Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БОБИ 14

Барои чӣ мо бояд дигаронро бахшем?

Барои чӣ мо бояд дигаронро бахшем?

ОЁ ЯГОН БОР касе туро хафа карда буд? ~ Вай ба ту ягон гапи ганда гуфт ё ягон кори бад кард? ~ Оё дуруст аст, ки ту ба бадӣ бо бадӣ ҷавоб диҳӣ? ~

2 Бисёр вақт одамон дар ҷавоби бадии дигарон бадӣ мекунанд. Исо бошад, ёд медод, ки мо онҳоеро, ки моро хафа мекунанд, бахшем (Матто 6:12). Лекин агар ягон кас моро гаштаву баргашта хафа кунад-чӣ? Чанд бор мо бояд ин одамро бахшем? ~

3 Петрус ҳам инро фаҳмидан мехост. Як рӯз вай аз Исо пурсид: «Оё ман бояд бародарамро то ҳафт бор бахшам?» Лекин ҳафт бор бахшидан кам аст-ку?! Барои ҳамин, Исо гуфт: «Ту бояд касеро, ки туро хафа кардааст, ҳафтод карат ҳафт бор бахшӣ».

Петрус дар бораи бахшидани дигарон чиро фаҳмидан мехост?

4 Чӣ қадар бисёр! Охир, агар ягон кас моро ин қадар бисёр хафа кунад, ҳамаи инро дар хотир гирифта намешавад-ку? Ана ҳамин чизро Исо ба мо фаҳмондан мехост. Вақте ки дигарон моро хафа мекунанд, мо набояд инро дар хотир гирифта гардем ва ҳисоб кунем, ки чанд бор онҳо моро хафа карданд. Ва агар онҳо аз мо бахшиш пурсанд, мо бояд онҳоро бахшем.

5 Исо ба шогирдонаш нишон додан мехост, ки бахшидан хеле муҳим аст. Барои ҳамин, баъди ба саволи  Петрус ҷавоб доданаш, вай ба шогирдонаш як ҳикояро нақл кард. Мехоҳӣ онро ба ту нақл кунам? ~

6 Дар як замон подшоҳи хубе буд. Вай одами бисёр нағз буд. Ин подшоҳ ҳатто вақте ки ба ғуломонаш пул даркор мешуд, ба онҳо қарз медод. Лекин як рӯз подшоҳ гуфт, ки ғуломоне, ки аз вай қарздор буданд, пулашро оварда диҳанд. Баъд як ғуломеро ба пешаш оварданд, ки аз вай 60 миллион танга қарздор буд. Танҳо тасаввур кун, ки чӣ қадар ин пули бисёр аст!

Вақте ки ғулом аз подшоҳ илтимос кард, ки барои додани қарзаш камтар вақт диҳад, подшоҳ чӣ кор кард?

 7 Лекин ин ғулом ҳамаи пулҳои аз подшоҳ гирифтаашро сарф карда буд ва акнун қарзашро дода наметавонист. Барои ҳамин, подшоҳ фармон дод, ки ӯро бурда фурӯшанд. Подшоҳ ҳамчунин гуфт, ки зану кӯдакон ва тамоми чизи ғулом фурӯхта шавад ва пулашро ба вай оварда диҳанд. Ба фикри ту, дар ин вақт ғулом чӣ ҳис кард? ~

8 Ғулом худашро ба пеши пойҳои подшоҳ партофта зораву илтиҷо кард: «Илтимос, ба ман боз камтар вақт деҳ ва ман тамоми қарзамро ба ту гардонда медиҳам». Агар ту ба ҷои подшоҳ мебудӣ, чӣ кор мекардӣ? ~ Дили подшоҳ ба ғуломаш сӯхт. Барои ҳамин, подшоҳ қарзи ӯро бахшид. Вай гуфт, ки тамоми қарзи ғуломро — ҳамаи 60 миллион тангаро мебахшад. Чӣ қадар хурсанд шудагист ин ғулом!

9 Лекин баъд чӣ шуд? Он ғулом аз пеши подшоҳ баромад ва ба пеши ғуломи дигаре рафт, ки аз вай ҳамагӣ сад танга қарздор буд. Вай аз гардани ин ғулом дошта гуфт: «Сад тангаеро, ки аз ман қарздор будӣ, оварда деҳ!» Ҳоло шахсе, ки подшоҳ ба вай қарзи калонро бахшид, худаш ин қадар бераҳмона рафтор карда истодааст! Оё ту инро тасаввур карда метавонӣ? ~

Ғулом ба ҷӯраи худ, ки қарзашро тез дода наметавонист, чӣ хел муносибат кард?

10 Ғуломе, ки сад танга қарздор буд, одами камбағалу бечора буд. Вай қарзашро худи ҳамон вақт дода наметавонист. Барои ҳамин ӯ пеши пойҳои ғуломи якум афтода зораю тавалло кард: «Илтимос, ба ман боз камтар вақт деҳ ва ман қарзатро гардонда медиҳам». Оё ин ғулом набояд ба ҷӯрааш боз камтар вақт медод? ~ Агар ту ба ҷои вай мебудӣ, чӣ кор мекардӣ? ~

11 Ин ғулом, мисли подшоҳ одами нағз набуд. Ӯ хост, ки ҷӯрааш қарзашро худи ҳамон вақт оварда диҳад. Вале вақте ки ҷӯрааш пули гирифтаашро даррав надод, ин ғуломи бад ӯро ба ҳабсхона партофт. Дигар ғуломон ҳамаи ин воқеаро диданд ва ин ба онҳо сахт расид. Дили онҳо ба ғуломе, ки ба ҳабсхона партофта шуд, сӯхт. Барои ҳамин онҳо ба пеши подшоҳ рафта ҳамаашро ба вай нақл карданд.

 12 Ин воқеа ба подшоҳ маъқул нашуд ва ӯ ба қаҳру ғазаб омад. Вай он ғуломеро, ки бахшидан нахост, ба пеши худ ҷеғ зада гуфт: «Эй ғуломи бад, оё ман қарзи туро набахшида будам? Пас ту ҳам набояд ҷӯраатро мебахшидӣ?»

Подшоҳ бо ғуломи бад чӣ кор кард?

13 Ғуломи бад бояд аз подшоҳи раҳмдил ибрат мегирифт. Лекин вай ин хел накард. Барои ҳамин подшоҳ ин ғуломро то баргардондани 60 миллион танга ба ҳабсхона партофт. Ва албатта, дар он ҷо вай ҳеҷ вақт қарзашро дода наметавонист. Барои ҳамин вай бояд то мурданаш дар он ҷо мемонд.

14 Баъди нақл кардани ин ҳикоя Исо ба шогирдонаш гуфт: «Падари осмониам низ бо шумо ҳамин хел рафтор мекунад, агар ҳар яки шумо бародари худро аз таҳти дил набахшед» (Матто 18:21–35).

15 Ҳамаи мо дар пеши Худо қарзи калон дорем. Охир ҳатто ҳаётро Худо ба мо додааст. Ва агар мо ин қарзамонро бо чизе,  ки дигарон аз мо қарздоранд, яъне хатогиҳое, ки онҳо бар зидди мо мекунанд, муқоиса кунем, мо мефаҳмем, ки қарзи одамон дар пеши мо хеле кам аст. Қарзи онҳо пеши мо мисли он сад тангаест, ки ғулом аз ҷӯрааш қарздор буд. Лекин қарзе, ки мо дар пеши Худо дорем, яъне хатогиҳои мо ба он 60 миллион тангае, ки ғулом аз подшоҳ қарздор буд, монанд аст.

16 Худо хеле меҳрубон аст. Нигоҳ накарда ба он ки мо бисёр хатогӣ мекунем, Ӯ моро мебахшад. Худо моро маҷбур намекунад, ки қарзамонро баргардонем ва барои ин ҳаётамонро аз мо кашида намегирад. Лекин мо бояд як чизро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем: Худо танҳо ҳамон вақт моро мебахшад, агар мо хатогиҳои дигаронро бахшем. Ин бисёр дарси муҳим аст, ҳамин тавр-не? ~

Агар ягон кас аз ту бахшиш пурсад, ту чӣ кор мекунӣ?

17 Пас, агар ягон кас туро хафа кунаду баъд бахшиш пурсад, ту чӣ кор мекунӣ? Оё ту вайро мебахшӣ? ~ Лекин агар вай гаштаву баргашта туро хафа кунад-чӣ? Оё ту ҳар бор ӯро мебахшӣ? ~

18 Вақте ки мо аз ягон кас бахшиш мепурсем, мо мехоҳем, ки вай моро бахшад, ҳамин тавр-не? ~ Барои ҳамин, мо ҳам бояд дигаронро бахшем. Танҳо «бахшидам» гуфтан кам аст, мо бояд дар ҳақиқат ва аз таҳти дил бахшем. Бо ин корамон мо нишон медиҳем, ки дар ҳақиқат шогирди Устоди Бузург будан мехоҳем.

Барои фаҳмидани он ки барои чӣ бахшидан муҳим аст, биё оятҳои Масалҳо 19:11; Матто 6:14, 15 ва Луқо 17:3, 4-ро мехонем.