Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БОБИ 134

Қабр холист — Исо зинда аст!

Қабр холист — Исо зинда аст!

МАТТО 28:3–15 МАРҚӮС 16:5–8 ЛУҚО 24:4–12 ЮҲАННО 20:2–18

  • ИСО ЗИНДА ШУДААСТ

  • ВОҚЕАИ НАЗДИ ҚАБРИ ИСО

  • Ӯ БА ЗАНОНИ БИСЁРЕ ЗОҲИР МЕШАВАД

Вақте занон мебинанд, ки қабр холист, онҳо ба ҳайрат меоянд! Марями Маҷдалия «ба назди Шимъӯни Петрус ва шогирди дигаре, ки Исо ӯро дӯст медошт [яъне Юҳанно], давида» меравад (Юҳанно 20:2). Дигар занон бошанд, дар он ҷо фариштаеро мебинанд. Дар даруни ғор, ки қабри Исо дар он аст, фариштаи дигаре аст, ки «дар тан либоси дарози сафед» дорад (Марқӯс 16:5).

Яке аз фариштагон ба онҳо мегӯяд: «Натарсед, ман медонам, ки шумо Исоро, ки дар сутун ба қатл расонда буданд, кофта истодаед. Ӯ дар ин ҷо нест, зеро, чи тавре ки ба шумо гуфта буд, ӯ зинда шудааст. Биёед ва он ҷоеро, ки ӯро гузошта буданд, бо чашмони худ бинед. Сипас зудтар рафта, ба шогирдон хабар диҳед, ки ӯ аз мурдагон зинда шуд ва пеш аз онҳо ба Ҷалил меравад» (Матто 28:5–7). Пас, занон «бо тарс ва шодии азиме» аз он ҷо баромада, сӯйи шогирдон медаванд, то ин хабарро ба онҳо расонанд (Матто 28:8).

Марям бошад, ҳамзамон Петрус ва Юҳанноро меёбад ва нафасашро рост накарда бо ҳаяҷон ба онҳо мегӯяд: «Онҳо ҷасади Ҳазратро аз қабр гирифта бурданд ва мо намедонем, ки онро ба куҷо гузоштанд» (Юҳанно 20:2). Петрус ва Юҳанно сӯйи қабр медаванд. Юҳанно тезтар медавад ва якум шуда ба он ҷо мерасад. Ӯ ба даруни қабр назар андохта латтапораҳоро мебинад, лекин ҷуръат намекунад ба дарун дарояд.

Вақте Петрус давида мерасад, ӯ рост ба даруни ғор медарояд. Ӯ дар он ҷо матои катон ва матоеро, ки бо он сари Исоро печонда буданд, мебинад. Юҳанно ҳам ба он ҷо медарояд ва ба гуфтаи Марям бовар мекунад. На Петрус ва на Юҳанно намефаҳманд, ки Исо зинда шудааст (Матто 16:21). Онҳо сархаму саргиҷ ба хона бармегарданд. Марям бошад, бори дигар ба сӯйи қабр меояд ва дар он ҷо меистад.

Ҳамзамон занони дигар мешитобанд, то ба шогирдон хабари зинда шудани Исоро расонанд. Дар аснои роҳ Исо аз пешашон мебарояд ва ба  онҳо салом медиҳад. Занон ба пеши пояш меафтанд ва ба ӯ таъзим мекунанд. Исо бошад, ба онҳо мегӯяд: «Натарсед! Рафта, бародарони маро хабардор созед, то онҳо ба Ҷалил раванд. Маро дар он ҷо хоҳанд дид» (Матто 28:9, 10).

Чанде пеш, вақте заминҷунбӣ ба амал омаду фариштагон дар назди қабр пайдо шуданд, посбонон «аз тарс ба ларза омаданд ва дар ҷояшон шах шуда монданд». Баъди ба худ омадан онҳо ба шаҳр рафта, «тамоми чизҳои рӯйдодаро ба коҳинони калон нақл карданд». Коҳинон бошанд, бо пирони яҳудӣ маслиҳат намуданд ва ба хулосае омаданд, ки ба сарбозон пора диҳанд, то онҳо дар ин бора ба мардум чунин гӯянд: «Шабона, вақте ки мо хоб будем, шогирдонаш омада, ӯро дуздиданд» (Матто 28:4, 11, 13).

Агар сарбози румӣ дар ҷойи кориаш хоб равад, ӯро ба қатл расонда метавонанд. Барои ҳамин коҳинон ба сарбозон ваъда медиҳанд: «Агар ин гап ба гӯши ҳоким расад, ғам нахӯред, чунки мо худамон ҳама чизро ба ӯ мефаҳмонем». Онҳо дар назар доранд, ки агар Пилотус дурӯғ будани ин гапро фаҳмад, онҳоро ҷазо намедиҳад (Матто 28:14). Сарбозон пораро мегиранд ва чи хеле ки коҳинон гуфтанд, амал мекунанд. Ҳамин тавр дар байни яҳудиён овозаи дурӯғе паҳн мешавад, ки гӯё ҷасади Исоро шогирдонаш аз қабр дуздидаанд.

Марям ҳоло ҳам дар назди қабри Исо гиря карда истодааст. Ӯ ба даруни қабр даромада, ду фариштаро мебинад, ки либоси сафед доранд. Онҳо дар ҷойе нишастаанд, ки пеш бадани Исо дар он ҷо хоб буд: яке дар ҷойе, ки сари ӯ буд, дигаре дар ҷойе, ки пойҳояш буданд. Онҳо аз Марям мепурсанд: «Эй зан, чаро гиря мекунӣ?» Марям ҷавоб медиҳад: «Онҳо ҷасади Ҳазрати маро гирифта бурданд ва ман намедонам, ки онро дар куҷо гузоштанд». Пас аз гуфтани ин суханон Марям рӯяшро гардонда, як марди дигареро мебинад. Он мард ҳам аз Марям мепурсад: «Эй зан, чаро гиря мекунӣ? Ту киро мекобӣ?» Марям ӯро боғбон фикр карда мегӯяд: «Тақсир, агар ту ҷасади ӯро бурда бошӣ, ба ман гӯй, ки онро дар куҷо гузоштӣ ва ман онро гирифта мебарам» (Юҳанно 20:13–15).

Ин мард дар асл Исо мебошад, лекин Марям ҳанӯз ӯро нашинохтааст! Аммо, вақте Исо «Марям!» гуфта муроҷиат мекунад, ӯ даррав устодашро мешиносад. Марям хитоб карда мегӯяд: «Раббунӣ!» (ки маънояш «Устод» аст). Аз тарси он ки Исо ба осмон меравад, Марям ӯро сахт медорад. Исо бошад, ба ӯ мегӯяд: «Маро сар деҳ, зеро ман ҳанӯз назди Падар боло нарафтаам. Назди бародаронам рафта, ба онҳо гӯй, ки ман назди Падари худ ва Падари шумо, назди Худои худ ва Худои шумо боло рафта истодаам» (Юҳанно 20:16, 17).

Марям давида назди расулон ва дигар шогирдон меояд ва ба онҳо хабар медиҳад: «Ман Ҳазратро дидам!» (Юҳанно 20:18). Шогирдон ин хабарро ҳам аз даҳони Марям ва ҳам аз даҳони дигар занон шуниданд. Лекин онҳо ба гапи занон бовар намекунанд, чунки «ин суханон ба назарашон аз ақл берун» менамояд (Луқо 24:11).