Гузаштан ба маводи асосӣ

Оё ранҷу азоб ба охир мерасад?

Оё ранҷу азоб ба охир мерасад?

Шумо дар ҷавоб чӣ мегуфтед?

  • Бале

  • Не

  • Шояд

 КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД

«Худо... ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва марг дигар нахоҳад буд, гиря, фиғон ва дард дигар нахоҳад буд. Он чи пештар буд, гузашт» (Ваҳй 21:3, 4, Тарҷумаи дунёи нав).

ИН БАРОИ ШУМО ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Боварӣ ба он ки Худо сабабгори душвориҳои мо шуда наметавонад (Яъқуб 1:13).

Тасаллӣ аз донистани он ки Худо нисбати азоби мо чӣ ҳиссиёт дорад (Закарё 2:8).

Умед ба он ки ҳамаи азобҳо ба анҷом хоҳанд расид (Забур 36:9–11).

 ОЁ МО БА СУХАНОНИ КИТОБИ МУҚАДДАС БОВАРӢ КАРДА МЕТАВОНЕМ?

Бале, камаш ду сабаб вуҷуд дорад:

  • Худо аз ранҷу азоб ва беадолатӣ нафрат дорад. Вақте ки ба халқаш бераҳмона муносибат мекарданд, Яҳува Худо чиро ҳис мекард? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо оҳу нолаи халқашро, ки «аз дасти золимон ва ситамгарони худ» мекашиданд, дида ғамгин мешуд (Доварон 2:18).

    Худо нисбати онҳое, ки ба дигарон зарар мерасонанд, беаҳамият нест. Масалан, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худованд аз дастҳое, ки хуни ноҳақро мерезад, нафрат дорад (Масалҳо 6:16, 17).

  • Худо нисбати ҳар яки мо ғамхор аст. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ҳар кас дарду азоби худашро медонад. Лекин мо танҳо нестем, Яҳува низ дарди моро медонад (2 Вақоеънома 6:29, 30).

    Яҳува бо воситаи Подшоҳии худ ба қарибӣ ҳамаи он ранҷу азобе, ки ҳар яки мо дорем, бартараф хоҳад кард (Матто 6:9, 10). Аммо ҳоло бошад, Худо онҳоеро, ки ба Ӯ муроҷиат мекунанд, бо дилсӯзи тасаллӣ медиҳад (Аъмол 17:27; 2 Қӯринтиён 1:3, 4).

 ДАР ИН БОРА ФИКР КУНЕД

Чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад?

Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоб медиҳад: РУМИЁН 5:12 ва 2 ПЕТРУС 3:9.