Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 САВОЛИ 8

Дар бораи таҷовуз чиро бояд донам?

Дар бораи таҷовуз чиро бояд донам?

БАРОИ ЧӢ ИНРО ДОНИСТАН ДАРКОР?

Ҳар сол миллионҳо нафарро таҷовуз ва ё зӯроварии ҷинсӣ мекунанд. Бештар ҷавонон қурбони ин гуна корҳо мешаванд.

ТУ МЕБУДӢ, ЧӢ КОР МЕКАРДӢ?

Аннетро пеш аз он ки чизе фаҳмад, касе ба замин меғалтонад. «Ман то қуввати доштаам кӯшиш кардам, ки аз дасти вай халос шавам»,— мегӯяд Аннет. «Ман дод заданӣ мешудам, лекин аз даҳонам садое намебаромад. Ман вайро тела медодам, бо лагаду муштам мезадам ва сару рӯяшро мехарошидам. Аммо вақте ман дар баданам зарбаи кордро ҳис кардам, шах шуда мондам».

Агар ту дар ин хел ҳолат мешудӣ, чӣ кор мекардӣ?

ИСТО ВА ФИКР КУН!

Вақте ту шаб дар берун мегардӣ, бо ту ягон фалокат рӯй доданаш мумкин аст, ҳатто агар ту ба ин гуна хатарҳо тайёр бошӣ. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Вақти номусоид ва нокомӣ ба ҳама... рӯй хоҳад дод» (Воиз 9:11).

Ба баъзе ҷавонон мисли Аннет бегонагон ҳамла меоранд. Ба дигарон бошад, наздикон ё хешу табор. Наталии 10-соларо бачаи наврасе, ки ҳамсояашон буд, таҷовуз кард. Натали мегӯяд: «Аз тарсу шарм ман аввал ба ҳеҷ кас дар ин бора гап намезадам».

 АЙБИ ТУ НЕСТ

Аннет баъди он воқеа то ҳол худро гунаҳкор меҳисобад. «Ман ин ҳодисаро дар майнаи сарам такрор ба такрор тоб медодам», — мегӯяд Аннет. «Мумкин агар ман сахттар мубориза мебурдам, аз дасташ халос мехӯрдам. Гап дар сари он буд, ки вақти корд хӯрданам аз тарс ҷунбида наметавонистам. Лекин баъзан фикр мекунам, ки бояд як илоҷ карда халос мешудам».

Натали ҳам то ҳол худро гунаҳкор меҳисобад. «Ман набояд ин қадар сода мешудам»,— мегӯяд Натали. «Падару модарам ҳамеша мегуфтанд, ки дар берун бо хоҳарам якҷоя бозӣ кунам, аммо ман ба гапи онҳо гӯш надодам. Бо ин корам ман ба ҳамсояам имконият додам, ки маро таҷовуз кунад. Ман бисёр ғам мехӯрдам, ки ин ҳодиса ба оилаамон чӣ тавр таъсир мекарда бошад. Ин воқеа ба сари оилаамон бадбахтӣ овард. Ман худро барои ин айбдор ҳис мекунам ва то ҳол бо ин ҳиссиёт мубориза мебарам».

Агар ту ҳам дар ҳолати Аннет ва Натали бошӣ, ҳамеша дар ёд дор, ки ин хоҳиши ту набуд. Баъзе одамон фикр мекунанд, ки худи шахс айбдор аст, ки таҷовуз шудааст. Аммо ҳеҷ кас намехоҳад, ки ӯро таҷовуз кунанд. Агар ту ҳам қурбони ҳамин хел рафтори ваҳшиёна шуда бошӣ, дар ин ҷо айби ту нест.

Албатта, «айби ту нест» гуфтан осон аст, аммо ба ин бовар кардан душвортар аст. Баъзеҳо он ҳодисаи нохушро фаромӯш карда наметавонанд ва худро гунаҳкор ҳис мекунанд. Аз ин сабаб бисёр азоб мекашанд. Хап шиштанат на ба фоидаи ту, балки ба фоидаи ҷинояткор аст.

БА ЯГОН КАС ГӮЙ

Дар Китоби Муқаддас дар бораи Айюб-пайғамбар гуфта мешавад, ки ӯ сахт азоб мекашид. Лекин ӯ ин дарду азобашро дар дил нигоҳ надошта гуфт: «Аз талхии ҷони худ сухан меронам» (Айюб 10:1). Ту ҳам агар ҳамин тавр рафтор кунӣ, худро беҳтар ҳис мекунӣ. Ба шахсе, ки ба ӯ бовар мекунӣ, дилатро холӣ кун. Ин ба ту ёрдам мекунад, ки ба воқеаи рӯйдода тан диҳӣ ва аз банди ғам озод шавӣ.

Бори дарду аламатро танҳо набардор. Аз дигарон ёрдам пурс ва дилатро ба ягон кас кушо

Аннет ҳамин хел кард. Ӯ мегӯяд: «Ман дар ин бора бо дӯсти наздикам гап задам ва ӯ ба ман гуфт, ки бо пирон гап занам. Онҳо якчанд бор бо ман сӯҳбат карданд, маро рӯҳбаланд карданд ва он чизеро гуфтанд, ки бояд мешунидам. Онҳо гуфтанд, ки дар ин ҳодиса ягон зарра айби ман нест. Ман хеле хурсандам, ки ба онҳо диламро холӣ кардам».

Натали дар ин бора бо падару модараш гап зад. Ӯ нақл мекунад: «Онҳо маро дилбардорӣ карданд. Гуфтанд, ки бемалол дар ин бора бо онҳо гап занам. Ин ба ман ёрдам кард, ки қаҳру ғазабро аз дилам берун кунам ва бори аламамро танҳо набардорам».

Боз чӣ ба ӯ ёрдам кард? Ӯ мегӯяд: «Бо Худо гап задан ба ман қувват мебахшад. Хусусан, вақте ки ман дар ин бора ба касе гап зада наметавонистам. Ман дар дуо озодона гап мезадам ва худро орому осуда ҳис мекардам».

Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки «вақте барои шифо додан» ҳаст (Воиз 3:3). Дар бораи саломатиат ғамхорӣ кун ва кӯшиш кун, ки бисёр ғам нахӯрӣ. Дамгириро фаромӯш накун ва аз ҳама муҳимаш ба Яҳува, ки сарчашмаи оромию тасаллист, такя кун (2 Қӯринтиён 1:3, 4).

 АГАР СИННУ СОЛАТ БАРОИ ВОХӮРӢ РАСИДА БОШАД

Агар ту духтар бошӣ ва туро ба рафтори нопок тела доданӣ шаванд, бо боварӣ «Ба ман даст нарасон!» ё «Дур шав аз ман!» гуфта метавонӣ. Натарс, ки писаре, ки бо ӯ вомехӯрӣ, аз ту хафа мешавад ва ту ӯро аз даст медиҳӣ. Агар ӯ баъд аз ин рафторат туро партояд, пас, ӯ сазовори ту нест. Ту сазовори марди ҳақиқӣ ҳастӣ, ки туро ва фикру ақидаатро ҳурмат кунад.

ТЕСТ

«Дар мактаби миёна бачаҳо аз пушти синабандам кашида, ҳар хел гапҳои бешармона мегуфтанд, ба монанди он ки, агар бо онҳо ҳамхоба шавам, чӣ хел хуб мешавад» (Комила).

Рафтори он бачаҳо чӣ хел буд?

  1. Шӯхӣ?

  2. Ишқбозӣ?

  3. Рафтори норавои шаҳвонӣ?

«Дар автобус як бача ба ман гапҳои бемаънӣ гуфта, маро ба оғӯш гирифтанӣ шуд. Ман дасташро тела дода, гуфтам, ки он сӯ равад. Ӯ ҳайрон-ҳайрон ба ман нигоҳ кард, гӯё ман ягон девона бошам» (Солеҳа).

Рафтори ин бачаро чӣ хел номидан мумкин?

  1. Шӯхӣ?

  2. Ишқбозӣ?

  3. Рафтори норавои шаҳвонӣ?

«Як сол пеш як бача ба ман мегуфт, ки маро нағз мебинад ва мехоҳад, ки ман бо ӯ гардам. Ман доим «не» мегуфтам, лекин ӯ аз ман дур намешуд. Баъзан ӯ дасти маро мемолид. Ман мегуфтам, ки бас кунад, лекин ӯ бас намекард. Як бор ман хам шуда банди туфлиамро мебастам, ки ба кунам оҳистаяк зад» (Бону).

Рафтори ин бача чӣ хел буд?

  1. Шӯхӣ?

  2. Ишқбозӣ?

  3. Рафтори норавои шаҳвонӣ?

Ҷавоби дуруст ба ҳамаи саволҳо варианти В аст.

Рафтори норавои шаҳвонӣ аз шӯхӣ ва ишқбозӣ чӣ фарқ дорад?

Шӯхӣ ва ишқбозӣ дутарафа аст. Лекин рафтори норавои шаҳвонӣ мисли ҳамла аст. Ба касе, ки ин корро мекунад, мегӯянд, ки бас кунад, ӯ бошад, бас намекунад.

Рафтори норавои шаҳвонӣ оқибати хеле бад дорад. Он метавонад ба таҷовуз оварда расонад.