳир кард?» Аз афташ, забони он мард намегардад, ки «марди сомарӣ» гӯяд, барои ҳамин вай чунин ҷавоб медиҳад: «Ҳамоне, ки ба ӯ раҳм кард». Он гоҳ Исо хулоса карда мегӯяд: «Бирав ва ту низ чунин кун» (Луқо 10:36, 37).

Исо, дар ҳақиқат, муаллими беҳтарин аст! Агар вай рӯирост мегуфт, ки ғайрияҳудиёнро низ дӯст доштан даркор аст, шояд, суханони ӯ ба дили он мард ва дигар яҳудиён таъсир намекард. Лекин бо ёрдами ин мисоли осонфаҳм Исо нишон медиҳад, ки киро дӯст доштан лозим аст. Каломи Худо моро бармеангезад, ки ба ҳамаи одамон меҳру муҳаббат дошта бошем.