Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БОБИ 16

Чӣ аз ҳама муҳим аст?

Ин мард чӣ гуна камбудӣ дошт?

Чӣ аз ҳама муҳим аст?

РӮЗЕ ба пеши Исо як мард омад. Вай медонист, ки Исо шахси хирадманду доно аст, барои ҳамин аз вай пурсид: «Устод, ба бародарам гӯй, ки баъзе аз чизҳои доштаашро ба ман диҳад». Ин мард фикр мекард, ки як қисми чизҳои бародараш бояд аз они вай бошад.

2 Агар ту ба ҷои Исо мебудӣ, ба он мард чӣ мегуфтӣ? ~ Исо фаҳмид, ки камбудии ин мард дар чист. Гап дар сари он набуд, ки ӯ чизҳои бародарашро соҳиб шудан мехост, балки дар он буд, ки вай намефаҳмид, ки чӣ дар ҳаёт аз ҳама муҳим аст.

3 Ба фикри ту, чӣ дар ҳаёт аз ҳама муҳим аст — бозичаҳои нав, либосҳои хушрӯ ё дигар чизҳои ба ин монанд? ~ Албатта ин чизҳо аз ҳама муҳим нестанд. Ва Исо мехост, ки мо инро фаҳмем. Барои ҳамин, ӯ як ҳикояеро дар бораи марде, ки Худоро аз хотираш баровард, нақл кард. Мехоҳӣ ба ту ин ҳикояро нақл кунам? ~

4 Он мард хеле бой буд. Вай замин ва якчанд анбор дошт. Анбор — ин ҷоест, ки дар он ғалла ва дигар чизҳоро ҷамъ мекунанд. Як сол замини марди бой ҳосили бисёр дод. Лекин дар анборҳои вай барои ин ҳосил ҷой набуд. Барои ҳамин ӯ дар дилаш гуфт: «Анборҳоямро чаппа мекунаму калонтарашро месозам. Ва баъд тамоми ғаллаамро дар он ҷо мемонам».

5 Ин марди бой фикр мекард, ки боақлона рафтор карда истодааст. Ба фикри вай ҷамъ кардани чизҳои бисёр дуруст буд. Вай дар дилаш гуфт: «Чизи бисёре барои чандин сол ҷамъ кардам, акнун дам  мегирам, мехӯрам, менӯшам ва хурсандӣ мекунам». Лекин ин мард ба як хатогӣ роҳ дод. Ба фикри ту, ба кадом хатогӣ? ~ Вай танҳо дар бораи худаш ва кайфу сафояш фикр мекард. Худоро бошад, тамоман аз ёдаш баровард.

Ин марди бой дар бораи чӣ фикр мекард?

6 Барои ҳамин, Худо ба марди бой гуфт: «Эй марди беақл! Худи ҳамин шаб ту мемурӣ. Баъд ҳама чизат ба кӣ мемонад?» Ба фикри ту, оё он мард чизҳои ҷамъкардаашро баъди мурданаш истифода бурда метавонист? ~ Албатта, не! Ҳамаи чизҳои вайро ягон каси дигар соҳиб мешуд. Исо гуфт: «Бо касе, ки барои худ боигарӣ ҷамъ мекунаду лекин дар пеши Худо бой нест, ана ҳамин хел мешавад» (Луқо 12:13–21).

7 Ту, албатта, ба ин марди бой монанд будан намехоҳӣ, ҳамин тавр-не? ~ Ин мард фикр мекард, ки доштани чизу чораи бисёр аз ҳама муҳим аст. Лекин ин фикри ӯ нодуруст буд. Марди бой мехост, ки боигариашро боз ҳам бисёртар кунад, лекин вай «дар пеши Худо бой» набуд.

 8 Бисёри одамон ба ин марди бой монанданд ва аз ин сабаб онҳо бо душвориҳои калон рӯ ба рӯ мешаванд. Онҳо ҳама вақт дар фикри онанд, ки чизҳои бисёртарро ба даст оранд. Оё бо ту ҳам ин хел шуда метавонад? Биё камтар фикр мекунем. Оё ту бозича дорӣ? ~ Канӣ гӯй, ки ту чӣ хел бозичаҳо дорӣ? ~ Агар ягон ҷӯра ё дугонаат тӯб, лӯхтак ё ягон бозичаи дигаре медошт, ки ту надорӣ, он гоҳ ту чӣ кор мекардӣ? Оё дуруст мебуд, ки падару модаратро маҷбур кунӣ ки онро ба ту харида диҳанд? ~

9 Баъзан мумкин ту фикр мекунӣ ки бозича доштан бисёр муҳим аст. Лекин одатан баъди якчанд вақт бо бозича чӣ мешавад? ~ Вай албатта кӯҳна мешавад ва мешиканад. Он вақт вай ба ту дигар даркор нест. Лекин ту чизе дорӣ, ки аз бозича ҳам қиматбаҳотар аст. Оё ту медонӣ ки ин чӣ аст? ~

Чӣ аз бозичаҳоят ҳам қиматбаҳотар аст?

10 Ин ҳаёти ту аст. Ҳаёт чизи хеле муҳим аст, чунки бе он ту ягон кор карда наметавонӣ. Лекин ҳаёти ту аз кардани корҳое, ки Худоро хурсанд мекунанд, вобаста аст, ту бо ин розиӣ? ~ Ин хел бошад, биё мисли марди бои беақл Худоро аз хотир набарорем.

11 Лекин, на танҳо кӯдакон мисли он марди бой беақлона рафтор мекунанд. Бисёри калонсолон ҳам баъзан ҳамин хел  рафтор мекунанд. Баъзеи онҳо сахт мехоҳанд, ки чизҳои бисёртар дошта бошанд. Онҳо мумкин хӯрок, либос ва хона доранд, лекин ин барояшон кам аст. Онҳо мехоҳанд, ки либоси аз ин ҳам бисёр ва хонаи калонтар дошта бошанд. Барои харидани ин чизҳо бошад, пул даркор аст. Барои ҳамин, онҳо бисёр кор мекунанд, то ки пули зиёд ба даст оранд. Ва чӣ қадаре ки пулашон бисёртар шавад, онҳо ҳамон қадар бисёртар пул доштан мехоҳанд.

12 Баъзе калонсолон чунон сахт ба пулкоркунӣ дода мешаванд, ки баъд барои оилаашон вақт намемонад. Ва онҳо барои Худо ҳам вақт надоранд. Лекин оё пул умри одамро дароз карда метавонад? ~ Албатта, не. Ё ин ки шахс баъди мурданаш пулҳояшро истифода бурда метавонад? ~ Не, охир мурдаҳо ягон кор карда наметавонанд-ку! (Воиз 9:5, 10).

13 Ба фикри ту, оё ин маънои онро дорад, ки пул доштан нодуруст аст? ~ Не. Бо пул мо хӯрок ва либос харида метавонем. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки пул муҳофизат мекунад (Воиз 7:12). Лекин агар мо пулро дӯст дорем, ин ба мо ғаму ташвиш меорад. Ва мо ба бои беақл, ки барои худаш чизу чора ҷамъ мекарду дар пеши Худо бой набуд, монанд мешавем.

14 Оё ту медонӣ, ки дар пеши Худо бой будан чӣ маъно дорад? ~ Ин маънои онро дорад, ки Худо дар ҳаёти мо дар ҷои якум меистад. Бисёри одамон мегӯянд, ки ба Худо боварӣ доранд. Онҳо фикр мекунанд, ки танҳо ба вуҷуд доштани Худо бовар кардан бас аст. Лекин оё ин одамон дар пеши Худо бой ҳастанд? ~ Не, онҳо ба он марди бой, ки Худоро аз хотир бароварда буд, монанданд.

15 Исо бошад, ҳеҷ гоҳ Падари осмониашро аз хотир намебаровард. Вай кӯшиш намекард, ки пули бисёр кор кунад. Ва ӯ чизу чораи зиёд ҳам надошт. Исо медонист, ки чӣ дар ҳаёт аз ҳама муҳим аст. Оё ту медонӣ ки ин чизи муҳим чист? ~ Ҳа, ин дар пеши Худо бой будан аст.

Ин духтарча кадом корҳои аз ҳама муҳимро карда истодааст?

16 Канӣ ба ман гӯй, ки чӣ тавр мо дар пеши Худо бой буда метавонем? ~ Дуруст, бо кардани корҳое, ки дили Ӯро хурсанд мекунанд. Исо гуфт: «Ман ҳама вақт корҳои ба Падарам  маъқулро мекунам» (Юҳанно 8:29). Худо аз онҳое, ки корҳои ба Ӯ маъқулро мекунанд, розӣ аст. Акнун ба ман гӯй, ки ту барои хурсанд кардани Худо чӣ кор карда метавонӣ? ~ Ҳа, ту метавонӣ Китоби Муқаддас хонӣ, ба ҷамъомад равӣ, дуо гӯӣ ва ба дигарон ёрдам диҳӣ, ки бо Худо шинос шаванд. Ин чизҳо дар ҳақиқат дар ҳаёти мо аз ҳама муҳиманд.

17 Исо дар пеши Худо бой буд, барои ҳамин Яҳува дар бораи вай ғамхорӣ мекард. Ӯ ба Исо ҳаёти беохирро тӯҳфа кард. Агар мо мисли Исо рафтор кунем, Яҳува моро ҳам дӯст медорад ва ба мо ғамхорӣ мекунад. Пас, биё мисли Исо бошем ва ҳеҷ гоҳ ба марди бое, ки Худоро аз хотираш баровард, монанд нашавем.

Аз ин оятҳо мо мефаҳмем, ки ба чизу чора чӣ хел муносибат кардан дуруст аст: Масалҳо 23:4; 28:20; 1 Тимотиюс 6:6–10 ва Ибриён 13:5.