Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БОБИ 112

Мисол дар бораи даҳ духтар

Мисол дар бораи даҳ духтар

МАТТО 25:1–13

  • ИСО ДАР БОРАИ ДАҲ ДУХТАР МИСОЛ МЕОРАД

Расулон навакак аз Исо пурсиданд, ки аломати ҳузури ӯ ва охирзамон чӣ мешавад. Исо ба саволи онҳо ҷавоб медиҳад ва акнун мисоли дигаре оварда ба онҳо насиҳати оқилонае медиҳад. Касоне, ки дар вақти ҳузури Масеҳ зиндагӣ мекунанд, чизи ба ин монандро бо чашми худ мебинанд.

Исо мисолро ин тавр сар мекунад: «Подшоҳии осмонро ба даҳ духтаре монанд кардан мумкин аст, ки чароғҳои худро гирифта, ба пешвози домод баромаданд. Панҷ нафари онҳо бехирад ва панҷ нафари дигарашон бохирад буданд» (Матто 25:1, 2).

Исо гуфтанӣ нест, ки нисфи шогирдони ӯ, ки дар Подшоҳии осмон ҳукмронӣ мекунанд, бехираданду нисфи дигарашон бохирад. Исо нишон додан мехоҳад, ки бедору ҳушёр мондан ё ҳушёриро аз даст додан дар ихтиёри худи пайравони ӯст. Албатта, Исо дилпур аст, ки ҳар як шогирди ӯ метавонад то охир содиқ монад ва соҳиби баракатҳо шавад.

Исо мегӯяд, ки ҳамаи духтарон мебароянд, то домодро пешвоз гиранд ва ҳамроҳаш ба базми тӯёна дароянд. Одатан домод арӯсро гирифта, ӯро ба хонае, ки барояш тайёр кардааст, меорад. Вақте арӯсу домод меоянд, духтарон бо чароғҳояшон роҳро равшан карда ба домод иззату эҳтиром нишон медиҳанд. Лекин дар мисоли Исо вазъият ранги дигар мегирад.

 Исо мефаҳмонад: «Панҷ духтаре, ки бехирад буданд, чароғ гирифтанду лекин бо худ равған нагирифтанд, бохирадон бошанд, ҳам чароғ гирифтанду ҳам равғани иловагӣ. Аз сабаби он ки домод дер мекард, ғанаби ҳамаи духтарон бурд ва онҳо хоб рафтанд» (Матто 25:3–5). Мувофиқи суханони Исо домод дер меояд ва аз интизории дурудароз хоби духтарон мебарад. Инро шунида расулон, шояд, мисоли Исоро дар бораи «марде аз хонадони шоҳ» ба хотир меоранд. Ӯ гуфта буд, ки он мард ба кишвари дурдасте рафт ва дар он ҷо подшоҳ таъйин шуда, «ниҳоят ба хона баргашт» (Луқо 19:11–15).

Исо суханашро давом дода мегӯяд, ки баъд чӣ мешавад: «Нисфи шаб овози баланде шунида шуд: “Домод омада истодааст, ӯро пешвоз гиред!”» (Матто 25:6). Оё духтарон ба омадани домод тайёранд?

Исо мегӯяд: «Он гоҳ ҳамаи духтарон аз хоб бедор шуда, чароғҳои худро тайёр карданд. Духтарони бехирад ба бохирадон гуфтанд: “Аз равғани худ каме ба мо ҳам диҳед, чунки чароғҳои мо хомӯш шуда истодаанд”. Духтарони бохирад дар ҷавоб гуфтанд: “Агар мо равғани худро ба шумо диҳем, мумкин аст ки, равған ба худамон нарасад, беҳтараш назди фурӯшандагон рафта, аз онҳо барои худ равған харед”» (Матто 25:7–9).

Панҷ духтар ба омадани домод тайёр нестанд. Онҳо бо худ равғани кофӣ надоранд ва акнун ба кофтукови он мераванд. Исо мегӯяд: «Вақте ки онҳо барои харидани равған рафтанд, домод омад. Духтароне, ки тайёр буданд, ҳамроҳи ӯ ба базми тӯёна даромаданд ва баъд аз ин дарҳоро маҳкам карданд. Баъдтар духтарони дигар низ омада, гуфтанд: “Тақсир, тақсир, дарро ба мо кушо!” Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: “Ба ростӣ мегӯям, ки ман шуморо намешиносам”» (Матто 25:10–12). Чи хеле мебинем, оқибати касоне, ки ҳушёриро аз даст медиҳанд ва тайёр нестанд, ғамангез аст.

Расулон мефаҳманд, ки Исо «домод» гуфта, худашро дар назар дорад. Чанде пеш ҳам Исо мисоле оварда худро ба домод монанд карда буд (Луқо 5:34, 35). Лекин «духтарони бохирад» кистанд? Боре, вақте Исо дар бораи «рамаи хурд», ки дар Подшоҳии осмон ҳукмронӣ мекунанд, гап зада буд, ӯ чунин гуфт: «Миёни худро баста, чароғҳоятонро фурӯзон нигоҳ доред» (Луқо 12:32, 35). Барои ҳамин, вақте Исо дар бораи духтарон гап зад, расулон, аз афташ, фаҳмиданд, ки ӯ ба онҳо ва ҳамчунин дигар аъзоёни «рамаи хурд» ишора карда истодааст. Пас, мақсади Исо аз ин мисол дар чист?

Дар охири ин мисол Исо мегӯяд: «Бедор бошед, зеро он рӯз ва соатро намедонед» (Матто 25:13).

Исо пайравони вафодори худро бармеангезад, ки дар вақти ҳузури ӯ бедор бошанд. Вақте Исо меояд, пайравонаш бояд мисли духтарони бохирад ҳушёриро нигоҳ доранд ва тайёр бошанд. Онҳо бояд умеди олиҷанобашонро ҳама вақт дар мадди назар доранд, то аз мукофоти худ маҳрум нашаванд.