Гузаштан ба маводи асосӣ

Калиди хушбахтии оила дар чист?

Калиди хушбахтии оила дар чист?

Ба фикри шумо...

  • дар муҳаббат?

  • дар пул?

  • ё дар чизи дигар?

 КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД

«Касоне, ки каломи Худоро мешунаванд ва риоя мекунанд, хушбахттаранд» (Луқо 11:28, Тарҷумаи дунёи нав).

ИН БАРОИ ШУМО ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Муҳаббати ҳақиқиро ба даст меоред (Эфсӯсиён 5:28, 29).

Аз эҳтироми самимӣ хурсандӣ мегиред (Эфсӯсиён 5:33).

Ба ҳамдигар ҳамеша боварӣ дошта метавонед (Марқӯс 10:6–9).

 ОЁ МО БА СУХАНОНИ КИТОБИ МУҚАДДАС БОВАРӢ КАРДА МЕТАВОНЕМ?

Бале, камаш ду сабаб вуҷуд дорад:

  • Худо Асосгузори оила мебошад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки ба туфайли Яҳува Худо «ҳар оила... ба вуҷуд омадааст» (Эфсӯсиён 3:14, 15). Дигар хел карда гӯем, агар Худо оиларо барпо намекард, он вуҷуд намедошт. Чаро донистани ин муҳим аст?

    Мисоле меорем. Агар ба шумо маззаи хӯроке маъқул шаваду аз кадом маҳсулот тайёр кардани онро фаҳмидан хоҳед, шумо аз кӣ мепурсидед? Албатта, аз касе ки онро тайёр кардааст.

    Ба ин монанд, барои фаҳмидани калиди хушбахтии оила, хуб мебуд, ки мо ба Асосгузори оила, Яҳува, муроҷиат кунем (Ҳастӣ 2:18–24).

  • Худо ба шумо ғамхорӣ мекунад. Агар оилаҳо маслиҳати Яҳуваро, ки ба воситаи Каломаш медиҳад, ҷӯё бошанд, ин аз рӯи хирад мебуд. Чаро? «Зеро Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 Петрус 5:6, 7). Яҳува самимона нисбати шумо ғамхорӣ мекунад ва маслиҳатҳои Ӯ доимо манфиат меоранд! (Масалҳо 3:5, 6; Ишаъё 48:17, 18).

 ДАР ИН БОРА ФИКР КУНЕД

Чӣ тавр шумо, шавҳар, зан ё волиди хуб буда метавонед?

Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоб медиҳад: ЭФСӮСИЁН 5:1, 2 ва ҚӮЛАССИЁН 3:18–21.