Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БОБИ ПАНҶ

Бузургтарин тӯҳфаи Худо

Бузургтарин тӯҳфаи Худо

1, 2. а) Ба шумо чӣ хел тӯҳфа маъқул аст? б) Худо барои мо чӣ кор кард?

БЕҲТАРИН тӯҳфае, ки ба шумо додаанд, кадом аст? Барои он ки тӯҳфа ба шумо маъқул шавад, шарт нест, ки он қимат бошад, ҳамин тавр не? Муҳимаш ин ки он шуморо хурсанд кунад ё чизи даркорӣ бошад.

2 Худо ба мо чизҳои бисёре додааст. Лекин як тӯҳфаи Ӯ аз ҳама тӯҳфаҳои дигараш беҳтар аст. Онро бузургтарин тӯҳфаи Худо меноманд. Дар ин боб мо мефаҳмем, ки Худо Писари худ — Исои Масеҳро ба замин фиристод, то ки мо беохир зиндагӣ кунем. (Матто 20:28-ро хонед.) Бо ин кораш Худо нишон дод, ки моро хеле дӯст медорад.

ГУНОҲИ ОДАМ БА МО ЧӢ ХЕЛ ТАЪСИР КАРД?

3. Барои чӣ мо мемурем?

3 Чанд ҳазор сол пеш дар боғи Адан Одаму Ҳавво гуноҳ карданд ва оқибат мурданд. Мо ҳам мемурем, чунки фарзандони Одаму Ҳавво ҳастем ва гуноҳро аз онҳо мерос гирифтаем. Аммо Худо мехоҳад моро аз гуноҳ ва марг озод кунад (Эфсӯсиён 1:7). (Нигаред ба Мавзӯи 8.)

4. Худо ба Одам чӣ ато кард?

Вақте Худо инсони аввалин, Одамро, офарид ба ӯ як чизи хеле пурқимат дод. Яҳува Одамро бе ягон камбудӣ офарид. Одам касал намешуд ва намемурд.  Ӯ тани сиҳат дошт ва ақлаш сад фоиз кор мекард. Яҳува Одамро падарвор дӯст медошт (Луқо 3:38). Яҳува доимо бо Одам гап мезад ва қонуну қоидаи худро ба ӯ мефаҳмонд. Худо ба Одам кори шавқовар дода буд (Ҳастӣ 1:28–30; 2:16, 17).

5. Ба кадом маъно Одам «ба сурати Худо» офарида шуда буд?

5 Одам «ба сурати Худо» офарида шуда буд (Ҳастӣ 1:27). Яҳува ба вай хислатҳои худро дод, ба монанди муҳаббат, хирад, адолат ва қувват. Худо Одамро озод офарид. Одам робот набуд. Ӯ метавонист худаш интихоб кунад, ки кори хуб кунад ё кори бад. Агар Одам ба Худо гӯш мекард, метавонист дар биҳишти рӯйи замин беохир зиндагӣ кунад.

6. Гуноҳи Одам ба вай чӣ хел таъсир кард? Ба мо чӣ?

6 Афсӯс ки, Одам ба Худо гӯш накард. Ӯ қонуни Худоро вайрон кард ва дӯстӣ бо Ӯро аз даст дод. Худо Одамро аз биҳишт пеш кард ва ба вай гуфт, ки оқибат мемурад (Ҳастӣ 3:17–19). Одаму Ҳавво дидаву дониста гапи Худоро нагирифтанд, барои ҳамин онҳо дигар бегуноҳ ва бе камбудӣ набуданд. Акнун онҳо ҳеҷ умеде надоштанд. Ба воситаи Одам «гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ мамот [марг] омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд» (Румиён 5:12). Одам бегуноҳ буд, лекин вақте вай гуноҳ кард, ӯ худаш ва ҳамаи моро гӯё ба гуноҳ ва марг фурӯхт (Румиён 7:14). Оё барои мо ягон умеде ҳаст?

7, 8. Яҳува чӣ тавр ба мо ёрдам кард?

7 Чӣ тавр мо ғуломи гуноҳу марг шудем? Биёед як мисолро бинем. Тасаввур кунед, ки як одам пеши духтур рафта, мефаҳмад, ки касали вазнине дорад. Ин касалӣ ба ӯ аз падару модараш гузаштааст. Духтур  ба ӯ мегӯяд, ки, агар ҷарроҳӣ (оператсия) накунад, мурданаш мумкин аст. Ҷарроҳӣ хеле қимат аст ва касали бечора ин қадар пул надорад. Аммо духтур мегӯяд, ки ӯ худаш пули ҷарроҳиро медиҳад ва беморро табобат мекунад. Оё аз фаҳмидани ин одами касал хурсанд мешавад? Албатта!

8 Ба мо ҳам аз Одаму Ҳавво як касалии марговар гузаштааст. Он гуноҳ аст. Ягон одам наметавонад бо қуввати худаш ин касалиро табобат кунад. Ба назар чунин метобад, ки ягон илоҷ нест! Аммо Яҳува мисли ҳамон духтури меҳрубон ваъда медиҳад, ки пули «ҷарроҳӣ»-ро худаш медиҳад ва худаш моро табобат мекунад. Чӣ тавр? Биёед мефаҳмем.

ЧӢ ТАВР ЯҲУВА МОРО АЗ ҒУЛОМӢ ОЗОД КАРД?

9. Барои моро аз гуноҳу марг озод кардан чӣ даркор аст?

9 Чи хеле ки дар боло гуфтем, Одам бегуноҳ ва бе камбудӣ офарида шуда буд. Барои ҳамин ҳаёти ӯ хеле қиматбаҳо буд. Вақте Одам гуноҳ кард, ӯ ҳаёти қиматбаҳояшро аз даст дод ва моро ҳам ғуломи гуноҳу марг кард. Барои чӣ мо наметавонем худамонро аз гуноҳу марг озод кунем? Чунки ҳамаи мо одамони гунаҳгорем (Забур 48:8, 9). Одам бошад, бегуноҳ буд. Ҳаёти мо баробари ҳаёти Одам қиматбаҳо нест. Барои моро аз гуноҳу марг озод кардан ҳаёти одами бегуноҳ даркор аст (1 Тимотиюс 2:6).

10. Яҳува барои мо чӣ кор кард?

10 Ягон одам бегуноҳ нест, пас, кӣ метавонад моро аз гуноҳу марг халос кунад? Яҳува Писари азизи худ Исоро ба замин фиристод. Исо якумин офаридаи Худо буд (1 Юҳанно 4:9, 10). Исо тайёр буд, ки ба гапи Худо гӯш карда ба замин ояд (Филиппиён 2:7). Худо  ҳаёти Исоро ба шиками Марям гузаронд ва ӯ дар замин чун одами бегуноҳ таваллуд шуд (Луқо 1:35).

Яҳува барои мо Писари азизашро дод

11. Чӣ тавр як одам метавонад гуноҳи ҳамаро харад?

11 Одам чиро аз даст дод? Ҳаёти бегуноҳро. Ин ба мо ҳам таъсир кард ва ҳамаи мо гунаҳкор шудем. Оё мумкин аст, ки як кас гуноҳи ҳамаи одамонро харад? Ҳа. (Румиён 5:19-ро хонед.) Исо бегуноҳ буд. Ӯ ҳаёташро барои мо қурбон кард ва фарзандони Одамро аз марг озод кард (1 Қӯринтиён 15:21, 22, 45).

12. Барои чӣ Исо бояд бисёр азоб мекашид?

12 Дар Китоби Муқаддас нақл карда мешавад, ки Исо пеш аз маргаш чӣ қадар азоб кашид. Ӯро бераҳмона қамчинкорӣ карданд ва ба сутун мехкӯб карданд. Баъд ӯ дурудароз дар сутун азоб кашида, ҷон дод (Юҳанно 19:1, 16–18, 30). Барои чӣ Исо ин қадар азоб кашид? Чунки Шайтон гуфта буд, ки агар ба сари одам озмоиши сахт ояд, ӯ аз Худо рӯ мегардонад. Исо нишон дод, ки одами бегуноҳ нигоҳ накарда ба азобҳои сахттарин метавонад ба Худо вафодор монад. Албатта, Исо дили Яҳуваро хеле хурсанд кард! (Масалҳо 27:11; нигаред ба Мавзӯи 14.)

13. Барои одамонро аз марг халос кардан Исо чӣ кор кард?

13 Барои одамонро аз марг халос кардан Исо чӣ кор кард? Чордаҳуми нисон (аз рӯйи солшумории яҳудиён) соли 33-и милодӣ мо Яҳува гузошт, ки душманони Исо ӯро кушанд (Ибриён 10:10). Се рӯз пас Худо Исоро ҳамчун фаришта зинда кард. Барои он ки одамонро пурра аз марг халос кунад, Исо назди Падараш, ба осмон баргашт (Ибриён 9:24). Худо қурбонии Исоро қабул кард. Ҳамаи мо акнун имконият дорем, ки аз ғуломии гуноҳу марг озод шавем. (Румиён 3:23, 24-ро хонед.)

 ҚУРБОНИИ ИСО БА МО ЧӢ ФОИДА МЕОРАД?

14, 15. Барои он ки Худо гуноҳҳоямонро бахшад, мо бояд чӣ кор кунем?

14 Мо аллакай ҳозир аз қурбонии Исо фоида гирифта метавонем. Биёед бинем, ки чӣ тавр қурбонии Исо ҳам ҳозир ва ҳам дар оянда ба мо фоида оварда метавонад.

15 Гуноҳҳои мо бахшида мешаванд. Дар ин дунё одами бегуноҳ нест. Мо наметавонем ҳама вақт кори дуруст кунем ва фақат гапи нағз гӯем (Қӯлассиён 1:13, 14). Чӣ кор кунем, ки Худо гуноҳҳоямонро бахшад? Мо бояд аз таҳти дил тавба кунем ва аз Яҳува бахшиш пурсем. Агар ин хел кунем, бовар дошта метавонем, ки Ӯ гуноҳҳоямонро мебахшад (1 Юҳанно 1:8, 9).

16. Барои виҷдони тоза доштан мо бояд чӣ кор кунем?

16 Мо виҷдони тоза дошта метавонем. Вақте мо ягон кори хато мекунем, виҷдонамон моро азоб медиҳад. Мо худро гунаҳкор ва шояд ночиз ҳам ҳис мекунем. Лекин мо набояд ноумед шавем. Агар аз Худо илтимос кунем, ки моро бахшад, Ӯ дуоямонро мешунавад ва моро мебахшад (Ибриён 9:13, 14). Яҳува мехоҳад, ки мо дар бораи ҳама душвориву сустиҳоямон ба Ӯ гап занем (Ибриён 4:14–16). Ҳамин тавр мо метавонем дар назди Худо виҷдони тоза дошта бошем.

17. Марги Исо барои мо кадом имкониятро дод?

17 Мо метавонем соҳиби ҳаёти беохир шавем. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Музди гуноҳ мамот [марг] аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи... Исои Масеҳ» (Румиён 6:23). Исо барои мо мурд ва мо имконият пайдо кардем, ки соҳиби ҳаёти беохир ва саломатии беҳтарин шавем. Мо метавонем аз касаливу пирӣ пурра халос шавем  (Ваҳй 21:3, 4). Барои он ки баракатҳоро соҳиб шавем, мо бояд чӣ кор кунем?

БА ҚУРБОНИИ ИСО ИМОН ОРЕД

18. Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува моро дӯст медорад?

18 Вақте ягон кас ба шумо тӯҳфае медиҳад, шумо, албатта, хурсанд мешавед. Қурбонии Исо бошад, тӯҳфаи беҳтарин аст ва мо бояд барои он аз Яҳува миннатдор бошем. Дар Юҳанно 3:16 навишта шудааст: «Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод». Яҳува моро хеле дӯст медорад, барои ҳамин Писари азизаш — Исоро барои мо дод. Мо медонем, ки Исо ҳам моро дӯст медорад, чунки Ӯ розӣ шуд, ки ҷонашро барои мо қурбон кунад (Юҳанно 15:13). Моро аз ғуломии гуноҳу марг озод карда Яҳува ва Исо исбот карданд, ки моро дӯст медоранд (Ғалотиён 2:20).

Дар бораи Яҳува дониш гирифта муҳаббати мо ба Ӯ зиёдтар мешавад

19, 20. а) Чӣ хел мо дӯсти Яҳува шуда метавонем? б) Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки ба қурбонии Исо имон дорем?

19 Дар ин боб мо дар бораи муҳаббати бузурги Худо бештар фаҳмидем. Акнун мо чӣ кор карда метавонем, то дӯсти Ӯ шавем? Агар касеро нағз нашиносӣ, ӯро дӯст дошта наметавонӣ. Барои ҳамин дар Юҳанно 17:3 гуфта мешавад, ки мо метавонем Яҳуваро шиносем. Чи қадаре ки шумо дар бораи Худо бештар дониш гиред, ҳамон қадар муҳаббататон ба Ӯ зиёдтар мешавад. Дар бораи Худо дониш гирифта, хоҳиши Ӯро хурсанд кардан дар дилатон зиёдтар мегардад ва шумо дӯсти Худо шуда метавонед. Барои ҳамин омӯзиши Китоби Муқаддасро давом диҳед ва дар бораи Худо бештар фаҳмед (1 Юҳанно 5:3).

20 Ба қурбонии Исо имон оред. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Ҳар кӣ ба Писар имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ меёбад» (Юҳанно 3:36). Имон  овардан чӣ маъно дорад? Гуфтаҳои Исоро иҷро кардан (Юҳанно 13:15). Танҳо бовар кардан ба Исо кам аст. Мо бояд имонамонро бо рафтор нишон диҳем. Дар Яъқуб 2:26 навишта шудааст: «Имон... бе [амал] мурда аст».

21, 22. а) Барои чӣ ба Шоми ёдбуди Масеҳ рафтан муҳим аст? б) Дар бобҳои 6 ва 7 дар бораи чӣ нақл карда мешавад?

21 Ба ёдбуди Масеҳ равед. Шаби пеш аз маргаш Исо гуфта буд, ки мо бояд марги ӯро ба хотир орем. Мо ҳар сол марги ӯро ёдоварӣ мекунем, ки он Шоми ёдбуд ном дорад (Матто 26:26–28). Исо мехоҳад мо дар хотир дошта бошем, ки ӯ ҳаёташро барои мо қурбон кард. Ӯ гуфт: «Инро ба хотираи Ман ба ҷо оваред». (Луқо 22:19-ро хонед.) Вақте ба Шоми ёдбуд меравем, мо нишон медиҳем, ки қурбонии Исо ва муҳаббати бузурги ӯву Яҳуваро дар хотир дорем. (Нигаред ба Мавзӯи 15.)

22 Қурбонии Исо бузургтарин тӯҳфа мебошад (2 Қӯринтиён 9:14, 15). Марги Исо ба одамони зиёде, ки мурдаанд, фоида оварда метавонад. Дар бобҳои 6 ва 7 дар ин бора нақл карда мешавад.