Гузаштан ба маводи асосӣ

Ин ҷаҳон дар дасти кист?

Ин ҷаҳон дар дасти кист?

Ҷаҳон дар дасти...

  • Худо?

  • одамон?

  • ё ягон каси дигар?

 КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД

«Тамоми ҷаҳон дар дасти Иблис аст» (1 Юҳанно 5:19, Тарҷумаи дунёи нав).

«Худои сулҳу осоиштагӣ ба қарибӣ Шайтонро... несту нобуд мекунад» (Румиён 16:20, Тарҷумаи дунёи нав).

ИН БАРОИ ШУМО ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Фаҳмидани сабаби асосии проблемаҳои ҷаҳонӣ (Ваҳй 12:12).

Боварӣ ба беҳтар гардидани вазъияти ҷаҳон (1 Юҳанно 2:17).

 ОЁ МО БА СУХАНОНИ КИТОБИ МУҚАДДАС БОВАРӢ КАРДА МЕТАВОНЕМ?

Бале, камаш се сабаб вуҷуд дорад:

  • Маҳкумияти ҳокимияти Шайтон. Яҳува азм кардааст, ки роҳбарии Шайтонро бар замин барҳам медиҳад. Ӯ ваъда медиҳад, ки «Иблисро нобуд» мекунад ва тамоми зарари ба инсоният расонидаи Шайтонро бартараф месозад (Ибриён 2:14).

  • Худо Исои Масеҳро ҳукмрони ин ҷаҳон таъин кардааст. Исои Масеҳ аз ин ҳокими бераҳм ба куллӣ фарқ мекунад. Худо дар бораи ҳукмронии Исо чунин ваъда медиҳад: «Ба бенаво ва мискин шафқат хоҳад кард... Аз макр ва зулм ҷонҳои онҳоро раҳо хоҳад кард» (Забур 71:13, 14).

  • Худо ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегӯяд. Китоби Муқаддас аниқу равшан мегӯяд: «Дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест» (Ибриён 6:18). Агар Яҳува ягон чиро ваъда диҳад, гуфтан мумкин аст, ки он аллакай иҷро шудааст! (Ишаъё 55:10, 11). «Ҳокими ин ҷаҳон ронда хоҳад шуд» (Юҳанно 12:31).

 ДАР ИН БОРА ФИКР КУНЕД

Агар ҳокими ҷаҳонро бадар ронанд, ҷаҳон чӣ гуна мешуда бошад?

Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоб медиҳад: ЗАБУР 36:10, 11 ва ВАҲЙ 21:3, 4.