Дар хониш ва таълим моҳир шавед

Ин брошура ба шумо кӯмак мекунад, ки хониш ва маҳорати таълимдиҳиву суханронии худро беҳтар гардонед.

Номаи Ҳайати роҳбарикунанда

Мо ба одамон муҳимтарин хабари давру замонро мерасонем.

ДАРСИ 1

Сарсухани хуб

Бо сарсухани хуб шумо ба се мақсад мерасед.

ДАРСИ 2

Услуби гуфтугӯйӣ

Услуби гуфтугӯйӣ кӯмак мекунад, ки шунаванда худро озод ҳис карда хабареро, ки ба ӯ мерасонед, қабул кунад.

ДАРСИ 3

Истифодаи саволҳо

Бо эҳтиром савол дода, шавқи шунавандагонро бедор кунед ва диққатро ба фикрҳои асосӣ равона созед.

ДАРСИ 4

Сарсухан пеш аз оят

Шумо аз ин дарс фаҳмида метавонед, ки чӣ тавр ақлу дили шунавандагонро ба шунидани оят тайёр кардан мумкин аст.

ДАРСИ 5

Бехато хонед

Барои дар бораи Яҳува таълим додан бехато хондан хеле муҳим аст.

ДАРСИ 6

Сабаби истифода бурдани оят

Маслиҳатҳои ин дарсро ба кор бурда, ба шунавандагон кӯмак кунед, ки ояти хондаатонро бо мавзӯъ алоқаманд кунанд.

ДАРСИ 7

Маълумоти аниқу боваринок

Маълумоти аниқу боваринок ба шунавандагонатон кӯмак мекунад, ки ба хулосаи дуруст оянд.

ДАРСИ 8

Мисол оред

Фикрҳои муҳимро бо мисолҳои одӣ ва шавқовар фаҳмонда, беҳтар таълим диҳед.

ДАРСИ 9

Истифодаи асбобҳои аёнӣ

Асбобҳои аёнӣ ёрдам мекунанд, ки маълумот дар хотираи одам нақш бандад.

ДАРСИ 10

Тағйири оҳанги овоз

Баландии овоз ва оҳангу суръати гапзаниатонро тағйир дода, ба дили шунавандагон таъсир расонед ва онҳоро ба амал барангезед.

ДАРСИ 11

Бо шавқу завқ гап занед

Бо шавқу завқ гап зада, шумо диққати шунавандагонро ҷалб мекунед ва самимӣ буданатонро нишон медиҳед.

ДАРСИ 12

Бо меҳрубонӣ гап занед

Вақте шумо меҳрубонона ва самимӣ гап мезанед, нишон медиҳед, ки нисбати шунаванда бепарво нестед.

ДАРСИ 13

Фоидаи мавзӯъро нишон диҳед

Ба шунавандагон нишон диҳед, ки суханонатон ба онҳо чӣ фоида меоранд ва чӣ тавр чизҳои фаҳмидаашонро дар амал истифода баранд

ДАРСИ 14

Фикрҳои асосиро қайд кунед

Ба шунавандагон кӯмак кунед, ки мантиқу пайвасти нутқатонро пай баранд. Аниқу равшан нишон диҳед, ки чӣ тавр ҳар як фикри асосӣ бо мавзӯъ ва мақсади нутқ алоқаманд аст.

ДАРСИ 15

Бо боварӣ гап занед

Бо боварӣ гап занед. Нишон диҳед, ки ба муҳим будани суханонатон бовар доред.

ДАРСИ 16

Рӯҳбаланд кунед

Бигзор суханонатон ободкунанда бошанд, на танқидомез. Аз Каломи Худо истифода бурда, суханони умедбахш гӯед.

ДАРСИ 17

Фаҳмо гап занед

Кӯшиш кунед, ки шунавандагон маънои суханонатонро фаҳманд. Фикрҳои асосиро равшан қайд кунед.

ДАРСИ 18

Суханони ҷолибу пурмазмун

Шунавандагонро ба мулоҳиза рондан водор кунед ва ёрӣ диҳед, ки чизи барояшон муҳимеро омӯзанд.

ДАРСИ 19

Ба дили кас роҳ ёбед

Ба шунавандагонатон кӯмак кунед, ки Яҳува ва Каломашро дӯст доранд.

ДАРСИ 20

Хулосаи хуб

Хулосаи хуб ба шунавандагон кӯмак мекунад, ки чизҳои омӯхтаашонро дар ёд гиранд ва дар ҳаёт ба кор баранд.

Пешравиатонро қайд кунед

Дар рафти беҳтар кардани маҳорати хониш ва таълим пешравиатонро қайд кунед.