Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БОБИ 101

Меҳмонӣ дар хонаи Шимъӯн

Меҳмонӣ дар хонаи Шимъӯн

МАТТО 26:6–13 МАРҚӮС 14:3–9 ЮҲАННО 11:55–12:11

  • ИСО БА БАЙТ-ҲИНӢ БАРМЕГАРДАД

  • МАРЯМ РАВҒАНИ АТРАФШОНРО БА САРУ ПОЙИ ИСО МЕРЕЗАД

Исо аз Ериҳӯ баромада, сӯйи Байт-Ҳинӣ равона мешавад. Ериҳӯ аз сатҳи баҳр 250 метр пасттар, Байт-Ҳинӣ бошад, тахминан 600 метр аз сатҳи баҳр баландтар ҷойгир аст. Барои ҳамин барои аз Ериҳӯ ба Байт-Ҳинӣ расидан бо роҳи душворгузаре, ки қариб 20 километр тӯл мекашад, боло баромадан лозим аст. Байт-Ҳинӣ дар доманаи шарқии кӯҳи Зайтун, дар масофаи тахминан 3 километр аз Ерусалим дур, ҷойгир аст. Дар ин қишлоқча Лаъзор ҳамроҳи ду хоҳараш зиндагӣ мекунад.

Бисёри яҳудиён аллакай барои ҷашн гирифтани иди Раҳоӣ ба Ерусалим рафтаанд. Онҳо «барои ба ҷо овардани маросими покшавӣ» барвақттар омадаанд, то ки агар ба ҷасаде расида бошанд ва ё ба таври дигар нопок шуда бошанд, пок шаванд (Юҳанно 11:55; Ададҳо 9:6–10). Баъзе аз онҳое, ки барвақт омадаанд, дар маъбад ҷамъ мешаванд. Онҳо мехоҳанд донанд, ки оё Исо ба иди Раҳоӣ меомада бошад ё не (Юҳанно 11:56).

Мардум оиди омадани Исо баҳсу мунозира мекунанд. Баъзе роҳбарони дин мехоҳанд Исоро дастгир карда, кушанд. Онҳо ҳатто ба одамон гуфтанд, ки агар касе дар куҷо будани Исоро фаҳмад, зуд ба онҳо хабар диҳад (Юҳанно 11:57). Аз ин пеш ҳам, вақте Исо Лаъзорро зинда карда буд, ин роҳбарони дин қасд карданд, ки Исоро кушанд (Юҳанно 11:49–53). Барои ҳамин баъзеҳо фикр мекунанд, ки Исо ба ид намеояд.

Исо рӯзи ҷумъа, «шаш рӯз пеш аз Иди раҳоӣ», ба Байт-Ҳинӣ меояд (Юҳанно 12:1). Мувофиқи тақвими яҳудиён рӯзи нав бегоҳ сар мешавад ва рӯзи шанбеи яҳудиён (8 нисон) рӯзи ҷумъа баъд аз ғуруби офтоб сар мешавад ва то бегоҳи рӯзи шанбе, то ғуруби навбатӣ, давом мекунад. Барои ҳамин гуфтан мумкин аст, ки Исо то ғуруби рӯзи ҷумъа сафарашро ба охир расонд, чунки барои яҳудиён дар рӯзи шанбе сафар кардан норавост. Исо, аз афташ, чун ҳарвақта ба хонаи Лаъзор меравад.

Шимъӯн ном марде дар Байт-Ҳинӣ Исо ва ҳамроҳонаш, аз ҷумла Лаъзорро, бегоҳи рӯзи шанбе ба меҳмонӣ таклиф мекунад. Дар Китоби Муқаддас Шимъӯн махавӣ номида шудааст. Аз афташ, ӯ пеш махавӣ буду Исо ӯро сиҳат карда буд. Исову ҳамроҳонаш ба хонаи Шимъӯн меоянд. Дар байни онҳо Мартову Марям низ ҳузур доранд. Марто, ки духтари боғайрат аст, ба меҳмонон хизмат мекунад. Таваҷҷӯҳи Марям бошад, ба Исо банд аст ва ӯ коре мекунад, ки боиси баҳсу мунозира мешавад.

Марям кӯзачаи сангинеро мекушояд, ки он «тахминан сесад грамм равғани тозаи хушбӯй ва қиматбаҳо»-е дорад, ки аз нардсунбул тайёр шудааст (Юҳанно 12:3). Нархи ин равғани пурқимат 300 динор аст, ки он ба музди яксолаи коргари одӣ баробар аст! Марям ба сару пойи Исо равғанро рехта, пойҳои ӯро бо мӯяш хушк мекунад. Бӯйи форами равғани атрафшон хонаро пур мекунад.

 Ин кор ба шогирдон маъқул намешавад. Онҳо мегӯянд: «Ин равғани хушбӯйро исроф кардан чӣ даркор буд?» (Марқӯс 14:4). Яҳудои Исқарют мегӯяд: «Магар беҳтар набуд, ки ин равғани хушбӯйро ба сесад динор фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кунем?» (Юҳанно 12:5). Лекин дили Яҳудо дар асл ба камбағалон неву ба пул месӯзад, чунки ӯ аз қуттичае, ки шогирдон дар он пулашонро нигоҳ медоранд, медуздад.

Исо Марямро тарафгирӣ карда мегӯяд: «Барои чӣ ин занро хиҷил мекунед? Вай барои ман кори нек кард. Зеро камбағалон ҳама вақт бо шумо хоҳанд буд, лекин ман на ҳама вақт бо шумо ҳастам. Ин зан ба баданам равғани хушбӯйро молида маро барои гӯронидан тайёр кард. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар ҳар гӯшаву канори дунё, ки ин хушхабар эълон карда мешавад, кори кардаи ин зан низ барои ёдоварии вай нақл карда хоҳад шуд» (Матто 26:10–13).

Исо зиёда аз як рӯз дар Байт-Ҳинӣ мебошад ва ин овоза дар ҳама ҷо паҳн мешавад. Яҳудиёни бисёр барои дидани Исо меоянд. Ғайр аз ин, онҳо мехоҳанд Лаъзорро, ки Исо аз мурдагон зинда кардааст, бо чашмони худ бинанд (Юҳанно 12:9). Коҳинони калон акнун забон як мекунанд, ки ҳам Исо ва ҳам Лаъзорро кушанд. Онҳо фикр мекунанд, ки мардум Лаъзорро, ки мурда буд, зинда дида, ба Исо имон меоранд. Чӣ хел дилсиёҳу бадниятанд ин роҳбарони дин!