Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ДАРСИ 19

Ба дили кас роҳ ёбед

Ба дили кас роҳ ёбед

Масалҳо 3:1

МАҚСАДИ ДАРС: Ба шунавандагон кӯмак кунед, ки чизҳои шунидаашонро қадр кунанд ва аз рӯйи он зиндагӣ кунанд.

ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?

  • Ба шунавандагон ёрдам кунед, ки худро тафтиш кунанд. Ба онҳо саволҳо диҳед, то фикру ҳиссиёташонро санҷанд.

  • Барангезед, ки бо нияти дуруст амал кунанд. Шунавандагонро даъват кунед, ки дар бораи бо кадом ният ба Худо итоат карданашон фикр кунанд. Ба онҳо ёрдам кунед, ки корҳояшонро аз муҳаббат ба Яҳува, одамон ва таълимоти Китоби Муқаддас кунанд. Онҳоро насиҳати бисёр ва сарзаниш накунед, балки ҳамроҳашон мулоҳиза ронед. Инчунин тавре гап занед, ки шунавандагон дар хиҷолат намонанд ва худро гунаҳкор ҳис накунанд. Баръакс, онҳоро рӯҳбаланд кунед, то пас аз суханони шумо дар дилашон хоҳиши дуруст амал кардан пайдо шавад.

  • Диққати шунавандагонро ба Яҳува равона кунед. Қайд кунед, ки чӣ тавр таълимот, принсипҳо ва қонунҳои Китоби Муқаддас хислатҳои беҳамтои Яҳува ва муҳаббаташро нисбати мо нишон медиҳад. Ба шунавандагон ёрӣ диҳед, ки Яҳуваро дӯст доранд, ҳиссиёташро ба назар гиранд ва кӯшиш кунанд, ки ба Ӯ писанд оянд.