Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ҚИСМИ 4

Хизмати Исо дар Яҳудия

«Аз Соҳиби ҳосил илтимос кунед, ки барои дарав коргар фиристад» (Луқо 10:2).

Хизмати Исо дар Яҳудия

ДАР ИН ҚИСМ

БОБИ 66

Исо ба иди Хаймаҳо меояд

Чаро шунавандагон фикр мекунанд, ки Исо дев дорад?

БОБИ 67

«Касе ҳаргиз монанди ӯ сухан нагуфтааст»

Шӯрои олии яҳудиён ба зидди Исо мебароянд, вале як нафар аз байнашон ҷуръат карда ӯро тарафгирӣ мекунад.

БОБИ 68

Писари Худо «нури ҷаҳон» аст

Исо гуфта буд, ки «ростӣ шуморо озод хоҳад кард». Аз чӣ?

БОБИ 69

Падари онҳо Иброҳим аст ё Шайтон?

Исо бо шунавандагонаш оиди он гап мезанад, ки фарзандони Иброҳимро чӣ тавр шинохтан мумкин ва инчунин дар бораи он ки Падари ӯ кист.

БОБИ 70

Исо кӯри модарзодро шифо медиҳад

Шогирдон мепурсанд, ки барои чӣ мард кӯр ба дунё омад? Оё ӯ гуноҳе карда буд? Ё волидонаш гуноҳе карданд? Вақте Исо мардро шифо медиҳад, аз ин баъзеҳо хурсанд мешаванду баъзеҳо ба қаҳр меоянд.

БОБИ 71

Фарисиён марди шифоёфтаро саволборон мекунанд

Ҷавоби бомантиқи марди шифоёфта фарисиёнро ба хашм меорад. Ва коре мешавад, ки волидонаш сахт аз он хавотир буданд, ӯро аз ибодатгоҳ меронанд.

БОБИ 72

Исо 70 шогирдашро ба мавъиза мефиристад

Исо ба Яҳудо меояд. Ӯ 70 нафарро ба мавъиза фиристода ба онҳо амр медиҳад, ки дар бораи Подшоҳии Худо ба одамон нақл кунанд. Шогирдон дар куҷоҳо мавъиза мекунанд? Дар ибодатгоҳҳо ё хона ба хона?

БОБИ 73

Сомарии некдил

Мисоли сомарии некдилро истифода бурда, Исо оиди дӯст доштани дигарон дарси муҳиме медиҳад.

БОБИ 74

Дарси муҳим дар бораи меҳмоннавозӣ ва дуо

Исо ба хабаргирии Марям ва Марто меравад. Ӯ ба онҳо оиди меҳмоннавозӣ дарси муҳиме медиҳад. Каме баъдтар ӯ ба шогирдонаш оиди дуогӯӣ чиро таълим медиҳад?

БОБИ 75

Хушбахтии ҳақиқӣ чист?

Исо ба айбдоркунандагонаш дар бораи қувваи «ангушти Худо» ва омадани Подшоҳии Худо гап зада ба саволҳояшон ҷавоб медиҳад. Ӯ ҳамчунин оиди чӣ тавр ёфтани хушбахтии ҳақиқӣ гап мезанад.

БОБИ 76

Исо бо фарисӣ хӯрок мехӯрад

Исо дурӯягии диннии фарисиён ва шариатдононро ошкор менамояд. Бори одамонро вазнин мекунанд гуфта, ӯ чиро дар назар дошт?

БОБИ 77

Исо дар бораи боигарӣ маслиҳат медиҳад

Исо дар бораи марди бое гап мезанад, ки анборҳои калон сохт. Ӯ бори дигар шунавандагонашро огоҳ мекунад, ки ба доми чизпарастӣ наафтанд.

БОБИ 78

Ғуломи боваринок бояд тайёр бошад

Исо мехоҳад, ки пайравонаш бо Худо муносибати наздик дошта бошанд. Чӣ тавр идоракунандае, ки Исо дар борааш мегӯяд, дар ин кор ба онҳо ёрӣ дода метавонад? Чаро муҳим аст, ки шогирдони Исо ҳушёру тайёр бошанд?

БОБИ 79

Кӣ несту нобуд мешавад?

Исо шунавандагонашро огоҳ кард, ки агар тавба накунанд несту нобуд мешаванд. Оё онҳо ба огоҳии Исо гӯш медиҳанд ва дар бораи беҳтар кардани муносибаташон бо Худо фикр мекунанд?

БОБИ 80

Чӯпони нек ва қӯраи гӯсфандон

Мисоли чӯпон ва гӯсфандон муносибати Исоро ба шогирдонаш нишон медиҳад. Оё онҳо таълимоти ӯро қабул карда аз пасаш равона мешаванд?

БОБИ 81

Ба кадом маъно Исо ва Падар яканд?

Баъзеҳо Исоро дар он айбдор мекунанд, ки гӯё ӯ худро ба Худо баробар медонад. Чӣ тавр ӯ беасос будани айбдоркуниҳои онҳоро нишон медиҳад?