Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ДАРСИ 8

Мисол оред

Мисол оред

Матто 13:34, 35

МАҚСАДИ ДАРС: Фикрҳои муҳимро бо мисолҳои одӣ ва шавқовар фаҳмонда, беҳтар таълим диҳед.

ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?

  • Мисолҳои одиро интихоб кунед. Мисли Исо мавзӯъҳои душворро бо мисолҳои одиву шинос фаҳмонед. Тафсилоти нодаркорро наоред, то мисолро душворфаҳм насозед. Боварӣ ҳосил кунед, ки паҳлӯҳои мисолатон ба фикрҳое, ки расонданиед, мувофиқанд ва сари шунавандаро гаранг намекунанд.

  • Дар бораи шунавандагон фикр кунед. Мисолҳоро аз ҳаёти ҳаррӯзаи одамон интихоб кунед. Эҳтиёт шавед, ки бо мисолатон шахсро дар хиҷолат нагузоред ё хафа накунед.

  • Фикри асосиро фаҳмонед. Бо мисол фикрҳои асосиро фаҳмонед, на фикрҳои дуюмдараҷаро. Боварӣ ҳосил кунед, ки шунаванда на танҳо мисол, балки дарсеро, ки дар он аст, дар хотир нигоҳ хоҳад дошт.