Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ЗАМИМА

Шоми ёдбуди марги Масеҳ — маросимест, ки Худоро ҳамд мекунад

Шоми ёдбуди марги Масеҳ — маросимест, ки Худоро ҳамд мекунад

БА ПАЙРАВОНИ Исо фармуда шуд, ки Ёдбуди марги Масеҳро қайд кунанд. Мақсад аз қайди он чист? Он бояд кай ва чӣ гуна гузаронида шавад?

Исои Масеҳ ин чорабиниро дар соли 33-юми д. мо бегоҳи иди Фисҳи яҳудиён муқаррар кард. Иди Фисҳ соле як маротиба, мувофиқи тақвими яҳудиён рӯзи 14-уми нисан ҷашн гирифта мешуд. Барои муайян кардани ин сана, яҳудиён эҳтимол эътидоли баҳорӣ, яъне рӯзеро ки дар он давомнокии шабу рӯз баробар аст, интизор мешуданд. Шабонарӯзи ба эътидоли баҳорӣ наздиктарин, ки ҳангоми он дар осмон моҳи нав мебаромад, рӯзи якуми моҳи нисан ҳисоб мешуд. Иди Фисҳ баъд аз 13 рӯз сар мешуд.

Исо Фисҳро бо расулонаш ҷашн гирифт. Ӯ Яҳудои Исқарютро ҷавоб дод ва баъд ин маросими махсусро муқаррар намуд. Ин маросим ба ҷои иди Фисҳи яҳудиён муқаррар шуд ва бинобар ин, он низ бояд соле фақат як маротиба ҷашн гирифта шавад.

Инҷили Матто хабар медиҳад: «Исо нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба шогирдон доду гуфт: “Бигиред ва бихӯред, ки ин Бадани  Ман аст”. Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва ба онҳо дода, гуфт: “Ҳама аз ин бинӯшед; зеро ин аст Хуни Ман аз аҳди ҷадид, ки барои бисёр касон аз баҳри омурзиши гуноҳҳо рехта мешавад”» (Матто 26:26–28).

Баъзеҳо «Исо нонро ба бадани худ ва шаробро ба хуни худ табдил дод» гуфта, бовар мекунанд. Аммо охир баъд аз нонро тақсим кардани Исо ҷисми ӯ беосеб монд-ку! Оё расулони Исо дар ҳақиқат бадану хуни ӯро истеъмол карда метавонистанд? Не, зеро ин кор одамхӯрӣ ва бар зидди қонуни Худо мебуд (Ҳастӣ 9:3, 4; Ибодат 17:10). Мувофиқи Луқо 22:20, Исо гуфт: «Ин коса аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман, ки барои шумо рехта мешавад». Оё коса воқеан «аҳди ҷадид» шуд? Ин имконнопазир аст, зеро аҳд мафҳумест, на чизи моддӣ.

Пас, ҳам нону ҳам шароб танҳо рамзанду халос. Нон рамзи ҷисми комили Масеҳ мебошад. Исо нони барои таоми шоми Фисҳ тайёршударо истифода бурд, ки он фатир, яъне нони бе хамиртуруш пухташуда буд (Хуруҷ 12:8). Хамиртуруш дар Китоби Муқаддас бисёр вақт рамзи гуноҳ ё фасод аст. Бинобар ин, нони фатир рамзи ҷисми комили қурбонкардаи Исо мебошад. Ин ҷисм пок аз гуноҳ буд (Матто 16:11, 12; 1 Қӯринтиён 5:6, 7; 1 Петрус 2:22; 1 Юҳанно 2:1, 2).

Шароби арғувонӣ рамзи хуни Исо мебошад. Тавассути ин хун аҳди нав қонунӣ мегардад. Исо гуфт, ки хуни ӯ «баҳри омурзиши гуноҳҳо рехта мешавад». Барои ҳамин одамон метавонанд дар назари Худо аз гуноҳ пок шаванд ва ба аҳди нав бо Яҳува дароянд (Ибриён 9:14; 10:16, 17). Ин аҳд, ё созишнома ба осмон рафтани 144 000 ходимони содиқи Худоро имконпазир мекунад. Дар он ҷо онҳо чун подшоҳону коҳинон бар манфиати тамоми инсоният хидмат хоҳанд кард (Ҳастӣ 22:18; Ирмиё 31:31–33; 1 Петрус 2:9; Ваҳй 5:9, 10; 14:1–3).

Ба кӣ аз нони фатиру шароби шоми ёдбуд хӯрдан мумкин аст? Аз рӯи мантиқ, танҳо онҳое, ки дар аҳди наванд, яъне касоне ки умед бар ҳаёти осмонӣ доранд, бояд нону шаробро бихӯранд. Рӯҳулқудси Худо ин одамонро эътимод бахшидааст, ки онҳо барои подшоҳӣ дар осмон интихоб шудаанд (Румиён 8:16). Ҳамчунин, онҳо дар аҳдеанд, ки Исо дар бораи Салтанат бастааст (Луқо 22:29, ТДН).

 Дар бобати онҳое, ки умеди зиндагии ҷовидона дар Биҳишти рӯи замин доранд, чӣ метавон гуфт? Ин одамон дар итоат бар амри Исо, ба Шоми ёдбуди марги ӯ ташриф меоранд, вале онҳо эҳтиромона чун мушоҳидакунандагон меоянд, аммо дар хӯрдани рамзҳо иштирок намекунанд. Шоми ёдбуди марги Масеҳро Шоҳидони Яҳува ҳар сол як маротиба, рӯзи 14-уми нисан, пас аз ғуруби офтоб қайд менамоянд. Ҳарчанд шумораи онҳое, ки умед бар ҳаёти осмонӣ доранд дар рӯи замин фақат якчанд ҳазор нафар аст, ин маросими ёдбудро ҳамаи ходимони Худо қадр мекунанд. Ин мавридест, ки дар он ҳама метавонанд дар хусуси муҳаббати олии Яҳува ва Исои Масеҳ амиқ мулоҳиза намоянд (Юҳанно 3:16).