Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БОБИ ЧОРДАҲ

Барои хушбахтии оила чӣ даркор аст?

Барои хушбахтии оила чӣ даркор аст?

1, 2. Яҳува барои оилаҳо чиро мехоҳад?

АВВАЛИН оиларо худи Яҳува барпо кардааст. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки вақте Яҳува аввалин занро офарид, «ӯро пеши одам овард». Одам аз хурсандӣ чунин гуфт: «Ин аст устухоне аз устухонҳоям ва гӯште аз гӯштам» (Ҳастӣ 2:22, 23). Яҳува мехоҳад оилаҳо хушбахт бошанд.

2 Афсӯс ки, имрӯз на ҳама дар оилаи хушбахт калон шудаанд. Лекин агар ҳар як аъзои оила аз рӯйи гуфтаҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ кунад, оила хушбахт мешавад (Луқо 11:28).

ШАВҲАРОН ЧӢ КОР КАРДА МЕТАВОНАНД?

3, 4. а) Шавҳар бояд бо занаш чӣ хел муносибат кунад? б) Барои чӣ зану шавҳар бояд якдигарро бахшанд?

3 Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки шавҳари нағз бояд зани худро дӯст дораду ҳурмат кунад. (Эфсӯсиён 5:25–29-ро хонед.) Шавҳар ҳамеша бояд бо зани худ меҳрубон бошад, ӯро ҳимоя кунад, нисбати ӯ ғамхор бошад ва ҳеҷ гоҳ ба вай зарар нарасонад.

Вақте зан хато мекунад, шавҳар бояд чӣ кор кунад? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред ва ба онҳо сахтгир набошед» (Қӯлассиён 3:19). Шавҳарон, дар хотир доред, ки шумо ҳам хато мекунед. Барои ҳамин агар хоҳед, ки Худо гуноҳҳоятонро бахшад, шумо ҳам бояд хатоҳои занатонро бахшед (Матто 6:12, 14, 15). Вақте зану шавҳар доимо якдигарро мебахшанд, оилаи онҳо хушбахт мешавад.

5. Чаро шавҳар бояд занашро қадр кунад?

5 Яҳува мехоҳад, ки шавҳар зани худро қадр кунад.  Ӯ бояд дар бораи ниёзҳои зани худ фикр кунад. Ӯ на фақат бояд занашро бо хӯроку пӯшок таъмин кунад, балки вақт ҷудо кунад ва бо ӯ гап занад. Агар шавҳар ба занаш ғамхорӣ накунад, мумкин аст, ки Яҳува ба дуоҳояш гӯш надиҳад (1 Петрус 3:7). Яҳува ба ҳама бо як чашм нигоҳ мекунад. Ӯ мардонро аз занон боло намедонад.

6. «Як тан» будани зану шавҳар чӣ маъно дорад?

6 Исо гуфт, ки зану шавҳар «ду тан не, балки як тан мебошанд» (Матто 19:6). Онҳо бояд ба якдигар вафодор бошанд ва ҳеҷ гоҳ хиёнат накунанд. Зан бояд як шавҳар ва шавҳар бояд як зан дошта бошад (Масалҳо 5:15–21; Ибриён 13:4). Ҳам зан ва ҳам шавҳар бояд аввал дар бораи ниёзҳои ҷинсии якдигар фикр кунанд, на дар бораи худ (1 Қӯринтиён 7:3–5). Шавҳар бояд ба зани худ чун ба тани худ муносибат кунад. Албатта, «ҳеҷ кас ҳаргиз ҷисми худро бад намебинад, балки онро ғизо медиҳад ва гарм мекунад» (Эфсӯсиён 5:29). Шавҳар бояд занашро дӯст дорад ва мисли гавҳараки чашм эҳтиёт кунад. Беш аз ҳама занон мехоҳанд, ки шавҳарашон меҳрубону ғамхор бошанд. Барои хушбахтии оила муҳим аст, ки зану шавҳар аз қайди давлатӣ (ЗАГС) гузаранд. Ин ҳам ба зану шавҳар ва ҳам ба фарзандон ҳисси бехатарӣ ва хотирҷамъӣ мебахшад. Касе, ки мехоҳад ба Худо гӯш диҳад, бояд қонунҳои давлатро дар бораи оиладоршавӣ риоя кунад (Луқо 2:1, 4, 5).

ЗАНОН БОЯД ЧӢ КОР КУНАНД?

7. Барои чӣ ҳар як оила бояд сардор дошта бошад?

7 Барои он ки оила хушбахт бошад, он бояд сардор дошта бошад. Кӣ бояд сардори оила бошад? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Сардори ҳар мард Масеҳ аст, сардори зан шавҳари ӯст, ва сардори Масеҳ Худост» (1 Қӯринтиён 11:3).

8. Чӣ тавр зан ба шавҳари худ ҳурмату эҳтиром нишон дода метавонад?

 8 Шавҳаре нест, ки хато накунад. Лекин агар зан шавҳарашро дастгирӣ кунад ва бо қарорҳои ӯ розӣ шавад, ин ба тамоми оила фоида меорад (1 Петрус 3:1–6). Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Зан бояд ба шавҳари худ эҳтироми зиёд дошта бошад» (Эфсӯсиён 5:33, ТДН). Аммо агар дини шавҳар дигар бошад-чӣ? Дар ин маврид ҳам ӯ бояд шавҳарашро ҳурмат кунад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Эй занон, ба шавҳарони худ фармонбардор бошед, то онҳое, ки ба Каломи Худо итоат намекунанд, бе сухан ба воситаи рафтори шумо тобеи он гарданд, вақте ки рафтори поки худотарсонаи шуморо мушоҳида кунанд» (1 Петрус 3:1, 2). Агар зан ин тавр рафтор кунад, шавҳараш нисбати дини ӯ эҳтиром пайдо мекунад.

9. а) Вақте зан бо қарори шавҳараш розӣ набошад, чӣ кор карда метавонад? б) Титус 2:4, 5 ба занҳо чӣ маслиҳат медиҳад?

Вақте зан бо қарори шавҳараш розӣ набошад, чӣ кор карда метавонад? Ӯ метавонад фикри худро эҳтиромона баён кунад. Масалан, рӯзе Соро ба пайғамбар Иброҳим дар бораи як масъала фикрашро гуфт,  аммо Иброҳим бо ӯ розӣ нашуд. Яҳува ба Иброҳим гуфт: «Ба суханаш гӯш андоз» (Ҳастӣ 21:9–12). Агар қарори шавҳар зидди қонунҳои Худо набошад, зан бояд қарори шавҳарашро дастгирӣ кунад (Аъмол 5:29; Эфсӯсиён 5:24). Зани хуб нисбати оилаи худ ғамхорӣ мекунад. (Титус 2:4, 5-ро хонед.) Вақте шавҳар ва фарзандонаш мебинанд, ки ӯ барои онҳо сахт меҳнат мекунад, муҳаббату эҳтироми онҳо зиёдтар мешавад (Масалҳо 31:10, 28).

Соро ба занон чӣ намуна гузошт?

10. Китоби Муқаддас дар бораи алоҳида зиндагӣ кардан ва ҷудошавӣ чӣ мегӯяд?

10 Баъзан ҳамсарон саросемавор қарор мекунанд, ки алоҳида зиндагӣ кунанд ва ё ҷудо шаванд. Аммо Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «завҷа аз шавҳараш набарояд» ва «шавҳар завҷаашро талоқ надиҳад» (1 Қӯринтиён 7:10, 11). Якчанд сабаби ҷиддӣ ҳаст, ки ҳамсарон аз ҳамдигар ҷудо зиндагӣ карда метавонанд, аммо ин кори шӯхӣ нест *. Дар бораи аз якдигар ҷудо шудан чӣ гуфтан мумкин аст? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки танҳо хиёнати ҳамсарӣ барои ҷудошавии зану шавҳар сабаб шуда метавонад (Матто 19:9).

ПАДАРУ МОДАР БОЯД ЧӢ КОР КУНАНД?

Исо барои ҳар як аъзои оила намунаи хуб аст

11. Фарзандон аз ҳама бештар ба чӣ ниёз доранд?

11 Падару модарони азиз, шумо бояд ҳар чи бештар бо фарзандони худ вақт гузаронед. Онҳо ба шумо сахт мӯҳтоҷанд. Аммо аз ин ҳам бештар эҳтиёҷ доранд, ки онҳоро дар роҳи Худо тарбия кунед (Такрори Шариат 6:4–9).

12. Падару модарон барои муҳофизат кардани фарзандони худ бояд чӣ кор кунанд?

12 Ҷаҳони Шайтон рӯз ба рӯз расво шуда истодааст. Аз ин сабаб баъзе одамон метавонанд ба фарзандони  шумо зарар расонанд. Масалан, онҳо метавонанд, ба номусашон расанд, яъне онҳоро таҷовуз кунанд. Баъзе падару модарон шарм медоранд, ки дар ин бора бо фарзандашон гап зананд. Аммо падару модар бояд фарзандашонро аз ин хатар огоҳ кунанд ва фаҳмонанд, ки чӣ тавр худро аз ин гуна одамон муҳофизат кунанд. Падару модарон, шумо ӯҳдадоред, ки фарзандони худро муҳофизат кунед * (1 Петрус 5:8).

13. Чӣ тавр падару модарон фарзандони худро таълиму тарбия дода метавонанд?

13 Падару модарон, таълиму тарбияи фарзандон бар  гардани шумост. Ҳеҷ гоҳ бераҳм ва дағал набошед (Ирмиё 30:11). Дар сари қаҳр онҳоро ҷазо надиҳед. Суханони шумо набояд «мисли зарби шамшер» бошанду онҳоро захмдор кунанд (Масалҳо 12:18). Ба онҳо ёрдам кунед, то фаҳманд, ки чаро бояд ба шумо гӯш диҳанд (Эфсӯсиён 6:4; Ибриён 12:9–11; нигаред ба Мавзӯи 29.)

ФАРЗАНДОН БОЯД ЧӢ КОР КУНАНД?

14, 15. Чаро фарзандон бояд ба падару модарашон гӯш диҳанд?

14 Исо ҳама вақт ба Падараш гӯш медод, ҳатто вақте ин барояш душвор буд (Луқо 22:42; Юҳанно 8:28, 29). Ба Яҳува фарзандоне, ки падару модарашонро гӯш мекунанд, маъқуланд (Эфсӯсиён 6:1–3).

15 Фарзандони азиз, агар ба шумо гӯш кардани падару модаратон душвор бошад ҳам, дар хотир доред, ки вақте шумо ба онҳо итоат мекунед, Яҳува аз шумо розӣ мешавад. Ҳамчунин шумо дили падару модаратонро хурсанд месозед * (Масалҳо 1:8; 6:20; 23:22–25).

Чӣ ба ҷавонон ёрдам мекунад, ки ба васвасаҳо нигоҳ накарда ба Худо содиқ монанд?

16. а) Чӣ тавр Шайтон кӯшиш мекунад, ки ҷавононро ба роҳи бад тела диҳад? б) Чаро мо бояд бо касоне дӯстӣ кунем, ки Яҳуваро дӯст медоранд?

16 Шайтон метавонад ба воситаи дӯстатон ё ягон шахси дигар шуморо ба кори бад тела диҳад. Вай медонад, ки дӯстонатон ба шумо таъсири сахт расонда метавонанд. Масалан, Дино, духтари пайғамбар Яъқуб, бо шахсоне дугона буд, ки Яҳуваро дӯст намедоштанд. Ин дӯстӣ ба ӯ ва оилааш ранҷу азоби зиёд овард (Ҳастӣ 34:1, 2). Бо касоне, ки Яҳуваро дӯст намедоранд, дӯстӣ кардан хатарнок аст. Онҳо шуморо ба коре тела дода метавонанд, ки Худо онро бад мебинад. Ин дар натиҷа ба шумо, оилаатон ва Яҳува дарду азоби бисёр  оварда метавонад (Масалҳо 17:21, 25). Барои ҳамин бо касоне дӯстӣ кунед, ки Яҳуваро дӯст медоранд (1 Қӯринтиён 15:33).

ОИЛАИ ШУМО ХУШБАХТ БУДА МЕТАВОНАД

17. Худо ба ҳар як аъзои оила чӣ вазифа додааст?

17 Агар ҳар як аъзои оила аз рӯйи гуфтаҳои Худо амал кунад, худро аз проблемаҳои бисёр нигоҳ медорад. Шавҳарон, занони худро дӯст доред ва ба онҳо меҳрубонона муносибат кунед. Занон, шавҳарони худро ҳурмату иззат кунед ва ба онҳо итоаткор бошед. Ба намунаи зане, ки дар Масалҳо 31:10–31 навишта шудааст, пайравӣ кунед. Падару модарони азиз, фарзандони худро таълим диҳед, ки Яҳуваро дӯст доранд (Масалҳо 22:6). Падарон, оилаи худро хуб идора кунед (1 Тимотиюс 3:4, 5; 5:8). Фарзандон, падару модари худро гӯш кунед (Қӯлассиён 3:20). Дар хотир доред, ки ҳар як аъзои оила хато карда метавонад. Барои ҳамин, бо фурӯтанӣ аз якдигар бахшиш пурсед. Дар ҳақиқат, Китоби Муқаддас барои ҳар як аъзои оила маслиҳатҳои хуб медиҳад.

^ сарх. 10 Барои гирифтани маълумоти бештар оиди зиндагии ҷудогона, ба замимаи китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред» нигаред.

^ сарх. 12 Барои гирифтани маълумоти бештар оиди чӣ тавр муҳофизат кардани фарзандон, нигаред ба боби 32-и китоби «Устоди Бузургро гӯш кун». Аз тарафи Шоҳидони Яҳува чоп шудааст.

^ сарх. 15 Агар падару модар аз фарзандаш вайрон кардани қонунҳои Яҳуваро талаб кунад, ӯ метавонад ба онҳо итоат накунад (Аъмол 5:29).