Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ДАРСИ 13

Фоидаи мавзӯъро нишон диҳед

Фоидаи мавзӯъро нишон диҳед

Ишаъё 48:17

МАҚСАДИ ДАРС: Ба шунавандагон нишон диҳед, ки суханонатон ба онҳо чӣ фоида меоранд ва чӣ тавр чизҳои фаҳмидаашонро дар амал истифода баранд.

ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?

  • Дар бораи шунавандагон фикр кунед. Андеша ронед, ки чаро ба одамон шунидани маълумоте, ки ба онҳо расонданиед, муҳим аст ва кадом фикрҳои мавзӯъ ба онҳо бештар кӯмак мекунанд.

  • Дар давоми баромадатон чӣ тавр ба кор бурдани маслиҳатҳоро нишон диҳед. Шахс бояд аз аввал фаҳмад, ки суханонатон ба ӯ чӣ фоида меоранд. Умумӣ гап назанед. Ҳангоми муҳокимаи фикрҳои асосӣ аниқу равшан нишон диҳед, ки чӣ тавр онҳоро дар амал истифода бурдан мумкин аст.