Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БОБИ СЕ

Худо барои мо чӣ ният дорад?

Худо барои мо чӣ ният дорад?

1. Худо барои одамон чӣ ният дорад?

ХУДО барои мо нияти хеле хуб дорад. Вақте Ӯ аввалин одамон — Одаму Ҳавворо офарид, онҳоро дар биҳишти рӯйи замин ҷойгир кард. Худо мехост, ки онҳо кӯдакдор шаванд, тамоми заминро биҳишт гардонанд ва ба ҳайвонот ғамхорӣ кунанд. Имрӯз ҳам нияти Худо дигар нашудааст ва Ӯ мехоҳад, ки одамон дар ҳамин хел шароит зиндагӣ кунанд (Ҳастӣ 1:28; 2:8, 9, 15; нигаред ба Мавзӯи 5).

2. а) Аз куҷо медонем, ки Худо ваъдаҳояшро иҷро мекунад? б) Ба гуфти Китоби Муқаддас дар оянда дар рӯйи замин кӣ зиндагӣ мекунад ва чӣ қадар?

2 Оё вақте мешавад, ки мо боз дар биҳишт зиндагӣ кунем? Яҳува мегӯяд: «Он чӣ гуфтаам... ба амал хоҳам овард» (Ишаъё 46:9–11; 55:11). Худо он чизеро, ки ният кардааст, ҳатман иҷро мекунад ва ҳеҷ чиз пеши роҳи Ӯро гирифта наметавонад. Худо заминро бо кадом мақсад офарид? Барои он ки одамон дар он зиндагӣ кунанд (Ишаъё 45:18). Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст: «Одилон [итоаткорон] вориси замин хоҳанд буд, ва дар он то абад сукунат хоҳанд кард». Аз ин ҷо мефаҳмем, ки Худо мехоҳад, ки дар замин фақат одамони итоаткор бошанд ва то абад, яъне беохир зиндагӣ кунанд (Забур 36:29; Ваҳй 21:3, 4).

3. Азбаски одамон касал мешаванду мемуранд, кадом савол пайдо мешавад?

3 Имрӯз одамон касал мешаванд ва мемуранд. Дар бисёр ҷойҳо одамон ҷанг мекунанду якдигарро  мекушанд. Магар Худо мехост, ки ин хел шавад? Албатта, не. Пас, барои чӣ ин чизҳо рӯй медиҳанд? Ҷавобашро танҳо аз Китоби Муқаддас фаҳмидан мумкин аст.

ДУШМАНИ ХУДО

4, 5. а) Кӣ бо Ҳавво ба воситаи мор гап зад? б) Чӣ тавр одам дузд мешавад?

4 Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Худо душмане дорад, ки «иблис ва шайтон ном дорад». Шайтон дар боғи Адан морро истифода бурда бо Ҳавво гап зад (Ваҳй 12:9; Ҳастӣ 3:1). Ӯ коре кард, то Ҳавво фикр кунад, ки бо мор гап зада истодааст. (Нигаред ба Мавзӯи 6.)

5 Аммо Шайтон аз куҷо пайдо шуд? Оё Худо ӯро ҳамин хел офарид? Не! Вақте Худо заминро офарид, дар осмон фариштагони бисёр буданд. Яке аз он фариштагон оҳиста-оҳиста бад шуда Шайтон шуд (Айюб 38:4, 7). Чӣ тавр? Ҳамон тавре ки одам дузд мешавад. Албатта, ҳеҷ кас аз шиками модараш дузд таваллуд намешавад. Ӯ чизеро, ки аз вай нест, ҳавас мекунад ва дар бораи он фикр кардан мегирад. Оҳиста-оҳиста хоҳишаш сахт мешавад. Ва ҳамин ки имконият пайдо мешавад, ӯ дуздӣ мекунад. (Яъқуб 1:13–15-ро хонед; нигаред ба Мавзӯи 7.)

6. Чӣ тавр як фариштаи хуб душмани Худо шуд?

6 Бо ҳамон фаришта ҳам ҳамин хел шуд. Вақте Яҳува Одаму Ҳавворо офарид, ба онҳо гуфт, ки кӯдакдор шаванду «заминро пур» кунанд (Ҳастӣ 1:27, 28). Шояд, он фаришта мехост, ки одамон ба Яҳува неву ба вай ибодат кунанд. Ӯ дар ин бора фикр кардан гирифт ва хоҳиш дар дилаш реша давонд. Барои ба мақсади худ расидан, ӯ Ҳавворо фиреб кард. (Ҳастӣ 3:1–5-ро хонед.) Ҳамин тавр, як фариштаи хуб Шайтон, яъне душмани Худо гашт.

7. а) Барои чӣ Одаму Ҳавво мурданд? б) Барои чӣ мо пир мешавему мемурем?

 7 Одаму Ҳавво ба гапи Худо гӯш надоданд ва меваи манъшударо хӯрданд (Ҳастӣ 2:17; 3:6). Онҳо бар зидди Яҳува гуноҳ карданд ва, ҳамон тавре ки Худо огоҳ карда буд, мурданд (Ҳастӣ 3:17–19). Фарзандони Одаму Ҳавво ҳам гунаҳкор таваллуд мешуданд, барои ҳамин мемурданд. (Румиён 5:12-ро хонед.) Барои фаҳмидани ин биёед як мисолро дида бароем. Тасаввур кунед, ки дар ягон қолаби пачақ нон мепазед. Нони пухтаи шумо пачақ мешавад. Одам ба ҳамон қолаб монанд аст, мо бошем, ба нон. Одам ба Худо гӯш накард ва гунаҳкор шуд. Азбаски мо фарзандони Одамем, ҳамаамон гунаҳкор таваллуд мешавем. Ана барои чӣ ҳамаи мо пир мешавем ва мемурем (Румиён 3:23; нигаред ба Мавзӯи 8).

8, 9. а) Шайтон Одаму Ҳавворо фиреб карда ба онҳо чӣ гуфт? б) Барои чӣ Яҳува Одаму Ҳавво ва Шайтонро даррав нест накард?

8 Шайтон Одаму Ҳавворо фиреб дод ва онҳо бар зидди Худо баромаданд. Бо ин кор худи Шайтон душмани Худо шуд. Ӯ ба Одаму Ҳавво гуфт, ки Яҳува дурӯғгӯй аст ва намехоҳад, ки онҳо хушбахт бошанд. Ба гуфти Шайтон онҳо бе Худо ҳам зиндагӣ карда метавонанд. Ӯ гуфт, ки онҳо ҳам ҳақ доранд мисли Худо гӯянд, ки чӣ хуб асту чӣ бад. Яҳува чӣ кор кард? Оё Ӯ онҳоеро, ки бар зидди Ӯ баромаданд, даррав нест кард? Не. Агар Яҳува ин хел мекард, дурӯғгӯй будани Шайтон маълум намешуд.

9 Барои ҳамин Яҳува онҳоро нест накард. Ӯ гузошт, ки одамон бар худашон ҳукмронӣ кунанд. Ҳамин тавр бо гузашти вақт маълум мешуд, ки Шайтон дурӯғгӯй аст ва Худо беҳтар медонад, ки барои хушбахтии одамон чӣ даркор аст. Дар ин бора мо аз боби 11 бештар мефаҳмем. Оё Одаму Ҳавво кори дуруст карданд? Оё  барои ин кор онҳо сабаб доштанд? Албатта, не. Яҳува ба Одаму Ҳавво ҳама чиро дода буд. Онҳо метавонистанд дар шароити беҳтарин, дар ҷойи хеле зебо беохир зиндагӣ кунанд ва аз кори шавқовар хурсандӣ гиранд. Онҳо ягон камбудӣ надоштанд. Шайтон бошад, барои онҳо ягон кори хуб накарда буд. Агар шумо ба ҷойи Одаму Ҳавво мебудед, чӣ кор мекардед?

10. Ҳар яки мо чӣ гуна интихоб дорем?

 10 Имрӯз ҳар яки мо мисли Одаму Ҳавво метавонем интихоби дуруст ё нодуруст кунем. Аз ин зиндагии мо вобаста аст. Мо метавонем Яҳуваро ҳокими худ интихоб кунем ё Шайтонро. Агар мо Худоро гӯш кунем, бо ин кор мо исбот мекунем, ки Шайтон дурӯғгӯй аст. (Забур 72:28; Масалҳо 27:11-ро хонед.) Сад афсӯс ки, дар ин дунё одамони кам Худоро гӯш мекунанд.

ҲОКИМИ ИН ДУНЁ КИСТ?

Агар ҳама ҳокимиятҳои дунё аз Шайтон намебуд, оё ӯ онҳоро ба Исо пешкаш мекард?

11, 12. а) Аз суханони Шайтон мо чӣ мефаҳмем? б) Кадом оятҳо нишон медиҳанд, ки Шайтон ҳокими ин ҷаҳон аст?

11 Исо медонист, ки ҳокими ин ҷаҳон кист. Боре Шайтон «ҳама мамлакатҳои ҷаҳон ва ҷалоли онҳоро ба [Исо] нишон дод». Ӯ ба Исо чунин ваъда дод: «Агар рӯй ба замин ниҳода, ба ман саҷда кунӣ, ҳамаи онҳоро ба Ту медиҳам» (Матто 4:8, 9; Луқо 4:5, 6). Худатон фикр кунед: «Агар ҳама ҳокимиятҳои дунё аз Шайтон намебуд, оё ӯ онҳоро ба Исо пешкаш мекард?» Албатта, не. Аз ин маълум мешавад, ки ҳамаи ҳокимиятҳо дар дасти Шайтон мебошанд.

12 Шояд, шумо аз фаҳмидани ин ҳайрон шуда пурсед: «Оё Яҳува Худои Таоло нест? Магар Ӯ ҳама чизро наофаридааст?» (Ваҳй 4:11). Бале, лекин Исо Шайтонро «мири ин ҷаҳон» номид (Юҳанно 12:31; 14:30; 16:11). Павлуси расул Шайтонро «худои ин дунё» номид (2 Қӯринтиён 4:3, 4). Юҳаннои расул бошад, гуфта буд, ки «тамоми ҷаҳон дар зери ҳукумати иблис аст» (1 Юҳанно 5:19).

ЧӢ ТАВР ДУНЁИ ШАЙТОН НЕСТ МЕШАВАД?

13. Барои чӣ Худо дунёи навро барпо мекунад?

13 Рӯз аз рӯз ин дунё боз ҳам бадтару бадтар шуда истодааст. Ҷаҳон пур аз ҷанг, порахӯрӣ, дурӯягӣ ва  зӯроварӣ мебошад. Одамон чи қадаре ки кӯшиш накунанд, наметавонанд ин душвориҳоро бартараф кунанд. Лекин аз дасти Яҳува ҳама кор меояд. Ба наздикӣ Худо дар ҷанги Ҳармиҷидӯн ин дунёи бадро нест мекунаду ба ҷойи он дунёи нав барпо мекунад. (Ваҳй 16:14–16; нигаред ба Мавзӯи 9.)

14. Яҳува киро Подшоҳи ҳукумати худ интихоб кард? Дар бораи Исо дар Китоби Муқаддас чӣ пешгӯӣ шуда буд?

14 Яҳува дунёи навро чӣ тавр барпо мекунад? Ба воситаи ҳукумати осмонии худ. Яҳува Исои Масеҳро Подшоҳи он ҳукумат интихоб кардааст. Ҳазорсолаҳо пеш аз ин дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шуда буд, ки Исо «Мири осоиштагӣ» мешавад ва то абад подшоҳӣ мекунад (Ишаъё 9:6, 7). Исо шогирдонашро таълим медод, ки дар бораи ин ҳокимият дуо гӯянд: «Малакут [Подшоҳӣ]-и Ту биёяд; ирода [хост]-и Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд» (Матто 6:10). Аз боби 8-ум мефаҳмем, ки чӣ тавр ҳокимиятҳои ин ҷаҳон нест мешаванд ва ҷойи онҳоро Подшоҳии Худо мегирад. (Дониёл 2:44-ро хонед.) Он вақт зери роҳбарии Подшоҳии Худо замин биҳишти зебо мегардад. (Нигаред ба Мавзӯи 10.)

ДУНЁИ НАВ НАЗДИК АСТ!

15. «Замини нав» чист?

15 Китоби Муқаддас ваъда медиҳад: «Мо, мувофиқи ваъдаи Ӯ, мунтазири осмони нав ва замини нав ҳастем, ки дар онҳо адолат сокин хоҳад буд» (2 Петрус 3:13; Ишаъё 65:17). Баъзан дар Китоби Муқаддас «замин» гуфта, одамони рӯйи замин дар назар дошта мешаванд (Такрори Шариат 32:1). Барои ҳамин «замини нав» одамоне мебошанд, ки гапи Худоро гӯш мекунанд ва баракати Ӯро соҳиб мешаванд.

16. Худо ба касоне, ки дар дунёи нав зиндагӣ мекунанд, чӣ ато мекунад ва барои ин аторо гирифтан мо бояд чӣ кор кунем?

 16 Исо ваъда дод, ки дар дунёи нави Худо одамон соҳиби «ҳаёти ҷовидонӣ» мешаванд, яъне ҳеҷ гоҳ намемуранд (Марқӯс 10:30). Барои ин чизро ба даст овардан мо бояд чӣ кор кунем? Ҷавоб ба ин савол дар Юҳанно 3:16 ва 17:3 навишта шудааст. Акнун биёед фаҳмем, ки зиндагӣ дар биҳишти рӯйи замин чӣ хел мешавад.

17, 18. Мо аз куҷо медонем, ки дар тамоми замин тинҷиву амонӣ мешавад?

17 Бадӣ, ҷанг, ҷиноят ва зӯроварӣ дигар намешавад. Дигар дар рӯйи замин ному нишони одамони бад намемонад (Забур 36:10, 11). Худо «ба ҷангҳо то ақсои замин хотима» мебахшад, яъне коре мекунад, ки дар рӯйи замин дигар ҳеҷ гоҳ ҷанг нашавад (Забур 45:10; Ишаъё 2:4). Дар рӯйи замин фақат одамоне мемонанд, ки Худоро дӯст медоранд ва ба гапи Ӯ гӯш медиҳанд. Дар тамоми замин тинҷиву амонӣ мешавад (Забур 71:7).

18 Халқи Яҳува орому осуда зиндагӣ мекунад. Дар замонҳои пеш, вақте исроилиён Худоро гӯш мекарданд, Худо онҳоро нигаҳбонӣ мекард (Ибодат 25:18, 19). Дар Биҳишт ҳам ҳамин хел мешавад. Мо дигар аз ҳеҷ касу ҳеҷ чиз наметарсем. Худо моро доимо дар паноҳаш нигоҳ хоҳад дошт. (Ишаъё 32:18 ва Мико 4:4-ро хонед.)

19. Мо аз куҷо медонем, ки дар дунёи нави Худо сериву пурӣ мешавад?

19 Сериву пурӣ мешавад. «Ғалла дар замин то ба қуллаи кӯҳҳо фаровон хоҳад шуд» (Забур 71:16). Яҳува, «Худои мо, моро баракат хоҳад дод» ва «замин ҳосили худро» медиҳад (Забур 66:7).

20. Аз куҷо медонем, ки замин биҳишт мешавад?

20 Тамоми замин биҳишт мешавад. Одамон  соҳиби боғу хонаҳои хушрӯй мешаванд. (Ишаъё 65:21–24 ва Ваҳй 11:18-ро хонед.) Тамоми замин мисли боғи Адан зебо мешавад. Яҳува ба ҳар яки мо ҳама чизи лозимаро медиҳад. Китоби Муқаддас дар бораи Ӯ мегӯяд: «Дасти Худро мекушоӣ, ва ҳамаи зиндаҳоро ба дилхоҳашон сер мекунӣ» (Забур 144:16).

21. Мо аз куҷо медонем, ки дар дунёи нав одаму ҳайвон ба якдигар зарар намерасонанд?

21 Одаму ҳайвон ба якдигар зарар намерасонанд. Дар дунёи нав ҳатто кӯдакон аз ҳайвонҳои ваҳшӣ наметарсанд. (Ишаъё 11:6–9; 65:25-ро хонед.)

22. Исо барои беморон чӣ кор мекунад?

22 Дигар ҳеҷ кас касал намешавад. Вақте Исо дар замин буд, ӯ одамони бисёрро сиҳат мекард (Матто 9:35; Марқӯс 1:40–42; Юҳанно 5:5–9). Дар оянда бошад, Исо — Подшоҳи Салтанати Худо ҳамаро сиҳат мекунад. Дигар ҳеҷ кас намегӯяд: «Ман бемор ҳастам» (Ишаъё 33:24; 35:5, 6).

23. Худо барои мурдагон чӣ кор мекунад?

23 Мурдаҳо зинда мешаванд. Худо ваъда медиҳад, ки миллиардҳо одамони мурдаро зинда мекунад. «Ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳёи мурдагон [зиндашавӣ] дар пеш аст» (Юҳанно 5:28, 29-ро хонед; Аъмол 24:15).

24. Оё шумо дар Биҳишт зиндагӣ кардан мехоҳед?

24 Ихтиёр ҳама вақт дар дасти мост. Мо метавонем дар бораи Худо хонем ва Ӯро гӯш кунем. Агар чунин кунем, мо соҳиби ояндаи дурахшон мешавем. Ё мо метавонем чизе диламон хоҳад, ҳамонро кунем. Вақте як мард пеш аз маргаш аз Исо илтимос кард, ки ӯро фаромӯш накунад, Исо ба ӯ ваъда дод: «Бо ман дар биҳишт хоҳӣ буд» (Луқо 23:43). Биёед дар бораи Исо бисёртар фаҳмем ва бинем, ки ӯ чӣ тавр ваъдаҳои Худоро ба ҷо меорад.