Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БОБИ 89

Исо дар роҳ ба Яҳудия таълим медиҳад

Исо дар роҳ ба Яҳудия таълим медиҳад

ЛУҚО 17:1–10 ЮҲАННО 11:1–16

  • САБАБИ ПЕШПО ХӮРДАНИ ДИГАРОН НАШАВЕД

  • БАХШИДАН ВА ИМОН

Чанд вақт боз Исо дар вилояти Перея, ки дар «тарафи дигари Урдун» аст, таълим медиҳад (Юҳанно 10:40). Ҳоло бошад, ӯ ба ҷануб, ба Ерусалим, сафар карданист.

Исо танҳо нест. Ҳамроҳи ӯ шогирдонаш ва «мардуми бисёре», аз он ҷумла ҷамъоварони андоз ва гунаҳкорон, сафар мекунанд (Луқо 14:25; 15:1). Ҳамчунин фарисиён ва шариатдонон, ки аз корҳо ва таълими ӯ норозиянд, ҳамроҳи ӯянд. Каме пеш Исо мисоли гӯсфанди гумшуда, писари гумшуда ва марди сарватманду Лаъзорро нақл карда буд. Ҳоло онҳо метавонанд дар бораи ин мисолҳо фикру мулоҳиза кунанд (Луқо 15:2; 16:14).

Шояд, Исо ҳоло дар бораи суханони талху нешдори душманонаш фикр карда, ба шогирдонаш рӯ меорад. Ӯ ба онҳо дар бораи чизе гап мезанад, ки чанде пеш дар Ҷалил таълим дода буд.

Исо мегӯяд: «Чизҳое, ки сабаби пешпо хӯрдани дигарон мегарданд, ҳатман ба миён хоҳанд омад, лекин вой бар ҳоли касе, ки ба воситаи ӯ ин чизҳо ба миён меоянд!.. Ба худатон диққат диҳед. Агар бародарат гуноҳ кунад, ӯро сарзаниш намо ва, агар тавба кунад, ӯро бахш. Ҳатто агар дар як рӯз ҳафт бор бар зидди ту гуноҳ кунад ва ҳафт бор ба наздат омада, “тавба кардам” гӯяд, ӯро бахш» (Луқо 17:1–4). Эҳтимол, ин суханони Исо ба Петрус саволеро, ки ӯ чанде пеш ба устодаш дода буд, хотиррасон мекунанд (Матто 18:21).

Чӣ ба шогирдон ёрдам мекунад, ки мувофиқи суханони Исо амал кунанд? Имон. Барои ҳамин онҳо аз ӯ илтимос мекунанд, ки имонашонро зиёдтар гардонад. Исо бошад, ба онҳо мегӯяд: «Агар шумо ба андозаи донаи хардал имон медоштед, ҳангоми ба ин дарахти тут “Решакан гардида, дар баҳр ҷойгир шав!” гуфтанатон он ба шумо итоат мекард» (Луқо 17:5, 6). Бале, ҳатто бо андак имон шахс метавонад корҳои бузургро ба анҷом расонад.

Баъд Исо қайд мекунад, ки то чӣ андоза фурӯтан будан ва ба худ назари дуруст доштан муҳим аст. Ӯ ба расулонаш мегӯяд: «Кадоме аз шумо ба ғуломи худ, ки бо шудгори замин ё чӯпонӣ машғул аст, ҳангоми аз саҳро баргаштанаш чунин мегӯяд: “Зудтар ин ҷо омада, ба сари дастархон шин”? Баръакс, магар намегӯяд: “Бароям хӯроки шом тайёр кун ва, то вақте ки мехӯраму менӯшам, миёни худро баста, ба ман хизмат кун ва баъд аз он худат бихӯру бинӯш”? Оё хӯҷаин ба ғуломи худ барои иҷро кардани вазифааш миннатдор мешавад? Ба ин монанд, шумо низ пас аз иҷро кардани тамоми корҳое, ки ба ӯҳдаатон гузошта шудаанд, чунин гӯед: “Мо ғуломони ночиз ҳастем ва кореро кардем, ки карданамон лозим буд”» (Луқо 17:7–10).

Ҳар як хизматгори Худо бояд фаҳмад, ки хости Худоро дар ҷойи аввал мондан муҳим аст. Беш аз ин, ҳар як шахс бояд дар хотир дошта бошад, ки Худоро ибодат кардан ва ғулому бандаи Ӯ будан шарафи бузург аст.

Аз афташ, чанде пас аз ин Маряму Марто — хоҳарони Лаъзор, ки дар Байт-Ҳинии Яҳудия зиндагӣ мекунанд, ба назди Исо кас фиристода мегӯянд: «Ҳазрат, шахси бароят азиз бемор аст» (Юҳанно 11:1–3).

Хабари бемории дӯсташ Исоро зиқу рӯҳафтода намесозад. Баръакс, ӯ мегӯяд: «Ин беморӣ на барои он аст, ки бо марг анҷом ёбад, балки барои ҷалоли Худост, то Писари Худо ба воситаи он ҷалол ёбад». Исо ду рӯзи дигар дар ин маҳал мемонанд ва баъд ба шогирдонаш мегӯяд: «Биёед ба Яҳудия баргардем». Онҳо норозигӣ баён карда мегӯянд: «Устод, чанде пеш мардуми Яҳудия туро сангсор карданӣ буданд ва ту мехоҳӣ боз ба он ҷо равӣ?» (Юҳанно 11:4, 7, 8).

Исо мегӯяд: «Магар рӯз дувоздаҳ соат давом намекунад? Касе, ки рӯзона роҳ меравад, ба чизе пешпо намехӯрад, зеро равшании ин ҷаҳонро мебинад. Вале касе, ки шабона роҳ меравад, пешпо мехӯрад, чунки равшанӣ надорад» (Юҳанно 11:9, 10). Аз афташ, Исо «рӯзона» гуфта, вақтеро дар назар дорад, ки Худо барои хизмати ӯ муайян кардааст. Он ҳоло тамом нашудааст ва дар ин  вақти кӯтоҳи боқимонда Исо бояд корҳои зиёдеро ба анҷом расонад.

Исо илова мекунад: «Дӯсти мо Лаъзор хобидааст, вале ман меравам, то ӯро бедор кунам». Эҳтимол, шогирдон фикр мекунанд, ки Лаъзор аз сабаби касалиаш хоб аст ва каме пас аҳволаш беҳтар мешавад. Барои ҳамин онҳо мегӯянд: «Ҳазрат, агар ӯ хобида бошад, боз сиҳат шуда мехезад». Он гоҳ Исо ба онҳо рӯирост мегӯяд: «Лаъзор мурдааст... Вале акнун биёед назди ӯ равем» (Юҳанно 11:11–15).

Тумо медонад, ки Исоро дар Яҳудия кушта метавонанд. Ҳамзамон ӯ мехоҳад устодашро дастгирӣ кунад, барои ҳамин ба шогирдони дигар мегӯяд: «Биёед мо ҳам равем, то бо ӯ бимирем» (Юҳанно 11:16).