Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ЗАМИМА

Чаро масеҳиёни ҳақиқӣ дар ибодат салибро истифода намекунанд

Чаро масеҳиёни ҳақиқӣ дар ибодат салибро истифода намекунанд

МИЛЛИОНҲО одамон салибро дар ибодат истифода мекунанд ва онро азиз медоранд. Энсиклопедияи бритониёӣ салибро «рамзи муҳимтарини дини масеҳӣ» номидааст. Аммо пайравони ҳақиқии Масеҳ салибро дар ибодат истифода намебаранд. Чаро?

Яке аз сабабҳо ин аст, ки Исои Масеҳ дар салиб намурдааст. Калимаи юнонии staurós (ставрос), ки онро одатан чун «салиб» тарҷума мекунанд, дар асл маънои «сутун»-ро дорад. Дар асаре оварда шудааст: «“Ставрос” ҳеҷ гоҳ маънои ду сутуни зери ягон кунҷ ба ҳам пайвандро надошт... Дар ягон ҷои матни ба забони юнонӣ навишташудаи Аҳди Ҷадид ҳатто ишорае бар он нест, ки ин калима маънои ду сутунро дошта бошад» (The Companion Bible).

 Дар баъзе оятҳои Китоби Муқаддас ҳангоми тасвири марги Исо калимаи дигар — xýlon (ксилон)-ро истифода бурдаанд (Аъмол 5:30; 10:39; 13:29; Ғалотиён 3:13; 1 Петрус 2:24). Ин калима фақат маънои ғӯлачӯб, чӯб, хода ё дарахтро дорад.

Ҳерман Фулда дар китоби худ «Салиб ва ҳукми қатл дар он» шарҳ медиҳад, ки барои чӣ дар иҷрои ҳукми қатл сутуни оддӣ истифода мешуд: «На дар ҳар ҷое ки ҳукми қатл дар назди халқ иҷро мешуд, дарахт ёфтан мумкин буд. Барои ҳамин ба замин сутунеро мехалонданд. Ва дар он дастони болобардошташудаи ҷинояткорро мебастанд ё мехкӯб менамуданд ва баъзан пойҳояшро низ ҳамин тавр мекарданд».

Дар ҳар сурат, далели эътимодбахштарин бар онро ки Исо дар салиб мехкӯб нашудааст, Каломи Худо медиҳад. Павлуси расул мегӯяд: «Масеҳ моро аз лаънати шариат фидя дода гирифта, барои мо лаънат гардид,— зеро ки навишта шудааст: “Малъун аст ҳар касе ки ба дор овехта шудааст”» (Ғалотиён 3:13). Дар ин оят Павлус матни Такрори Шариат 21:22, 23-ро иқтибос мекунад, ки дар он ҷо калимаи дор оварда шудааст, на салиб. Марг дар дор ё сутун лаънат ҳисобида мешуд (он сутунро «тавқи лаънат» ҳам меноманд), аз ин рӯ пайравони Масеҳро нашояд, ки хонаҳои худро бо тасвирҳои Масеҳи мехкӯбшуда оро диҳанд.

Далеле вуҷуд надорад, ки дар 300 соли аввали пас аз марги Масеҳ пайравони ӯ дар ибодат салибро истифода мебурданд. Лекин дар асри IV императори бутпараст Константин пайрави дини ба ном масеҳӣ гашт ва салибро рамзи он эълон намуд. Нияти Константин ҳар чӣ ҳам набошад, салиб ҳеҷ алоқае ба Исои Масеҳ надорад. Салиб дар ҳақиқат рамзи аз бутпарастӣ омада мебошад. Энсиклопедияи нави католикӣ мегӯяд: «Салиб ҳам дар маданияти томасеҳӣ ва ҳам дар маданияти ғайримасеҳӣ вомехӯрад». Манбаъҳои боэътибори зиёди дигаре ҳам ишора мекунанд, ки салиб бо ибодати табиату оинҳои фосиқонаи бутпарастон алоқа дорад.

Чаро масеҳиён ин рамзи қадимаи бутпарастонро қабул карданд? Яқинан барои ба дини худ ҷалб кардани онҳо. Ҳар чӣ ҳам набошад, Китоби Муқаддас истифодаи ҳар рамзи бутпарастонаро маҳкум менамояд (2 Қӯринтиён 6:14–18). Беш аз ин, Каломи Худо ҳар намуди бутпарастиро манъ мекунад  (Хуруҷ 20:4, 5; 1 Қӯринтиён 10:14). Бинобар ин, пайравони ҳақиқии Исои Масеҳ салибро дар ибодат истифода намебаранд *.

^ сарх. 9 Ҷузъиёти бештаре дар мавзӯъи салиб дар саҳ. 89–93-и китоби «Музокира дар асоси Китоби Муқаддас» (нашри Шоҳидони Яҳува, рус.) мавҷуд аст.