Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БОБИ 13

Мо аз васвасаҳои Исо чӣ меомӯзем?

Мо аз васвасаҳои Исо чӣ меомӯзем?

МАТТО 4:1–11 МАРҚӮС 1:12, 13 ЛУҚО 4:1–13

  • ШАЙТОН ИСОРО ВАСВАСА МЕКУНАД

Дарҳол баъд аз он ки Яҳё Исоро таъмид медиҳад, рӯҳи Худо Исоро ба биёбони Яҳудия мебарад. Баъди аз об баромадани Исо «осмон кушода шуд» ва чизҳое, ки ӯ дар осмон омӯхта буду ба амал меовард, ба хотираш омаданд (Матто 3:16). Акнун ӯ бояд дар бораи чизҳои бисёре фикр кунад.

Исо чил шабу чил рӯзро дар биёбон мегузаронад. Ӯ ягон чиз намехӯрад ва сахт гурусна мемонад. Он вақт Иблис пайдо мешавад ва Исоро васваса карда мегӯяд: «Агар писари Худо бошӣ, ба ин сангҳо амр деҳ, ки нон шаванд» (Матто 4:3). Исо медонад, ки барои қонеъ кардани хоҳишҳои худ мӯъҷиза кардан нодуруст аст. Барои ҳамин ӯ васвасаи Шайтонро рад мекунад.

Лекин Шайтон ором нашуда, дигар ҳиларо ба кор мебарад. Ӯ ба Исо мегӯяд, ки худро аз болои девори маъбад ба поён партояд, то фариштагон ӯро наҷот диҳанд. Лекин Исо намехоҳад барои ба ҳайрат овардани дигарон намоиши ғайриодие нишон дода, худро аз боло партояд. Ӯ оятеро аз Навиштаҳо ба хотир оварда, мегӯяд, ки Худоро ин хел озмудан нодуруст аст.

Шайтон бори сеюм Исоро васваса карда, ба ӯ «тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ва бузургии онҳоро» нишон медиҳад ва мегӯяд: «Ҳамаи ин чизҳоро ба ту медиҳам, агар як бор зону зада ба ман саҷда кунӣ». Ин дафъа ҳам Исо ба васваса дода нашуда, мегӯяд: «Аз ман дур шав, эй Шайтон!» (Матто 4:8–10). Исо ба ин васваса дода намешавад, зеро медонад, ки танҳо Яҳува сазовори ибодат аст. Бале, Исо то охир ба Яҳува содиқ мемонад!

Аз ин озмоишҳо ва аз он ки Исо чӣ хел рафтор кард, мо чизи муҳимеро мефаҳмем. Баъзе одамон мегӯянд, ки Иблис танҳо бадие дар даруни ҳар як инсон аст. Лекин озмоишҳои Исо ҳақиқӣ буданд ва ин исботи он аст, ки Иблис шахсияти ноаёну воқеист. Ҳамчунин мо аз ин воқеа мебинем, ки ҳамаи ҳокимиятҳои рӯйи замин зери ҳукмронии Шайтонанд. Агар ин тавр намебуд, ин таклиф барои Исо озмоиш намешуд.

Ба ёд оред: Иблис ба Исо гуфта буд, ки ҳамаи ҳокимиятҳои ҷаҳонро ба ӯ медиҳад, агар танҳо як бор ба вай саҷда кунад. Иблис моро низ бо боигарӣ, мансаб ва дигар чизҳои дилфиреб васваса карда метавонад. Биёед аз Исо ибрат гирем ва дар ҳар васваса ба Худо содиқ монем. Фаромӯш накунед, ки Иблис «то фурсати муносиби дигар» аз Исо дур шуд (Луқо 4:13). Мо ҳам ҳеҷ гоҳ аз ҳамлаҳои Шайтон эмин нестем, барои ҳамин бояд ҳамеша ҳушёр бошем.