Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ЗАМИМА

Рӯзи Қиёмат чӣ рӯзест?

Рӯзи Қиёмат чӣ рӯзест?

ШУМО Рӯзи Қиёматро, ки баъзан онро Рӯзи Охират ё Рӯзи Доварӣ низ меноманд, чӣ гуна тасаввур мекунед? Бисёриҳо фикр мекунанд, ки миллиардҳо мурдагон дар пеши тахти Худо хоҳанд истод ва дар он ҷо шахсан ба ҳар яке аз онҳо ҳукм бароварда мешавад. Ва баъд аз ин, ба баъзеи онҳо биҳишти осмонӣ ато мешаваду дигарон ба азоби дӯзах маҳкум мегарданд. Вале Китоби Муқаддас Рӯзи Қиёматро тамоман дигар хел тасвир мекунад. Каломи Худо мегӯяд, ки он ҳангом на вақти даҳшатовар, балки вақти умеду барқарорӣ хоҳад буд.

Дар Ваҳй 20:11, 12 Юҳаннои расул Рӯзи Қиёматро ин тавр тасвир кардааст: «Тахти бузурги сафед ва Нишинандаи онро дидам, ки аз ҳузури Ӯ осмон ва замин мегурехтанд, ва ҷое барои онҳо ёфт нашуд. Ва мурдагонро, хурдон ва бузургонро дидам, ки дар пеши Худо истодаанд, ва дафтарҳо кушода буд; ва дафтари дигаре кушода буд, ки дафтари ҳаёт аст; ва мурдагон бар тибқи он чи дар дафтарҳо навишта шудааст, яъне мувофиқи аъмолашон доварӣ карда шуданд». Одамонро кӣ ҳукм хоҳад кард?

 Довари ниҳоии одамизод Яҳува Худо мебошад. Лекин Ӯ ба кори доварӣ шахси дигареро ваколатманд кардааст. Киро? Дар Аъмол 17:31 Павлуси расул навиштааст, ки Худо «рӯзеро муқаррар намудааст, ки аҳли ҷаҳонро ба василаи Марде ки баргузидаи Ӯст, аз рӯи инсоф доварӣ кунад». Ин довари баргузида Исои Масеҳи эҳёшуда аст (Юҳанно 5:22). Хуб, Рӯзи Қиёмат кай фаро мерасад? Ва он чӣ қадар давом хоҳад кард?

Китоби Ваҳй нишон медиҳад, ки Рӯзи Қиёмат баъд аз ҷанги Ҳармиҷидӯн, пас аз пурра дар рӯи замин нобуд кардани тартиботи шариронаи Шайтон меояд * (Ваҳй 16:14, 16; 19:19–20:3). Баъд аз Ҳармиҷидӯн Шайтону девҳои вай ба муддати ҳазор сол дар варта ҳабс хоҳанд шуд. Дар давоми ин вақт 144 000 нафар ворисони ҳукумати осмонӣ доварӣ мекунанд ва «бо Масеҳ ҳазор сол салтанат» меронанд (Ваҳй 14:1–3; 20:1–4; Румиён 8:17). Аз ин рӯ, Рӯзи Қиёмат воқеаи дар 24 соат зудгузаранда нест , балки 1000 сол давом хоҳад кард.

Дар давоми он давраи ҳазорсола Исои Масеҳ «зиндагон ва мурдагонро доварӣ хоҳад кард» (2 Тимотиюс 4:1). «Зиндагон» он «анбӯҳи бузурги мардум»-анд, ки дар Ҳармиҷидӯн наҷот хоҳанд ёфт (Ваҳй 7:9–17). Юҳаннои расул ҳам «мурдагонро» дид, ки «дар пеши Худо истодаанд», то доварӣ гарданд. Мувофиқи ваъдаи Исо «ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд, овози Ӯро хоҳанд шунид, ва берун хоҳанд омад», яъне эҳё мешаванд (Юҳанно 5:28, 29; Аъмол 24:15). Вале одамон дар асоси чӣ ҳукм хоҳанд шуд?

Мувофиқ ба рӯъёи Юҳанно дида, «дафтарҳо кушода буданд» ва «мурдагон бар тибқи он чи дар дафтарҳо навишта шудааст, яъне мувофиқи аъмолашон доварӣ карда шуданд» (Ваҳй 20:12). Оё дар ин дафтарҳо аъмоли пештараи одамон навишта шудааст? — Не, доварӣ бар корҳое, ки одамон пеш аз мурданашон кардаанд, асос намеёбад. Инро аз куҷо медонем? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Мурда аз гуноҳ фориғ аст» (Румиён 6:7). Пас, ин эҳёшудагон зиндагии навро гӯё ки аз «варақи сафед» сар мекунанд. Аз ин рӯ, «дафтарҳо» бояд рамзи  талаботи ояндаи Худо бошанд. Барои зиндагии ҷовидона, ҳам онҳое ки аз Ҳармиҷидӯн эмин монданд ва ҳам эҳёшудагон ба ҳар амри Худо, аз он ҷумла аҳкоми наве, ки Яҳува дар давоми ҳазор сол медиҳад, бояд итоат намоянд. Ва ҳар яке аз одамон дар асоси аъмоли дар давоми Рӯзи Қиёмат кардааш мавриди ҳукм қарор мегирад.

Миллиардҳо одамон дар Рӯзи Қиёмат имконияти нахустине барои омӯзиши иродаи Худо ва иҷрои он пайдо мекунанд. Ин тавассути барномаи умумиҷаҳонии таълим имконпазир мегардад. Дар ҳақиқат «сокинони дунё инсофро таълим хоҳанд гирифт» (Ишаъё 26:9). Аммо на ҳама иродаи Худоро иҷро карданӣ хоҳанд шуд. Ояти Ишаъё 26:10 мегӯяд: «Агар шарир омурзида шавад, адлу инсофро таълим нахоҳад гирифт,— дар замини росткорон ноинсофӣ хоҳад кард, ва кибриёи Худовандро нахоҳад дид». Ин инсонҳои шарир дар худи Рӯзи Қиёмат абадан нобуд карда хоҳанд шуд (Ишаъё 65:20).

Дар охири Рӯзи Қиёмат, одамон аз гуноҳ раҳо ёфта, ба маънои том «зинда мешаванд» (Ваҳй 20:5). Аз ин рӯ, Рӯзи Қиёмат айёми барқароршавии инсоният то комилияти аслии он хоҳад буд (1 Қӯринтиён 15:24–28). Пас аз он озмоиши ниҳоӣ ба вуқӯъ меояд. Шайтонро аз варта озод мекунанд ва ба ӯ имконияти охирини озмоиши инсоният дода мешавад (Ваҳй 20:3, 7–10). Онҳое ки ба ӯ муқовимат мекунанд, аз иҷроиши пурраи ин ваъдаи Китоби Муқаддас баҳра хоҳанд бурд: «Одилон вориси замин хоҳанд буд, ва дар он то абад сукунат хоҳанд кард» (Забур 36:29). Бале, Рӯзи Қиёмат баракате хоҳад буд барои одамони ба Худо содиқ!

^ сарх. 6 Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи Ҳармиҷидӯн нигаред ба боби 20-уми китоби «Худои ягонаи ҳақиқиро ибодат намоед» ва ба энсиклопедияи «Назари амиқ ба Навиштаҳои Муқаддас» (рус.), мақолаҳои «День Иеговы» ва «Хар-Магедон». Ин адабиётҳо нашри Шоҳидони Яҳува мебошанд.