Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 САВОЛИ 7

Агар маро ба алоқаи ҷинсӣ тела диҳанд, чӣ кор кунам?

Агар маро ба алоқаи ҷинсӣ тела диҳанд, чӣ кор кунам?

БАРОИ ЧӢ ИНРО ДОНИСТАН ДАРКОР?

Қарорҳое, ки ҳозир қабул мекунӣ, ба ҳаёти ояндаат таъсир мекунанд.

ТУ МЕБУДӢ, ЧӢ КОР МЕКАРДӢ?

Ин воқеаро тасаввур кун: Ҳангома бо Меҳроҷ се моҳ вохӯрда истодааст, лекин ба назараш чунин метобад, ки ӯро як умр мешиносад. Онҳо тез-тез ба якдигар СМС менависанд, соатҳои дароз бо телефон гап мезананд ва қариб ки бе гап якдигарро мефаҳманд.

Дар муддати ду моҳи охир онҳо аллакай даст ба даст мегарданд ва якдигарро мебӯсанд. Лекин ин барои Меҳроҷ кам аст. Ҳангома бошад, чизи бештареро намехоҳад. Аммо ӯ метарсад, ки мабодо дили Меҳроҷ аз ӯ хунук шавад. Вақте ӯ ҳамроҳи Меҳроҷ аст, худро зебову нозанин ҳис мекунад. «Ғайр аз ин,— фикр мекунад Ҳангома,— ману Меҳроҷ якдигарро дӯст медорем-ку».

Агар ту синну солат барои бо касе вохӯрдан мувофиқ мебуд, дар ҳолати Ҳангома чӣ кор мекардӣ?

ИСТО ВА ФИКР КУН!

Алоқаи ҷинсӣ ин тӯҳфаи Худо ба одамони оиладор аст. Пеш аз оиладоршавӣ ба ин кор даст зада ту нишон медиҳӣ, ки ин тӯҳфаро қадр намекунӣ. Ин монанди он аст, ки касе ба ту куртаи зебое тӯҳфа кард, ту бошӣ, онро ба ҷои латта истифода мебарӣ

Агар ту аз болои дарахт парида, мисли парранда парвоз карданӣ шавӣ, оқибаташ нағз намешавад. Барои чӣ? Чунки ту қонуни физика, яъне қонуни ҷозибаро писанд накардӣ. Ҳамин тавр ҳам, агар ту қонуни ахлоқиро вайрон кунӣ, оқибати талхашро мечашӣ. Яке аз чунин қонунҳо мегӯяд, ки шахс набояд бо касе, ки зан ё шавҳараш нест, хуфтухоб кунад: «Аз зино парҳез кунед» (1 Таслӯникиён 4:3).

Агар ин қонунро вайрон кунӣ, чӣ мешавад? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Зинокор бар зидди ҷисми худаш гуноҳ мекунад» (1 Қӯринтиён 6:18). Ин чӣ маъно дорад?

 Олимон фаҳмиданд, ки бисёр ҷавононе, ки пеш аз оиладоршавӣ алоқаи ҷинсӣ (секс) кардаанд, баъдтар чунин душвориҳоро аз сар гузарониданд:

  • ПУШАЙМОНӢ. Қариб ҳама ҷавононе, ки пеш аз издивоҷ ба алоқаи ҷинсӣ даст задаанд, баъдтар аз ин корашон пушаймон шудаанд.

  • НОБОВАРӢ. Вақте духтару писаре, ки ҳоло оиладор нестанд, бо ҳам алоқаи ҷинсӣ мекунанд, баъд аз худ мепурсанд: «Ӯ ба ғайр аз ман боз бо кӣ алоқаи ҷинсӣ карда бошад?»

  • ДИЛХУНУКӢ. Дар даруни дил бисёри духтарон мехоҳанд ҳамроҳи касе бошанд, ки онҳоро қадр кунад, на ин ки истифода барад. Бисёри писарон бошанд, вақте бо духтаре алоқаи ҷинсӣ мекунанд, дилашон аз вай мемонад.

  • Хулоса: Агар ту пеш аз оиладор шудан ба алоқаи ҷинсӣ (секс) даст занӣ, қадру қимататро паст мекунӣ ва як чизи пурарзишро аз даст медиҳӣ (Румиён 1:24). Ҳеҷ гоҳ тани худро беқадр накун!

Нишон деҳ, ки ту қувват ва иродаи қавӣ дорӣ ва «аз зино парҳез» карда метавонӣ (1 Таслӯникиён 4:3). Вақте ки аллакай оиладор шудӣ, бо виҷдони тоза метавонӣ алоқаи ҷинсӣ кунӣ. Он вақт ин ба ту хурсандӣ меорад ва хавотирӣ, пушаймонӣ ё чизи дигар туро ғам намедиҳад (Масалҳо 7:22, 23; 1 Қӯринтиён 7:3).

 ТУ ЧӢ ФИКР ДОРӢ?

  • Оё касе, ки туро нағз мебинад, ҳиссиёт ва саломатии туро зери хатар мемонад?

  • Оё касе, ки туро нағз мебинад, мехоҳад, ки ту дар назари Худо нопок шавӣ? (Ибриён 13:4).