Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БОБИ 90

Исо «эҳёшавӣ ва ҳаёт» аст

Исо «эҳёшавӣ ва ҳаёт» аст

ЮҲАННО 11:17–37

  • ИСО БАЪДИ МАРГИ ЛАЪЗОР МЕОЯД

  • ИСО «ЭҲЁШАВӢ ВА ҲАЁТ» АСТ

Исо аз Перея омада, дар канори Байт-Ҳинӣ меистад. Ин қишлоқ тахминан 3 километр дуртар аз Ерусалим, дар тарафи шарқии он, ҷойгир аст. Маряму Марто барои марги Лаъзор мотам гирифтаанд ва одамони зиёде барои дилбардории онҳо омадаанд.

Ин вақт касе ба Марто хабар медиҳад, ки Исо омада истодааст ва ӯ саросемавор ба пешвози Исо меравад. Вақте Марто Исоро мебинад, чунин мегӯяд: «Ҳазрат, агар ту ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд». Аз афташ, ӯву хоҳараш чор рӯз боз дар ин бора фикр карда истодаанд. Лекин Марто ноумед нашудааст, ӯ мегӯяд: «Медонам, ки ҳар он чӣ аз Худо хоҳиш кунӣ, ба ту медиҳад» (Юҳанно 11:21, 22). Марто медонад, ки Исо ба бародараш ёрӣ дода метавонад.

Исо ба ӯ мегӯяд: «Бародарат зинда мешавад». Марто фикр мекунад, ки Исо ба эҳёшавӣ дар рӯйи замин, ки дар оянда рӯй медиҳад, ишора карда истодааст. Иброҳим ва дигар хизматгорони содиқи Худо низ ба ин умед мебастанд. Марто ҳам ба ин имон дорад, барои ҳамин ӯ мегӯяд: «Медонам, ки ҳангоми эҳёшавӣ, дар рӯзи охирин, зинда мешавад» (Юҳанно 11:23, 24).

Лекин оё Исо худи ҳозир ягон кор карда метавонад? Ӯ хотиррасон мекунад, ки бо қудрати худодод бар марг ғолиб омада метавонад. Исо мегӯяд: «Ҳар кӣ ба ман имон меорад, бимирад ҳам, боз зинда мешавад. Ҳамчунин, ҳар шахси зиндае, ки ба ман имон меорад, ҳаргиз намемирад» (Юҳанно 11:25, 26).

Гапи Исо маънои онро надорад, ки шогирдоне, ки ҳоло зиндаанд, ҳеҷ гоҳ намемиранд. Ҳатто худи ӯ мемирад, чи тавре ки пештар ба расулонаш гуфта буд (Матто 16:21; 17:22, 23). Исо гуфтанӣ аст, ки ҳар кӣ ба ӯ имон меорад, метавонад соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ шавад. Албатта, бисёриҳо баъди аз марг зинда шуданашон соҳиби чунин ҳаёт мегарданд. Лекин касони вафодоре, ки дар охирзамон зиндагӣ мекунанд, имконият доранд, ки умуман маргро набинанд. Ҳар чӣ ҳам бошад, касоне, ки ба Исо имони ҳақиқӣ доранд, метавонанд дилпур бошанд, ки онҳо ба таври абадӣ намемиранд.

Лекин оё Исо, ки навакак «ман эҳёшавӣ ва ҳаёт ҳастам» гуфт, ба Лаъзор, ки аллакай чанд рӯз боз мурдааст, ёрӣ дода метавонад? Исо аз Марто мепурсад: «Оё ба ин бовар мекунӣ?» Марто ҷавоб медиҳад: «Бале, Ҳазрат, бовар мекунам, ки ту Масеҳ, Писари Худо ҳастӣ, ҳамоне, ки бояд ба ҷаҳон меомад». Марто имон дорад, ки Исо худи ҳозир ягон кор карда метавонад. Аз ин рӯ вай давида ба хона меравад ва Марямро як тараф бурда мегӯяд: «Устод дар ҳамин ҷост ва мехоҳад, ки ту ба наздаш равӣ» (Юҳанно 11:25–28). Марям ин суханонро шунида аз хона мебарояд. Касоне, ки дар хона буданд, ба гумони он ки вай пеши қабри Лаъзор меравад, аз пасаш равона мешаванд.

Марям ба назди Исо омада, гирёну нолон пеши пойҳои ӯ меафтад ва мисли Марто мегӯяд: «Ҳазрат, агар ту ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд». Гиряи Марям ва одамони дигар ба Исо чунон таъсир мекунанд, ки ӯ оҳи пурдарду алам мекашад ва аз чашмонаш ашк мерезад. Инро дида дили мардум об мешавад. Лекин баъзеҳо мегӯянд: «Шахсе, ки марди кӯрро бино кард, магар барои намурдани ин одам чорае андешида наметавонист?» (Юҳанно 11:32, 37).