Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БОБИ 77

Исо дар бораи боигарӣ маслиҳат медиҳад

Исо дар бораи боигарӣ маслиҳат медиҳад

ЛУҚО 12:1–34

  • МИСОЛ ДАР БОРАИ МАРДИ БОЙ

  • ИСО ДАР БОРАИ ЗОҒОН ВА САВСАНҲО ГАП МЕЗАНАД

  • «РАМАИ ХУРД» ДАР ПОДШОҲИИ ХУДО ҲУКМРОНӢ МЕКУНАД

Исо дар хонаи фарисӣ меҳмон аст. Ҳазорҳо одамон дар берун ӯро интизоранд. Вазъиятҳои ба ин монанд дар Ҷалил низ рӯй дода буданд (Марқӯс 1:33; 2:2; 3:9). Ҳоло дар Яҳудия одамон мехоҳанд ӯро бинанд ва гӯш кунанд. Лекин дар бораи фарисиёне, ки ҳамроҳи Исо хӯрок хӯрда истодаанд, чунин гуфтан мумкин нест.

Чизе, ки Исо дар аввал мегӯяд, пеш аз ҳама ба шогирдонаш дахл дорад: «Аз хамиртуруши фарисиён, яъне аз дурӯягӣ эҳтиёт шавед». Исо аз ин пеш ҳам ин огоҳиро дода буд, лекин чизе, ки ӯ дар хонаи фарисӣ дид, нишон дод, ки то чӣ андоза ин маслиҳат саривақт аст (Луқо 12:1; Марқӯс 8:15). Фарисиён бадкории худро зери ниқоби худотарсӣ пинҳон мекунанд, лекин Исо шогирдонашро аз хатари дурӯягӣ огоҳ месозад. Ӯ мефаҳмонад: «Ҳеҷ чизи махфие нест, ки маълум нашавад, ва ҳеҷ сирре нест, ки ошкор нагардад» (Луқо 12:2).

Аз афташ, бисёре аз онҳое, ки дар гирди Исо ҷамъ омадаанд, яҳудӣ мебошанд ва дар бораи он чизҳое, ки ӯ дар Ҷалил таълим дода буд, нашунидаанд. Барои ҳамин Исо баъзе чизҳоеро, ки пештар гуфта буд, такрор мекунад. Ӯ ба ҳамаи шунавандагонаш мегӯяд: «Аз онҳое, ки ҷисмро мекушанд, вале ҷонро кушта наметавонанд, натарсед» (Луқо 12:4). Исо бори дигар ба шогирдонаш мегӯяд, ки дар бораи эҳтиёҷоташон ташвиш нахӯранд, чунки Худо дар бораи онҳо ғамхорӣ мекунад. Ҳамчунин онҳо бояд ӯро чун Писари Худо қабул кунанд ва аз кӯмаку дастгирии Худо дилпур бошанд (Матто 10:19, 20, 26–33; 12:31, 32).

Ногоҳ марде аз байни одамон ба Исо муроҷиат карда дар бораи ташвиши худ гап мезанад: «Устод, ба бародарам гӯй, ки меросро бо ман тақсим кунад» (Луқо 12:13). Мувофиқи Шариат писари нахустзода ҳиссаи дучанди меросро мегирад, барои ҳамин дар ин масъала ҳоҷати баҳс нест (Такрори Шариат 21:17). Лекин, аз афташ, барои ин мард ҳиссаи худаш кам аст ва ӯ мехоҳад чизи бештаре ба даст орад. Исо хирадмандона рафтор мекунад ва ба ин баҳс дахолат намекунад. Ӯ мегӯяд: «Эй инсон, кӣ маро таъйин кардааст, ки дар байни шумо довар бошам ё чизу чораатонро тақсим кунам?» (Луқо 12:14).

Баъд Исо тамоми мардумро насиҳат медиҳад: «Ҳушёр бошед ва аз ҳар гуна чашмгуруснагӣ дурӣ ҷӯед, зеро, ҳатто агар одам чизу чораи бисёр дошта бошад ҳам, ин ба ӯ ҳаёт намедиҳад» (Луқо 12:15). Одам чи қадар бою бадавлат набошад, як рӯз не, як рӯз мемурад ва бо худ ба гӯр ҳеҷ чиз намебарад. Исо барои қайд кардани ин фикр мисоле меорад ва нишон медиҳад, ки дар назди Худо номи нек доштан муҳим аст:

«Киштзори як марди бой ҳосили фаровоне дод. Ӯ дар дили худ андеша карда гуфт: “Чӣ кор кунам, охир, ман барои ҷамъ кардани ҳосили худ ҷое надорам?” Ва гуфт: “Чунин мекунам: анборҳои худро вайрон карда, калонтарашро месозам ва дар он ҷо тамоми ғаллаву дороии худро ҷамъ меорам ва баъд ба худ мегӯям: “Барои солҳои зиёд дороии бисёре ҷамъ овардӣ. Истироҳат кун, бихӯр, бинӯш ва димоғчоқӣ кун”. Аммо Худо ба вай гуфт: “Эй нодон, худи ҳамин шаб ҷонат аз ту талаб карда мешавад. Пас, он чӣ захира кардӣ, ба кӣ мемонад?” Чунин хоҳад буд ҳоли касе, ки барои худ ганҷҳо ҷамъ мекунад, аммо дар назари Худо бой нест» (Луқо 12:16–21).

Шогирдони Исо ва касоне, ки ӯро гӯш мекунанд, метавонанд ба доми чашмгуруснагӣ ва чизпарастӣ афтанд. Ва ё ғаму ташвиши зиндагӣ диққати онҳоро аз хизмати Худо дур сохта метавонад. Барои ҳамин Исо маслиҳатеро, ки  яку ним сол пеш аз ин дар Мавъизаи болои кӯҳ гуфта буд, такрор мекунад:

«Дигар дар бораи ҳаёти худ, яъне чӣ хӯрдан, ё дар бораи бадани худ, яъне чӣ пӯшидан, ташвиш накашед... Ба зоғон бодиққат нигоҳ кунед: онҳо на мекоранд, на медараванд ва на анборҳо доранд, бо вуҷуди ин Худо ризқу рӯзиашонро мерасонад. Магар шумо аз паррандаҳо пурарзиштар нестед?... Ба савсанҳо бодиққат нигоҳ кунед, ки чӣ тавр онҳо месабзанд: онҳо на меҳнат мекунанд ва на мересанд, аммо ман ба шумо мегӯям, ки ҳатто Сулаймон дар тамоми ҷалоли худ мисли яке аз онҳо либос напӯшида буд... Бинобар ин дигар ташвиш накашед, ки чӣ мехӯред ва чӣ менӯшед, ва дигар ғам нахӯред... Падари шумо ба ин чизҳо мӯҳтоҷ буданатонро медонад. Пас, Подшоҳии Ӯро ҷӯед ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд» (Луқо 12:22–31; Матто 6:25–33).

Кӣ Подшоҳии Худоро меҷӯяд? Исо ин пайравони вафодорашро «рамаи хурд» меномад. Ин нишон медиҳад, ки шумораи онҳо нисбатан кам аст. Дертар маълум мешавад, ки шумораи онҳо 144 000 мебошад. Исо ба онҳо мегӯяд: «Падари шумо қарор додааст, ки Подшоҳиро ба шумо диҳад». Ин масеҳиён дар замин барои худ ганҷҳо, ки онҳоро дуздон гирифта метавонанд, ҷамъ намекунанд. Онҳо дар осмон, ки он ҷо ҳамроҳи Исо ҳукмронӣ мекунанд, ганҷе ҷамъ мекунанд, ки «ҳеҷ гоҳ тамом намешавад» (Луқо 12:32–34).