Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ЗАМИМА

Ҳазрати Исо — Масеҳи ваъдашуда аст

Ҳазрати Исо — Масеҳи ваъдашуда аст

ЯҲУВА ХУДО ба пайғамбарони зиёде илҳом бахшид, ки дар Китоби Муқаддас бо ҷузъиёт дар бораи тавлид, хидмат ва марги Наҷотбахши ваъдашуда бинависанд, то ба осонӣ шинохтани ӯ мумкин бошад. Тамоми ин пешгӯиҳои Китоби  Муқаддас дар Исои Масеҳ иҷро шуданд. Онҳо ба таври ҳайратангез дақиқу муфассаланд. Барои тасдиқи ин, биёед масалан баъзе нубувватҳоеро, ки воқеаҳои бо тавлид ва айёми кӯдакии Масеҳ алоқамандбударо пешгӯӣ кардаанд, дида бароем.

Пайғамбар Ишаъё пешгӯӣ кард, ки Масеҳ насли подшоҳ Довуд хоҳад буд (Ишаъё 9:7). Исо дар ҳақиқат аз авлоди Довуд баромадааст (Матто 1:1, 6–17).

 Пайғамбари дигари Худо — Мико пешгӯӣ кард, ки ҳокими оянда бояд дар «Байт-Лаҳми Эфрот» таваллуд шавад (Мико 5:2). Дар замони тавлиди Исо Исроил ду шаҳре бо номи Байт-Лаҳм дошт. Яке аз онҳо дар наздикии Носира дар шимоли мамлакат, дигаре дар қарибии Ерусалим дар Яҳудия ҷойгир буд. Он Байт-Лаҳме, ки ба Ерусалим наздик буд, пештар Эфрот низ номида мешуд. Исо дар ҳамин шаҳр таваллуд ёфт, айнан ҳамон гунае ки Мико-пайғамбар пешгӯӣ карда буд! (Матто 2:1).

Пайғамбари дигар пешгӯӣ кард, ки Худо «Писари Худро аз Миср даъват» мекунад. Исои кӯдакро волидонаш ба Миср бурданд. Ва баъди марги Ҳиродус онҳо аз Миср ба ватан баргаштанд. Ҳамин тавр иҷро шуд пешгӯии Ҳушаъ (Ҳушаъ 11:1; Матто 2:15).

Дар ҷадвали « Пешгӯиҳо дар бораи Масеҳ», дар сутуни дуюм, зери сарлавҳаи «Пешгӯӣ» маҷмӯи нубувватҳо дар бораи Масеҳ оварда шудаанд. Марҳамат, ин оятҳоро бо матнҳои дар сутуни сеюм зери сарлавҳаи «Иҷрошавӣ» овардашуда муқоиса кунед. Ин кор имони шуморо ба ҳақиқат будани Каломи Худо қавитар хоҳад кард.

Ҳангоми қиёси матнҳо, ба инобат гиред, ки ин пешгӯиҳо садсолаҳо қабл аз тавлиди Исо навишта шудаанд. Исо гуфт, ки «ҳар он чӣ дар Тавроти Мусо ва дар суҳафи анбиё ва Забур дар бораи Ман навишта шудааст, бояд ба амал ояд» (Луқо 24:44). Ва ҳамон тавре ки Китоби Муқаддас шаҳодат медиҳад, пешгӯиҳо то ба хурдтарин ҷузъиёташон иҷро шудаанд!