Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ЗАМИМА

Микоили раиси фариштагон кист?

Микоили раиси фариштагон кист?

НОМИ Микоили раиси фариштагон дар Китоби Муқаддас фақат якчанд маротиба вомехӯрад. Вале, ҳар дафъа дар вобастагӣ бо воқеаҳои муҳиме. Китоби Дониёл дар бораи набарди Микоил бо фариштаҳои шарир нақл мекунад, дар номаи Яҳудо омадааст, ки Микоил бо Шайтон баҳс менамояд, мувофиқ ба китоби Ваҳй ӯ бар муқобили Иблису девҳои вай меҷангад. Бо муҳофизати ҳокимияти Яҳува ва муҳориба бо душманони Худо, Микоил мувофиқ ба номи худ амал менамояд, ки маънояш чунин аст: «Кист мисли Худо?». Вале худи Микоил кист?

Баъзе одамон якчанд ном доранд. Масалан пайғамбар Яъқуб ҳамчунин бо номи Исроил маълум аст, Петруси расулро бошад, Шимъӯн низ меномиданд (Ҳастӣ 49:1, 2; Матто 10:2). Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Микоил ба мисли ин, номи дигари Исои Масеҳ аст. Ӯро пеш аз омадан ба замин ва баъд аз эҳё шуданаш ҳамин тавр меноманд. Биёед ба оятҳое аз Навиштаҳои Муқаддас рӯ орем, ки моро ба чунин хулоса меоранд.

 «Раиси фариштагон». Каломи Худо ба Микоил чун ба «раиси фариштагон» ишора менамояд (Яҳудо 9, ТҲФ). Ибораи «раиси фариштагон» дар Китоби Муқаддас фақат дар шумораи танҳо вомехӯрад. Аз ин бармеояд, ки танҳо якто чунин фаришта вуҷуд дорад. Беш аз ин, дар Китоби Муқаддас мавқеъи раиси фариштагон бо Исо алоқамандӣ дорад. Дар бораи Исои эҳёшуда ояти 1 Таслӯникиён 4:16 (ТФ) мегӯяд, ки ӯ «бо садо ва бо овози раиси фариштагон ва бо сури Худо аз осмон нозил хоҳад шуд». Дар ин ҷо овози Исо чун овози раиси фариштагон тасвир шудааст. Пас маълум аст, ки Микоили раиси фариштагон худи Исо мебошад.

Сарлашкари сипоҳ. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «Микоил ва фариштаҳояш ба муқобили аждаҳо меҷангиданд, ва аждаҳо ва фариштаҳояш меҷангиданд» (Ваҳй 12:7). Яъне, Микоил Сарлашкари сипоҳи фариштагони одил мебошад. Исо низ дар китоби Ваҳй чун сарлашкари сипоҳи фариштагони одил тасвир мешавад (Ваҳй 19:14–16). Павлуси расул ҳам дар бораи «Худованд Исо» ва «фариштаҳои қувват»-и вай бахусус қайд кардааст (2 Таслӯникиён 1:7). Аз Китоби Муқаддас маълум мешавад, ки ҳам Микоил ва ҳам Исо «фариштаҳои худ»-ро доранд (Матто 13:41; 16:27; 24:31; 1 Петрус 3:22). Азбаски дар ҳеҷ ҷои Каломи Худо гуфта нашудааст, ки дар осмон ду сипоҳи фариштагони одил ҳасту ба яке аз онҳо Микоил ва ба дигараш Исо сарварӣ мекунанд, мантиқан хулоса метавон кард, ки Микоил ҳамон Исои Масеҳ дар ҷалоли осмонияш мебошад *.

^ сарх. 6 Маълумоти бештар оиди он ки номи Микоил ба Писари Худо ишора менамояд, дар энсиклопедияи «Назари амиқ ба Навиштаҳои Муқаддас» (рус.), мақолаи «Михаил» (нашри Шоҳидони Яҳува) мавҷуд аст.