Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БОБИ 88

Марди бой ва Лаъзор

Марди бой ва Лаъзор

ЛУҚО 16:14–31

  • МИСОЛ ДАР БОРАИ МАРДИ БОЙ ВА ЛАЪЗОР

Исо ба шогирдонаш дар бораи истифодаи молу мулк маслиҳати хубе дод. Лекин, вақте Исо дар ин бора гап мезад, суханони ӯро на танҳо шогирдонаш, балки фарисиёни пулпараст низ гӯш мекарданд. Ҳарчанд фарисиён бояд маслиҳати Исоро қабул мекарданд, онҳо суханони Исоро шунида ӯро масхара карданд (Луқо 15:2; 16:13, 14).

Лекин Исо хомӯш намемонад. Ӯ ба онҳо мегӯяд: «Шумо дар назди одамон худро шахсони росткор нишон медиҳед, вале Худо аз дилҳои шумо хабардор аст, зеро он чӣ одамон болобардор мекунанд, дар назари Худо нафратангез аст» (Луқо 16:15).

Солҳои сол аст, ки одамон фарисиёнро «болобардор мекунанд». Лекин, чи тавре ки мегӯянд, «осиё ба навбат». Акнун вақте фаро расидааст, ки одамони одие, ки дар бораи Худо бисёртар фаҳмидан мехоҳанд, сарбаланд гарданд. Лекин касоне, ки болобардор карда мешуданд, касоне, ки соҳиби пулу моланд ва дар сиёсату дин ҳокимият доранд, паст мегарданд. Исо бо суханони зеринаш нишон медиҳад, ки ҳоло дигаргуниҳои калон рӯй дода истодаанд:

«Таврот ва Навиштаҳои пайғамбарон то замони Яҳё эълон карда мешуданд. Аммо аз он вақт инҷониб хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо мавъиза карда мешавад ва ҳар гуна одамон бо ҷидду ҷаҳд сӯйи он мешитобанд. Ҳатто замину осмон нест шавад ҳам, ҳеҷ як ҳарф ё нуқтае аз Таврот иҷро нашуда намемонад» (Луқо 3:18; 16:16, 17). Чӣ тавр суханони Исо ба ин дигаргуниҳо ишора мекунанд?

Сарварони дини яҳудӣ фахр мекунанд, ки Шариати Мӯсоро риоя мекунанд. Ба хотир оред, ки вақте Исо дар Ерусалим кӯреро бино карда буд, чӣ тавр онҳо мағрурона гуфтанд: «Мо... шогирдони Мӯсо-пайғамбарем. Мо медонем, ки бо Мӯсо Худо гап задааст» (Юҳанно 9:13, 28, 29). Яке аз сабабҳои дода шудани Шариат ин буд, ки одамони фурӯтанро сӯйи Масеҳ роҳнамоӣ кунад. Яҳё гуфта буд, ки Исо Барраи Худо, яъне ҳамон Масеҳ, аст (Юҳанно 1:29–34). Аз он вақте, ки Яҳё хизмати худро сар кард, яҳудиёни фурӯтан, хусусан камбағалон, хабарро дар бораи «Подшоҳии Худо» шунида истодаанд. Ва ин хабар барои касоне, ки мехоҳанд тобеи ин Подшоҳӣ шаванд ва баракатҳои онро чашанд, дар ҳақиқат, «хушхабар» аст.

Албатта, гуфтан мумкин нест, ки Шариати Мӯсо иҷро нашудааст, чунки он одамонро сӯйи Масеҳ роҳнамоӣ кард. Лекин минбаъд, риоя кардани он талаб карда намешавад. Масалан, Шариат ба шахс иҷозат медод, ки бо сабабҳои гуногун аз занаш ҷудо шавад. Исо бошад, мефаҳмонад, ки «ҳар касе, ки аз зани худ ҷудо шуда, бо дигаре оиладор шавад, ба ҳамсараш хиёнат мекунад ва ҳар касе, ки бо зани аз шавҳараш ҷудошуда оиладор шавад, ба хиёнати ҳамсарӣ даст мезанад» (Луқо 16:18). Ин суханони Исо, аз афташ, фарисиёнро, ки бофтани  ҳар гуна қонуну қоидаҳоро дӯст медоранд, хеле ба хашм меоранд.

Ҳоло Исо мисолеро нақл мекунад, ки то чӣ андоза калон будани дигаргуниҳои ҳозираро нишон медиҳад. Он дар бораи ду шахсест, ки мавқеъ ва вазъияташон тамоман тағйир меёбад. Ҳангоми дида баромадани ин мисол дар хотир доред, ки баъзе аз шунавандагони Исо фарисиёни пулпарасте мебошанд, ки одамон онҳоро болобардор мекунанд.

Исо мегӯяд: «Як шахси бое буд. Ӯ либосҳои бунафшранг ва катон мепӯшиду кайфу сафо карда рӯз мегузаронд. Ба назди дарвозаи ин шахс Лаъзор ном гадоеро оварда мемонданд, ки баданаш пур аз захм буд, ва ӯ орзу дошт, ки бо он чӣ аз дастархони марди сарватдор меафтад, шиками худро сер кунад. Ва ҳатто сагон омада, захмҳои ӯро мелесиданд» (Луқо 16:19–21, эзоҳ).

Фарисиён пулро дӯст медоранд, аз ин рӯ равшан аст, ки дар ин мисол марди бой фарисиёнро тасвир мекунад. Мисли он марди бой ин сарварони дин низ пӯшидани либосҳои қиматбаҳоро дӯст медоранд. Илова бар ин, ғайр аз молу мулк онҳо ҳамчунин ҳуқуқу имкониятҳое доранд, ки ба мардуми одӣ дастрас нестанд. Либоси бунафшранг ё арғувонии шоҳонае, ки марди бой дар бар дорад, ба мавқею мартабаи фарисиён ишора мекунад, катони сафед бошад, ба он ки онҳо дар назари худ росткоранд (Дониёл 5:7).

Ин сарварони бою мағрур ба мардуми одиву камбағал чӣ тавр муносибат мекунанд? Онҳо ин  одамонро паст зада, «ам ҳаа̀ретс» ё одамони замин (хок) меноманд ва фикр мекунанд, ки онҳо Шариатро намедонанд ва ҳатто сазовори он нестанд, ки аз он таълим гиранд (Юҳанно 7:49). Ин ҳолатро вазъияти «Лаъзор ном гадое» хуб тасвир мекунад. Чи тавре ки Лаъзор ба «он чӣ аз дастархони марди сарватдор меафтад», зор аст, ҳамин тавр мардуми одӣ низ ба дониши андаки Шариат мӯҳтоҷанд. Ва, чи тавре ки аз Лаъзор, ки баданаш пури захм аст, одамон нафрат мекунанд, сарварони дин мардуми одиро рӯҳан касал шумурда, аз онҳо нафрат мекунанд.

Чунин вазъияти аламовар аллакай муддати зиёд вуҷуд дорад. Лекин Исо медонад: ҳоло вақти он расидааст, ки ҳама чиз тағйир ёбад — ҳам ҳолати касоне, ки мисли марди бой мебошанд ва ҳам ҳолати касоне, ки мисли Лаъзоранд.

ДИГАР ШУДАНИ ВАЗЪИЯТИ БОЙ ВА ЛАЪЗОР

Исо нақл мекунад, ки чӣ тавр вазъият дигар мешавад: «Пас аз чанде он марди гадо мурд ва фариштагон ӯро ба паҳлӯи Иброҳим бурданд. Марди бой низ мурд ва гӯронида шуд. Вақте ӯ дар гӯр азоб мекашид, чашмонашро боло карда, аз дур Иброҳимро дид ва Лаъзор низ дар паҳлӯяш буд» (Луқо 16:22, 23).

Шунавандагони Исо медонанд, ки Иброҳим кайҳо мурдааст ва дар гӯр мебошад. Аз Навиштаҳо бошад, маълум аст, ки дар гӯр ҳеҷ кас дидаву гап зада наметавонад (Воиз 9:5, 10). Пас, вақте ин сарварони дин мисоли Исоро мешунаванд, онҳо чӣ фикр мекунанд? Бо ин мисол Исо дар бораи мардуми одӣ ва сарварони дин, ки пулу молро дӯст медоранд, чӣ гуфтанӣ аст?

Исо навакак ба ин дигаргунӣ ишора карда чунин гуфт: «Таврот ва Навиштаҳои пайғамбарон то замони Яҳё эълон карда мешуданд. Аммо аз он вақт инҷониб хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо мавъиза карда мешавад». Дар мисоли Исо тағйир ёфтани ҳаёти Лаъзор ва марди бой ба чӣ ишора мекунад? Он ба вақте ишора менамояд, ки Яҳё ва Исои Масеҳ мавъизаро сар карданд.

Касони фурӯтану камбағал муддати зиёде дар бораи Худо дониши дурусту аниқ намегирифтанд. Лекин, Яҳё-пайғамбар ва баъдтар Исо ба онҳо хабарро дар бораи Подшоҳии Худо нақл карданд. Пештар чунин шахсон маҷбур буданд, ки бо «он чӣ аз дастархон»-и сарварони дин меафтид, қаноат кунанд. Акнун бошад, онҳо аз даҳони Исо ҳақиқатҳои ҳаётбахшро шунида, ба маъное хӯроки серғизо мехӯранд. Гуфтан мумкин аст, ки ҳоло онҳо дар назари Яҳува мақоми баландро ишғол мекунанд.

Баръакси ин, сарварони дин, ки пулу мол ва ҳокимияти калон доранд, хабареро, ки Яҳё эълон мекард ва Исо дар тамоми он сарзамин мавъиза менамуд, қабул накарданд (Матто 3:1, 2; 4:17).  Хабар дар бораи доварии Худо, ки хеле наздик аст, онҳоро ба хашм меораду азоб медиҳад (Матто 3:7–12). Агар Исову шогирдонаш эълон кардани хабари Худоро бас кунанд, ин дарду азоби сарварони пулпарастро сабук мекунад. Онҳо мисли он марди бое мебошанд, ки мегӯяд: «Эй падарам Иброҳим, ба ман раҳм кун ва Лаъзорро фирист, то нӯги ангушташро тар карда, ба забонам об чаконад, зеро ман дар ин оташи сӯзон азоб мекашам» (Луқо 16:24).

Лекин Исову шогирдонаш ҳеҷ гоҳ мавъизаро бас намекунанд. Қисми зиёди сарварони дин бошанд, фикру ақидаи худро дигар намекунанд. «Китобҳои Мӯсо ва Навиштаҳои пайғамбарон» бояд ин сарваронро роҳнамоӣ мекарданд, то Исоро чун Масеҳи Худо ва Подшоҳ қабул кунанд, лекин онҳо ба ин китобҳо гӯш додан нахостанд (Луқо 16:29, 31; Ғалотиён 3:24). Онҳо фурӯтаниро дар бар накарданд ва ба намунаи камбағалоне, ки Исоро қабул карданду розигии Худоро ба даст оварданд, пайравӣ нанамуданд. Шогирдони Исо бо мақсади қонеъ кардани хоҳиши сарварони дин ё сабук гардонидани азоби онҳо ҳақиқатҳои Каломи Худоро бо ҳар гуна урфу одатҳо омехта намекунанд ва онро пинҳон намесозанд. Исо инро бо суханоне, ки Иброҳим ба марди бой мегӯяд, тасвир мекунад:

«Писарам, ба хотир ор, ки ту дар вақти зинда буданат ҳамаи чизҳои хубро соҳиб будӣ, Лаъзор бошад, дар ҳаёти худ танҳо чизи бад дидааст. Акнун ӯ дар ин ҷо тасаллӣ меёбаду ту азоб мекашӣ. Ғайр аз ин, дар миёни мову шумо ҷарии чуқуре мавҷуд аст ва, агар касе аз ин ҷо назди шумо гузаштанӣ шавад, ин корро карда наметавонад, аз он ҷо низ касе назди мо гузашта наметавонад» (Луқо 16:25, 26).

Дар ҳақиқат, ин дигаргунӣ аз рӯйи адлу инсоф аст! Акнун сарварони динии пурғурур бо касони фурӯтане, ки юғи Исоро ба гардан гирифта, дар бораи Худо дониш мегиранд, ҷой иваз мекунанд (Матто 11:28–30). Ин дигаргунӣ якчанд моҳ пас, вақте ҷойи аҳди Шариатро аҳди нав мегирад, боз ҳам равшантар мешавад (Ирмиё 31:31–33; Қӯлассиён 2:14; Ибриён 8:7–13). Вақте иди Ҳафтаҳои соли 33-и милодӣ Худо рӯҳи муқаддасашро фурӯ мерезад, маълум мегардад, ки Худо на аз фарисиён ва дигар сарварони дин, балки аз шогирдони Исо розӣ аст.