Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт

Аз ин китоб мо бо саргузашти ҳазрати Исо шинос мешавем.

ПЕШГУФТОР

Роҳ, ростӣ ва ҳаёт

Таълим ва корҳои Исо метавонанд ҳаёти шуморо дигаргун созанд.

БОБИ 1

Ду хабар аз тарафи Худо

Ҷабраили фаришта чӣ гуна хабарҳо меорад?

БОБИ 2

Ба Исо пеш аз таваллудаш иззату эҳтиром нишон дода мешавад

Чӣ тавр Элисобаъ ва кӯдаки шикамаш ба Исои таваллуднашуда эҳтиром нишон медиҳанд?

БОБИ 3

Касе таваллуд мешавад, ки роҳро тайёр мекунад

Закарё ба таври мӯъҷизавӣ гӯё шуда, пешгӯйии муҳиме мегӯяд.

БОБИ 4

Марям оиладор нашуда ҳомила аст

Оё Юсуф бовар мекунад, ки Марям аз ягон мард нею ба воситаи рӯҳи муқаддас ҳомиладор шудааст?

БОБИ 5

Исо кай ва дар куҷо таваллуд мешавад?

Чаро гуфтан мумкин аст, ки Исо дар зимистон таваллуд нашудааст?

БОБИ 6

Кӯдаки ваъдашуда

Вақте ки Юсуфу Марям Исои навзодро ба маъбад меоранд, пирамарду пиразани исроилӣ дар бораи ояндаи ӯ пешгӯйӣ мекунанд.

БОБИ 7

Ба назди Исо ситорашиносон меоянд

Чаро ситорае, ки ситорашиносон дар Шарқ дида буданд, онҳоро аввал ба назди Исо нею сӯйи шоҳ Ҳиродус бурд?

БОБИ 8

Халосӣ аз шоҳи золим

Кадом се пешгӯйии Китоби Муқаддас дар давраи кӯдакии Исо иҷро мешаванд?

БОБИ 9

Ҳаёти Исо дар Носира

Исо чанд бародару хоҳар дошт?

БОБИ 10

Исо бо аҳли оилааш ба Ерусалим сафар мекунад

Юсуфу Марям хавотир шуда Исоро мекобанд, ӯ бошад, ҳайрон аст, ки чаро онҳо зуд нафаҳмиданд, ки ӯ дар куҷост.

БОБИ 11

Яҳёи Таъмиддиҳанда роҳро тайёр мекунад

Вақте баъзе фарисиёну саддуқиён назди ӯ меоянд, Яҳё онҳоро маҳкум мекунад. Барои чӣ ӯ ин хел мекунад?

БОБИ 12

Таъмид гирифтани Исо

Чаро, Исо, ки бегуноҳ аст, мехоҳад таъмид бигирад?

БОБИ 13

Мо аз васвасаҳои Исо чӣ меомӯзем?

Аз озмоишҳои Исо мо дар бораи Шайтон ду чизи муҳимро мефаҳмем.

БОБИ 14

Шогирдони аввалини Исо

Чӣ ба шаш шогирди аввалини Исо боварӣ бахшид, ки Исо Масеҳи ваъдашуда аст?

БОБИ 15

Мӯъҷизаи аввалини Исо

Исо ба модараш мефаҳмонад, ки акнун ба ӯ модараш неву Падари осмониаш бояд дастурот диҳад.

БОБИ 16

Рашки Исо ба ибодати пок

Шариати Худо ба одамон иҷозат медод, ки онҳо дар Ерусалим барои қурбонӣ овардан барои худ ҳайвонот харанд. Пас, барои чӣ вақте Исо ба маъбад даромада, савдогаронро мебинад, ба ғазаб меояд?

БОБИ 17

Исо шабона Ниқӯдимусро таълим медиҳад

«Дубора таваллуд» шудан чӣ маъно дорад?

БОБИ 18

Исо бузург мешаваду Яҳё — хурд

Шогирдони Яҳё ҳасад мебаранд, Яҳё бошад не.

БОБИ 19

Исо зани сомариро таълим медиҳад

Исо ба вай чизеро мегӯяд, ки пештар ба касе нагуфта буд.

БОБИ 20

Мӯъҷизаи дуюми Исо дар Қоно

Аз масофаи тахминан 25 км кӯдакро шифо медиҳад.

БОБИ 21

Дар ибодатгоҳи Носира

Исо чӣ кор мекунад, ки мардуми Носира ӯро куштан мехоҳанд?

БОБИ 22

Чор шогирди Исо сайёди одамон мешаванд

Ӯ онҳоро даъват менамояд, ки як намуди моҳиқапиро ба дигараш иваз намоянд.

БОБИ 23

Исо дар Кафарнаҳум корҳои бузург мекунад

Вақте Исо девҳоро аз одамон берун мекард, ба онҳо иҷозат намедод, ки ба одамон гӯянд, ки ӯ писари Худо аст. Чаро?

БОБИ 24

Хизмати Исо дар Ҷалил пешрафт мекунад

Мардум ба назди Исо барои шифо ёфтан меоянд, вале Исо ба онҳо мефаҳмонад, ки ӯ нафақат бо ин мақсад ба замин омадааст.

БОБИ 25

Исо раҳм карда махавиро шифо медиҳад

Аз суханони одиву таъсирбахши Исо ғамхории ӯ нисбати шахсоне, ки ӯ шифо медиҳад, маълум мегардад.

БОБИ 26

«Гуноҳҳоят бахшида шуданд»

Чӣ тавр Исо алоқамандии байни беморӣ ва гуноҳро нишон дод?

БОБИ 27

Исо Матторо даъват мекунад

Чаро Исо бо гунаҳкорон хӯрок мехӯрад?

БОБИ 28

Барои чӣ шогирдони Исо рӯза намедоранд?

Исо машкро мисол оварда, ба савол ҷавоб медиҳад.

БОБИ 29

Оё рӯзи шанбе кори хуб кардан равост?

Чаро яҳудиён Исоро барои шифо додани марде ки 38 сол боз бемор аст, таъқиб мекунанд?

БОБИ 30

Исо писари Худост

Яҳудиён фикр мекунанд, ки Исо худро ба Худо баробар кардан мехоҳад, лекин ӯ мефаҳмонад, ки Худо аз ӯ боло аст.

БОБИ 31

Оё дар рӯзи шанбе хӯшачинӣ равост?

Чаро Исо худро «Хӯҷаини рӯзи шанбе» меномад?

БОБИ 32

Дар рӯзи шанбе чӣ равосту чӣ — не?

Саддуқиён ва фарисиён, ки ба ҳам зидданд, барои куштани Исо муттаҳид мешаванд.

БОБИ 33

Пешгӯйии пайғамбар Ишаъё иҷро мешавад

Барои чӣ Исо ба одамони шифо додааш мегӯяд, ки ба дигарон кӣ будан ва чӣ кор карданашро нақл накунанд?

БОБИ 34

Исо дувоздаҳ расулро интихоб мекунад

Расул аз шогирд чӣ фарқ дорад?

БОБИ 35

Мавъизаи болои кӯҳ

Мо аз чизе, ки Исо дар кӯҳи Зайтун таълим дод, чӣ фоида гирифта метавонем?

БОБИ 36

Мирисад имони қавӣ нишон медиҳад

Мирисад, чӣ коре мекунад, ки Исоро ба ҳайрат меорад?

БОБИ 37

Исо писари бевазанеро зинда мекунад

Онҳое ки шоҳиди ин мӯъҷиза буданд, маънои аслии онро фаҳмиданд.

БОБИ 38

Саволи Яҳё ба Исо

Чаро Яҳё мепурсад, ки Исо Масеҳ аст? Оё ӯ шубҳа дорад?

БОБИ 39

Вой бар ҳоли насли саркаш!

Исо мегӯяд, ки шаҳри Садӯм назар ба Кафарнаҳум, шаҳре ки ӯ бисёр вақт дар он ҷо қарор мегирифт, дар рӯзи Доварӣ бештар истодагарӣ карда метавонад. Ӯ чиро дар назар дошт?

БОБИ 40

Бахшидан муҳим аст

Вақте ки Исо ба зане ки шояд бероҳа буд, гуноҳҳоят бахшида шуданд гуфт, оё ӯ дар назар дошт, ки қонуни Худоро вайрон кардан мумкин аст?

БОБИ 41

Исо бо қудрати кӣ мӯъҷиза мекунад?

Бародарони Исо фикр мекунанд, ки ӯ девона шудааст.

БОБИ 42

Исо фарисиёнро сарзаниш мекунад

«Аломати Юнус-пайғамбар» чист?

БОБИ 43

Мисолҳо дар бораи Подшоҳии Худо

Бо ёрии ҳашт мисол Исо ҷонибҳои гуногуни Подшоҳии осмонро мефаҳмонад.

БОБИ 44

Исо тӯфонро хомӯш мекунад

Вақте Исо бод ва мавҷҳои баҳрро ором мекунад, ӯ дар бораи он ки ҳаёти одамон дар вақти ҳукмрониаш чӣ хел мешавад дарси муҳиме меомӯзонад.

БОБИ 45

Исо бар девҳо қудрат дорад

Оё мумкин аст, ки одам аз якто зиёд дев дошта бошад?

БОБИ 46

Зане ба либоси Исо даст мерасонад ва шифо меёбад

Аз ин воқеаи таъсирбахш, қудрати шифо бахшидан ва ҳамдард будани Исоро дидан мумкин аст.

БОБИ 47

Исо духтаракеро зинда мекунад

Вақте Исо мегӯяд, ки духтари Ёир хоб аст, одамон ба ин гапи ӯ механданд. Ӯ чӣ чизеро медонад, ки дигарон намедонанд?

БОБИ 48

Исоро дубора дар Носира рад мекунанд

Сокинони Носира Исоро чун фиристодаи Худо қабул намекунанд, лекин сабаб дар таълимоту мӯъҷизаҳояш нест.

БОБИ 49

Мавъиза дар Ҷалил ва таълим додани расулон

Дар зери суханони «Подшоҳии осмон наздик шудааст» чиро фаҳмидан мумкин аст?

БОБИ 50

Шогирдони Исо бояд далерона мавъиза кунанд

Чаро Исо нигоҳ накарда ба он ки расулонаш аз марг наметарсиданд гуфт ки, вақте шуморо таъқиб кунанд гурезед?

БОБИ 51

Куштор дар рӯзи зодрӯз

Рақси Саломия чунон ба шоҳ Ҳиродус маъқул мешавад, ки ӯ мегӯяд, ки чизе ки духтарандараш аз вай напурсад иҷро мекунад. Хоҳиши духтар чизе буд, ки дар гӯшаи хаёли касе намеомад. Ӯ чӣ пурсид?

БОБИ 52

Исо ҳазорон нафарро бо якчанд нону моҳӣ сер мекунад

Мӯъҷизаҳои Исо хеле пурмаъноянд, барои ҳамин дар ҳар чор китоби Инҷил дар бораи онҳо навишта шудааст.

БОБИ 53

Исо қувваҳои табиатро идора мекунад

Вақте Исо рӯйи об роҳ меравад ва шамоли сахтро ором мекунад, расулон аз ин воқеа чӣ дарси муҳиме мегиранд?

БОБИ 54

Исо «нони ҳаёт» аст

Барои чӣ Исо одамонеро ки кӯшиши зиёд намуда ба наздаш омадаанд, сарзаниш мекунад?

БОБИ 55

Бисёриҳо аз суханони Исо ба ғазаб меоянд

Исо чизеро ба шогирдонаш таълим медиҳад, ки баъд аз шунидани он бисёриҳо ӯро тарк мекунанд.

БОБИ 56

Чӣ одамро нопок мегардонад?

Чизе ки ба даҳон медарояд ё он чизе аз он мебарояд?

БОБИ 57

Исо духтари девдор ва марди карро шифо мебахшад

Чаро вақте Исо зан ва халқи ӯро ба сагчаҳо монанд кард, ӯ аз ин хафа нашуд?

БОБИ 58

Нону хамиртуруш

Ниҳоят, шогирдон фаҳмиданд, ки Исо «хамиртуруш» гуфта, чиро дар назар дорад.

БОБИ 59

Писари одам кист?

Калидҳои Подшоҳӣ чист? Кӣ онҳоро истифода мебарад ва чӣ тавр?

БОБИ 60

Дигаргун шудани Исо

Дигаргуншавӣ чиро дар бар мегирифт? Ва он чӣ маъно дошт?

БОБИ 61

Исо писаракеро, ки дев дошт, шифо медиҳад

Исо мегӯяд, ки писаракро аз сабаби нарасидани имон шифо дода натавонистанд. Имони ки сустӣ кард? Писарак, падараш ё шогирдони Исо?

БОБИ 62

Фурӯтанӣ муҳим аст

Одамони калон чизи муҳимеро аз кӯдаки хурд ёд мегиранд.

БОБИ 63

Исо ба шогирдонаш боз маслиҳатҳои муҳим медиҳад

Барои ҳал кардани душвориҳои ҷиддӣ кадом се қадамро гузоштан лозим аст?

БОБИ 64

Барои чӣ бахшидан муҳим аст?

Исо дар бораи ғуломи бераҳме нақл карда, нишон медиҳад, ки Худо ба дигаронро бахшида тавонистани мо чӣ гуна назар мекунад.

БОБИ 65

Исо дар роҳ таълим медиҳад

Дар се сӯҳбати кӯтоҳ Исо дар бораи баҳонаҳое гап мезанад, ки ба шахс барои пайрави ӯ шудан, халал мерасонад.

БОБИ 66

Исо ба иди Хаймаҳо меояд

Чаро шунавандагон фикр мекунанд, ки Исо дев дорад?

БОБИ 67

«Касе ҳаргиз монанди ӯ сухан нагуфтааст»

Шӯрои олии яҳудиён ба зидди Исо мебароянд, вале як нафар аз байнашон ҷуръат карда ӯро тарафгирӣ мекунад.

БОБИ 68

Писари Худо «нури ҷаҳон» аст

Исо гуфта буд, ки «ростӣ шуморо озод хоҳад кард». Аз чӣ?

БОБИ 69

Падари онҳо Иброҳим аст ё Шайтон?

Исо бо шунавандагонаш оиди он гап мезанад, ки фарзандони Иброҳимро чӣ тавр шинохтан мумкин ва инчунин дар бораи он ки Падари ӯ кист.

БОБИ 70

Исо кӯри модарзодро шифо медиҳад

Шогирдон мепурсанд, ки барои чӣ мард кӯр ба дунё омад? Оё ӯ гуноҳе карда буд? Ё волидонаш гуноҳе карданд? Вақте Исо мардро шифо медиҳад, аз ин баъзеҳо хурсанд мешаванду баъзеҳо ба қаҳр меоянд.

БОБИ 71

Фарисиён марди шифоёфтаро саволборон мекунанд

Ҷавоби бомантиқи марди шифоёфта фарисиёнро ба хашм меорад. Ва коре мешавад, ки волидонаш сахт аз он хавотир буданд, ӯро аз ибодатгоҳ меронанд.

БОБИ 72

Исо 70 шогирдашро ба мавъиза мефиристад

Исо ба Яҳудо меояд. Ӯ 70 нафарро ба мавъиза фиристода ба онҳо амр медиҳад, ки дар бораи Подшоҳии Худо ба одамон нақл кунанд. Шогирдон дар куҷоҳо мавъиза мекунанд? Дар ибодатгоҳҳо ё хона ба хона?

БОБИ 73

Сомарии некдил

Мисоли сомарии некдилро истифода бурда, Исо оиди дӯст доштани дигарон дарси муҳиме медиҳад.

БОБИ 74

Дарси муҳим дар бораи меҳмоннавозӣ ва дуо

Исо ба хабаргирии Марям ва Марто меравад. Ӯ ба онҳо оиди меҳмоннавозӣ дарси муҳиме медиҳад. Каме баъдтар ӯ ба шогирдонаш оиди дуогӯӣ чиро таълим медиҳад?

БОБИ 75

Хушбахтии ҳақиқӣ чист?

Исо ба айбдоркунандагонаш дар бораи қувваи «ангушти Худо» ва омадани Подшоҳии Худо гап зада ба саволҳояшон ҷавоб медиҳад. Ӯ ҳамчунин оиди чӣ тавр ёфтани хушбахтии ҳақиқӣ гап мезанад.

БОБИ 76

Исо бо фарисӣ хӯрок мехӯрад

Исо дурӯягии диннии фарисиён ва шариатдононро ошкор менамояд. Бори одамонро вазнин мекунанд гуфта, ӯ чиро дар назар дошт?

БОБИ 77

Исо дар бораи боигарӣ маслиҳат медиҳад

Исо дар бораи марди бое гап мезанад, ки анборҳои калон сохт. Ӯ бори дигар шунавандагонашро огоҳ мекунад, ки ба доми чизпарастӣ наафтанд.

БОБИ 78

Ғуломи боваринок бояд тайёр бошад

Исо мехоҳад, ки пайравонаш бо Худо муносибати наздик дошта бошанд. Чӣ тавр идоракунандае, ки Исо дар борааш мегӯяд, дар ин кор ба онҳо ёрӣ дода метавонад? Чаро муҳим аст, ки шогирдони Исо ҳушёру тайёр бошанд?

БОБИ 79

Кӣ несту нобуд мешавад?

Исо шунавандагонашро огоҳ кард, ки агар тавба накунанд несту нобуд мешаванд. Оё онҳо ба огоҳии Исо гӯш медиҳанд ва дар бораи беҳтар кардани муносибаташон бо Худо фикр мекунанд?

БОБИ 80

Чӯпони нек ва қӯраи гӯсфандон

Мисоли чӯпон ва гӯсфандон муносибати Исоро ба шогирдонаш нишон медиҳад. Оё онҳо таълимоти ӯро қабул карда аз пасаш равона мешаванд?

БОБИ 81

Ба кадом маъно Исо ва Падар яканд?

Баъзеҳо Исоро дар он айбдор мекунанд, ки гӯё ӯ худро ба Худо баробар медонад. Чӣ тавр ӯ беасос будани айбдоркуниҳои онҳоро нишон медиҳад?

БОБИ 82

Хизмати Исо дар Перея

Исо ба шунавандагонаш мефаҳмонад, ки барои наҷот ёфтан чӣ кор кардан лозим. Маслиҳатҳои ӯ дар замоне ки дода буд, муҳим буданд. Имрӯз чӣ?

БОБИ 83

Таклиф ба меҳмонӣ

Дар меҳмонии фарисӣ Исо ба ҳозирон мисоли зиёфати калонро нақл мекунад. Аз суханони ӯ ҳама хизматгорони Худо дарс гирифта метавонанд. Кадом дарсро?

БОБИ 84

Шогирди Исо будан чӣ маъно дорад?

Шогирди Исо будан масъулияти ҷиддӣ мебошад. Исо мефаҳмонад, ки ин чиро дар бар мегирад. Суханони Исоро шунида баъзе касоне ки ӯро пайравӣ кардан мехостанд, ҳайрон мешаванд.

БОБИ 85

Шодиву хурсандӣ барои гунаҳкори тавбакарда

Шариатдонон ва фарисиён Исоро барои бо одамони одӣ вақт гузарондан ҳукм менамоянд. Дар ҷавоб, Исо ба онҳо дар бораи муносибати Худо ба шахсони гунаҳкор гап мезанад.

БОБИ 86

Мисол дар бораи писари гумшуда

Аз мисол оиди писари саркаш мо чӣ дарс гирифта метавонем?

БОБИ 87

Мо бояд дурандеш ва зирак бошем

Исо дар бораи идоракунандаи беинсофе, ки дар кори худ ҳушёру зирак аст нақл карда ба шунавандагонаш дарси муҳимеро таълим медиҳад.

БОБИ 88

Марди бой ва Лаъзор

Барои ба мисоли Исо сарфаҳм рафтан фаҳмидан лозим аст, ки ду касеро ки ӯ дар мисолаш овард, кистанд.

БОБИ 89

Исо дар роҳ ба Яҳудия таълим медиҳад

Исо дар бораи хислате гап мезанад, ки барои бахшидани касоне, ки моро гаштаву баргашта хафа мекунанд, ёрӣ медиҳад.

БОБИ 90

Исо «эҳёшавӣ ва ҳаёт» аст

Вақте Исо гуфт, ки шахсе ки ба ӯ имон меорад, «ҳаргиз намемирад» ӯ чиро дар назар дошт?

БОБИ 91

Лаъзор зинда мешавад

Барои чӣ ҳатто душманони Исо маҷбур мешаванд, ки ин мӯъҷизаро тан гиранд?

БОБИ 92

Фақат як махавӣ миннатдорӣ баён мекунад

Марде ки шифо меёбад, ба ғайр аз Исо боз ба як шахси дигар миннатдорӣ баён мекунад. Ба кӣ?

БОБИ 93

Писари одам ошкор мешавад

Ба кадом маъно ҳузури Масеҳ дар оянда мисли дурахши барқ хоҳад буд?

БОБИ 94

Дуо ва фурӯтанӣ муҳиманд

Мисоли довари беинсоф ва бевазанро оварда, Исо муҳим будани як хислатро қайд мекунад.

БОБИ 95

Исо дар бораи талоқ таълим медиҳад

Чаро муносибати Исо ба кӯдакон аз шогирдонаш фарқ мекунад?

БОБИ 96

Сӯҳбати Исо бо ҷавони ҳокимиятдор ва бой

Чаро Исо мегӯяд, ки аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст, назар ба он ки одами бой ба Подшоҳии Худо дарояд?

БОБИ 97

Мисол дар бораи мардикорони токзор

Чӣ тавр онҳое, ки аввалинанд, охирин мешаванд ва онҳое, ки охиринанд, аввалин мешаванд?

БОБИ 98

Расулон боз мансабталошӣ мекунанд

Яъқуб ва Юҳанно мехоҳанд, ки дар Подшоҳии осмон ҷои махсусро ишғол кунанд. Вале на танҳо онҳо ин гуна хоҳиш доранд.

БОБИ 99

Исо ду кӯрро шифо мебахшад ва ба Заккай ёрӣ медиҳад

Барои чӣ гуфтани он ки Исо кӯрро дар наздикиҳои шаҳри Ериҳӯ бино кард, нодуруст нест?

БОБИ 100

Мисол дар бораи ҳазор тангаи нуқра

Чаро Исо гуфт, ки «ҳар касе дорад, ба вай боз ҳам бештар дода мешавад, вале ҳар касе надорад, аз ӯ ҳатто он чизе, ки дорад, гирифта мешавад»?

БОБИ 101

Меҳмонӣ дар хонаи Шимъӯн

Марям, хоҳари Лаъзор, коре мекунад, ки боиси баҳсу мунозира мешавад, вале Исо Марямро тарафгирӣ мекунад.

БОБИ 102

Подшоҳ савори харкурра ба Ерусалим медарояд

Исо пешгӯйиеро ки панҷ ҳазор сол пеш гуфта шуд, иҷро мекунад.

БОБИ 103

Исо бори дуюм маъбадро тоза мекунад

Ба назар чунин метофт, ки савдогарон дар Ерусалим тиҷорати қонуниро ба роҳ монда буданд, пас чаро Исо онҳоро ғоратгарон номид?

БОБИ 104

Оё яҳудиён имон меоранд?

Ба Исо имон овардан чӣ маъно дорад?

БОБИ 105

Исо дарахти анҷири хушкшударо мисол меорад

Исо ба шогирдонаш дар бораи муҳим будани имон таълим дод ва сабаби аз халқи Исроил рӯ гардондани Худоро фаҳмонд.

БОБИ 106

Ду мисол дар бораи токзор

Дар бораи маънои мисоли марде, ки аз писаронаш хоҳиш мекунад, то ба токзор рафта кор кунанд ва марде, ки токзорашро ба токпарварон иҷора медиҳад, фикр кунед.

БОБИ 107

Подшоҳ ба тӯйи арӯсӣ меҳмон таклиф мекунад

Масали Исо дар бораи тӯйи арӯсӣ пешгӯӣ аст.

БОБИ 108

Душманон Исоро ба дом афтонда наметавонанд

Ба саволҳои Исо на фарисиён, на саддуқиён ва на дигар душманонаш ҷавоб ёфта тавонистанд.

БОБИ 109

Исо сарварони динро танқид мекунад

Чаро Исо тарафдори он набуд, ки касе, чи хеле ки хоҳад, ҳамон тавр Худоро ибодат карда метавонад?

БОБИ 110

Исо бори охир дар маъбад таълим медиҳад

Исо намунаи бевазани камбағалро истифода бурда, ба шогирдонаш дарси муҳиме омӯхт.

БОБИ 111

Расулон аз Исо аломат мепурсанд

Пешгӯйиҳои Исо бори аввал дар асри як иҷро шуданд. Оё ин пешгӯйиҳо баъдтар дар миқёси бузург иҷро мешаванд?

БОБИ 112

Мисол дар бораи даҳ духтар

Оё Исо гуфтанӣ буд, ки нисфи шогирдони ӯ бохираду нисфи дигарашон бехираданд?

БОБИ 113

Мисол дар бораи талантҳо

Масал дар бораи талантҳо барои фаҳмидани суханони зерини Исо кӯмак мерасонад: «Ҳар касе, ки дорад, ба вай боз ҳам бештар дода мешавад».

БОБИ 114

Вақте Масеҳ меояд, гӯсфандону бузҳоро доварӣ мекунад

Мисоли бузу гӯсфандонро истифода бурда, Исо нишон дод, ки одамон дар кадом асос доварӣ мешаванд.

БОБИ 115

Тайёрӣ ба охирин иди Раҳоӣ

Чаро сарварони дин розӣ мешаванд, ки бар ивази ҷони Исо сӣ сиқл нуқра диҳанд?

БОБИ 116

Исо пойҳои расулонро мешӯяд

Вақте расулон мебинанд, ки Исо вазифаи ғуломро иҷро карда истодааст, ҳайрон мешаванд.

БОБИ 117

Хӯроки шоми Ҳазрат

Исо Шоми ёдбудро ҷорӣ мекунад, ки пайравонаш бояд онро ҳар сол 14-уми нисон ҷашн гиранд.

БОБИ 118

Баҳси навбатии шогирдон

Дере нагузашта, шогирдон дар бораи намунаи фурӯтании Исо фаромӯш карданд.

БОБИ 119

Исо роҳ, ростӣ ва ҳаёт аст

Исо оиди чӣ тавр ба сӯйи Худо равона шудан дарси хубе медиҳад.

БОБИ 120

Шогирдон бояд самар оранду дӯсти Исо бошанд

Чӣ хел шогирдони Исо «самар оварда» метавонистанд?

БОБИ 121

«Далер бошед; ман бар ҷаҳон ғолиб омадам!»

Чӣ тавр Исо бар ҷаҳон ғолиб омад, дар сурате ки маҳз ҷаҳон ӯро ба қатл расонд?

БОБИ 122

Исо бори охир дар болохона дуо мегӯяд

Исо ба одамон имконияти наҷот ёфтанро фароҳам овард, вале ӯ ҳамчунин фаҳмонд, ки ӯ аз ин дида кори муҳимтареро иҷро кард.

БОБИ 123

Исо дар вақти озмоиши сахт дуо мегӯяд

Чаро Исо дуо мегӯяд, ки «ин пиёларо аз ман дур кун»? Оё ӯ аз супориши чун фидягузор ҷонашро фидо кардан даст мекашад?

БОБИ 124

Яҳудо Исоро ба дасти душманон месупорад

Ҳарчанд нисфи шаб буд, лекин Яҳудо Исоро ёфта тавонист.

БОБИ 125

Исоро аввал пеши Ҳонон ва баъд пеши Қаёфо мебаранд

Исоро барноҳақ тӯҳмат карда ҳукм мекунанд.

БОБИ 126

Петрус Исоро инкор мекунад

Чӣ тавр Петрус шахси имондору содиқ ин қадар тез аз Исо рӯ мегардонад?

БОБИ 127

Исоро назди Пилотус мебаранд

Нияти аслии сарварони дини яҳудӣ ошкор мешавад.

БОБИ 128

Пилотус ва Ҳиродус Исоро айбдор намеҳисобанд

Чаро Пилотус барои ҳукм намудан Исоро назди Ҳиродус мефиристад? Оё худаш ин корро карда наметавонад?

БОБИ 129

Пилотус мегӯяд: «ана он мард!»

Пилотус истодагарии Исоро дида ба ҳайрат меояд.

БОБИ 130

Исоро ба куштан мебаранд

Чаро Исо ба заноне ки барояш гиря мекарданд мегӯяд, ки барои худ ва фарзандони худ гиря кунед?

БОБИ 131

Исоро дар сутун азоб медиҳанд

Исо ба яке аз роҳзаноне ки дар наздаш мехкӯб шуда буд, ваъдае медиҳад. Ин ваъда бояд дар оянда иҷро шавад.

БОБИ 132

«Дар ҳақиқат, ин мард одами росткор буд»

Торикии зулмот дар рӯзи равшан, заминҷунбии сахт ва даридани пардаи маъбад, ҳамааш ба як чиз ишора мекунад.

БОБИ 133

Исоро мегӯронанд

Чаро Исоро то ғуруби офтоб гӯронидан лозим буд?

БОБИ 134

Қабр холист — Исо зинда аст!

Исои зиндашуда дар аввал ба расулонаш неву ба зане зоҳир мешавад.

БОБИ 135

Исо ба бисёриҳо зоҳир мешавад

Чӣ тавр шогирдон боварӣ ҳосил мекунанд, ки Исо зинда шудааст?

БОБИ 136

Дар соҳили баҳри Ҷалил

Петрус се маротиба мешунавад, ки бо кадом роҳ бояд муҳаббаташро ба Исо исбот кунад.

БОБИ 137

Пеш аз иди Ҳафтаҳо садҳо нафар ӯро мебинанд

Баъд аз зинда шудан ва пеш аз ба осмон рафтанаш, Исо ба шогирдонаш мегӯяд, ки ба онҳо рӯҳи муқаддас дода мешавад. Ҳамчунин ӯ мефаҳмонад, ки барои чӣ ба онҳо ин рӯҳ дода мешавад.

БОБИ 138

Масеҳ аз тарафи рости Худо нишаст

То вақти ба зидди душманонаш амал карданаш Исо бо кадом кор банд хоҳад буд?

БОБИ 139

Исо Биҳиштро барқарор месозад

Пеш аз он ки Подшоҳиро ба Падар ва Худои худ супорад, Исо боз корҳои зиёдеро бояд ба анҷом расонад.

Аз пайғамбар Исо ибрат гиред

Кадом ҳашт хислатҳоро Исо дар давоми ҳаёташ зоҳир менамуд?

Рӯйхати оятҳо

Ба воситаи ин рӯйхат шумо метавонед фаҳмед, ки ҳар як ояти Инҷил дар кадом боби ин китоб муҳокима шудааст.

Номгӯйи мисолҳое, ки Исо истифода бурд

Боби даркориеро, ки дар он мисолҳои Исо муҳокима шудааст, ёбед.

Баъзе пешгӯйиҳо дар бораи Масеҳ

Воқеаҳои ҳаёти Исоро бо пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас, ки Масеҳ будани Исоро исбот менамоянд муқоиса намоед ва инчунин бобҳоеро аз ин китоб дида бароед, ки дар онҳо ин пешгӯйиҳо муҳокима мешавад.

Ҷойҳое, ки Исо дар он зиндагӣ мекард ва таълим медод

Ин харита нишон медиҳад, ки Исо дар куҷоҳо таълим медод.