Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БОБИ 5

Чӣ гуна худро аз ҷаҳон ҷудо нигоҳ дорем

Чӣ гуна худро аз ҷаҳон ҷудо нигоҳ дорем

«Шумо аз ҷаҳон нестед» (ЮҲАННО 15:19).

1. Исо дар шоми охирини ҳаёти заминиаш ба чӣ диққати махсус дод?

ИСО дар шоми охирини ҳаёти заминии худ нисбати беҳбудии пайравонаш ғамхории амиқ зоҳир намуд. Ӯ ҳатто дар ин бора ба Падари осмониаш дуо гуфт: «Илтимос намекунам, ки Ту онҳоро аз ҷаҳон бибарӣ, балки онҳоро аз шарорат муҳофизат намоӣ; Онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман аз ҷаҳон нестам» (Юҳанно 17:15, 16). Аз чунин хоҳиши самимии Исо маълум мешавад, ки ӯ пайравонашро хеле дӯст медошт ва суханоне, ки ӯ ҳамон шом ба баъзеи онҳо гуфта буд, бениҳоят муҳим буданд: «Шумо аз ҷаҳон нестед» (Юҳанно 15:19). Дар ҳақиқат, барои Исо хеле муҳим буд, ки пайравонаш худро аз ҷаҳон ҷудо нигоҳ доранд!

2. Исо зери калимаи «ҷаҳон» чиро дар назар дошт?

2 Калимаи «ҷаҳон», ки Исо онро истифода бурд, ба тамоми одамоне, ки Худоро намешиносанд ва бар онҳо Шайтон роҳбарӣ мекунад, дахл дорад. Ин ҷаҳонро рӯҳияи худпарастӣ ва мағрурӣ, ки аз ҷониби Шайтон мебошад, фаро гирифтааст (Юҳанно 14:30; Эфсӯсиён 2:2; 1 Юҳанно 5:19). Дар ҳақиқат «дӯстӣ бо [ин] дунё душманӣ бо Худост» (Яъқуб 4:4). Пас, чӣ тавр онҳое ки мехоҳанд дар муҳаббати Худо бимонанд, метавонанд дар ҷаҳон буда, ҳамзамон аз он ҷудо бошанд? Биёед панҷ саволро дида бароем: чӣ тавр ба Салтанати Худо, ки зери роҳбарии Исо мебошад, содиқ монем ва дар мавриди сиёсат бетараф бошем; чӣ тавр ба рӯҳияи ин ҷаҳон муқобилат кунем; чӣ тавр дар сару либос ва намуди зоҳирӣ хоксорӣ зоҳир намоем; чӣ гуна ҳаёти оддӣ ба сар барем ва чӣ тавр зиреҳи рӯҳониро дар бар кунем.

 БА ХУДО СОДИҚ МОНДАН ВА МАВҚЕИ БЕТАРАФИРО НИГОҲ ДОШТАН

3. a) Вақте ки Исо дар замин зиндагӣ мекард, муносибати ӯ ба сиёсат чӣ гуна буд? б) Чаро гуфтан мумкин аст, ки пайравони тадҳиншудаи Исо чун сафирон хизмат мекунанд? (Фикрҳои дар эзоҳ бударо қайд кунед.)

3 Исо ҳангоми дар замин зиндагӣ карданаш ба сиёсат дахолат намекард. Ӯ тамоми қувваташро ба мавъиза оиди Салтанати Худо — ҳокимияти ояндаи осмонӣ, ки ӯ бояд Подшоҳи он мешуд, бахшида буд (Дониёл 7:13, 14; Луқо 4:43; 17:20, 21). Аз ин рӯ, Исо ҳангоми дар назди ҳокими Рум Понтиюс Пилотус буданаш, тавонист чунин гӯяд: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест» (Юҳанно 18:36). Пайравони содиқи Исо ба намунаи ӯ пайравӣ мекунанд. Онҳо ба ӯ ва ба Салтанаташ содиқиро нигоҳ дошта, оиди ин Салтанат ба ҷаҳон мавъиза мекунанд (Матто 24:14). «Мо элчиён [сафирон]-и Масеҳ ҳастем,...— навишт Павлуси расул.— Мо аз тарафи Масеҳ илтимос мекунем: бо Худо мусолиҳа намоед» (2 Қӯринтиён 5:20) *.

4. Чӣ тавр ҳамаи масеҳиёни ҳақиқӣ садоқати худро ба Салтанати Худо нишон медиҳанд? (Ба замимаи « Масеҳиёни асри як мавқие бетарафиро нигоҳ медоштанд» нигаред.)

4 Азбаски сафирон давлатҳои хориҷӣ ё сарварони онро намояндагӣ мекунанд, онҳо ба корҳои дохилии он мамлакате, ки ба он ҷо фиристода шудаанд, дахолат намекунанд ва бетарафиро нигоҳ медоранд. Вале сафирон манфиатҳои ҳокимияти мамалакатҳоеро, ки намояндагӣ мекунанд, ҳимоя менамоянд. Дар бораи тадҳиншудагон низ, ки пайравони Исо мебошанд ва шаҳрвандии онҳо дар осмон аст, чунин гуфтан мумкин аст (Филиппиён 3:20). Дар ҳақиқат, ба туфайли мавъизаи боғайрат оиди Салтанат, онҳо ба миллионҳо «гӯсфандони дигар»-и Масеҳ барои оштӣ шудан бо Худо кӯмак расонданд (Юҳанно 10:16; Матто 25:31–40). «Гӯсфандони дигар» бародарони тадҳиншудаи Масеҳро  дастгирӣ карда, чун фиристодагони ӯ хизмат мекунанд. Ин ду гурӯҳ, ки дар як рама мебошанд, манфиати Салтанати Масеҳоиро муҳофизат мекунанд ва дар корҳои сиёсии ин ҷаҳон бетарафии ҷиддиро нигоҳ медоранд. (Ишаъё 2:2–4-ро хонед.)

5. Ҷамъомади масеҳӣ аз халқи Худо, исроилиёни қадим, чӣ фарқияте дорад ва ин фарқият дар чӣ зоҳир мегардад?

 5 Масеҳиёни ҳақиқӣ танҳо аз рӯи садоқат ба Масеҳ, бетарафиро нигоҳ намедоранд. Халқи Худо, исроилиёни қадим, дар як мамлакат зиндагӣ мекарданд, вале мо имрӯз дар ҳар гӯшаю канори замин зиндагӣ карда, бародарияти умумиҷаҳониро ташкил медиҳем (Матто 28:19; 1 Петрус 2:9). Ҳамин тавр, агар мо ягон ҳизби сиёсиро ҷонибдорӣ мекардем, он гоҳ бо чунин озодии сухан оиди Салтанат мавъиза намекардем ва ягонагии масеҳиамон зери хатар гузошта мешуд (1 Қӯринтиён 1:10). Ғайр аз ин, дар вақти ҷанг мо бо ҳамимононамон, ки ба мо амр фармуда шудааст, ки онҳоро дӯст дорем, меҷангидем (Юҳанно 13:34, 35; 1 Юҳанно 3:10–12). Исо бе ягон асос ба шогирдонаш нагуфта буд, ки ба даст шамшер нагиранд. Ӯ ҳатто ба онҳо гуфт, ки душманони худро дӯст доранд (Матто 5:44; 26:52). (Ба замимаи « Оё ман мавқеи бетарафиро нигоҳ медорам?» нигаред.)

6. Худро ба Худо бахшиданатон чӣ тавр ба муносибати шумо бо «қайсар» таъсир мерасонад?

6 Масеҳиёни ҳақиқӣ ҳаёти худро на ба ягон одам, ё созмон ё халқ, балки ба Худо бахшидаанд. Дар 1 Қӯринтиён 6:19, 20 гуфта мешавад: «Оё намедонед, ки... шумо аз они худатон нестед? Зеро ки шумо ба нархи гарон харида шудаед». Аз ин рӯ, гарчанд пайравони Масеҳ он чизе ки аз «қайсар» аст, масалан, шараф, андоз ва итоати нисбиро ба қайсар медиҳанд, онҳо он чизеро ки аз «Худост — ба Худо» медиҳанд (Марқӯс 12:17; Румиён 13:1–7). Ин хизмати онҳо муҳаббати бепоён ва садоқату итоаткории онҳоро дар бар мегирад. Агар зарур ояд онҳо ҳатто ҳаёти худро баҳри Худо қурбон мекунанд. (Луқо 4:8; 10:27; Аъмол 5:29 ва Румиён 14:8-ро хонед.)

БА «РӮҲИ ИН ҶАҲОН» МУҚОБИЛАТ КУНЕД

7, 8. Рӯҳияи ин ҷаҳон чист ва чӣ тавр он дар одамони беитоат «амал мекунад»?

7 Тарзи дигаре, ки масеҳиён метавонанд худро аз ин ҷаҳон ҷудо нигоҳ доранд, ин ба рӯҳи бади он муқобилат  кардан аст. «Мо на рӯҳи ин ҷаҳонро, балки Рӯҳеро қабул кардаем, ки аз Худост» — навишта буд Павлус (1 Қӯринтиён 2:12). Ӯ ба сокинони Эфсӯс гуфт: «Шумо мувофиқи... ин олам ва иродаи мире ки дар ҳаво ҳукмрон аст, яъне он рӯҳе ки ҳоло дар писарони исён амал мекунад, зиндагӣ мекардед» (Эфсӯсиён 2:2, 3).

8 «Ҳаво» ё рӯҳияи ҷаҳон — ин қувваи ноаён ва водоркунандаест, ки ба беитоатӣ ба Худо бармеангезад ва «шаҳвати ҷисм»-у «ҳаваси чашмон»-ро бедор мекунад (1 Юҳанно 2:16; 1 Тимотиюс 6:9, 10). Рӯҳи ин ҷаҳон, ки «дар ҳаво ҳукмрон аст», хоҳиши гунаҳкоронаи ҷисмро бедор менамояд ва ноаёну мунтазам амал мекунад. Ҳамчунин монанди ҳаво ҳама ҷойро фаро гирифтааст. Зиёда аз ин, он ба маъное «амал мекунад», ки дар одамони беитоат оҳиста-оҳиста чунин хислатҳо ба монанди худсарӣ, ҳавобаландӣ, шӯҳратпарастӣ, инчунин рӯҳияи мустақилӣ дар ахлоқ ва беитоатиро, ки ба Худо маъқул нестанд, пайдо мекунонад *. Оддӣ карда гӯем, рӯҳияи ҷаҳон оҳиста-оҳиста дар дили одамон хислатҳоеро пайдо мекунонад, ки ба худи Иблис хосанд (Юҳанно 8:44; Аъмол 13:10; 1 Юҳанно 3:8, 10).

9. Чӣ тавр рӯҳияи ин ҷаҳон метавонад ба ақлу дили мо таъсир расонад?

9 Оё рӯҳияи ин ҷаҳон ба ақлу дили мо таъсир расонда метавонад? Бале, метавонад, агар ҳушёриро суст гардонда, он рӯҳияро ба худ роҳ диҳем. (Масалҳо 4:23-ро хонед.) Аксаран рӯҳияи ин ҷаҳон, номаълум амал мекунад, эҳтимол ба воситаи шиносоне, ки одамони хуб метобанд, аммо Яҳуваро дӯст намедоранд (Масалҳо 13:20; 1 Қӯринтиён 15:33). Ин рӯҳи бад инчунин тавассути адабиёте, ки мавзӯи нораво дорад, сайтҳои осиёну порнографӣ дар интернет, вақтхушиҳои номуносиб ва варзише, ки дар он рақобати зиёд дида мешавад,— дар асл он чизҳое ки тарзи фикрронии Шайтон ва рӯҳияи тартиботи ӯро инъикос мекунанд, ба мо таъсир расонда метавонанд.

10. Чӣ тавр ба рӯҳияи ин ҷаҳон муқобилат карда метавонем?

 10 Чӣ гуна мо метавонем ба рӯҳияи маккоронаи ин ҷаҳон муқобилат карда, худро дар муҳаббати Худо нигоҳ дорем? Танҳо агар мо ба пуррагӣ атоҳои рӯҳонии Яҳуваро истифода барем ва доимо дар дуо аз Ӯ рӯҳулқудс пурсем. Яҳува аз Иблис ва ин ҷаҳони нопок, ки зери ҳокимияти ӯ мебошад, пурқувваттар аст (1 Юҳанно 4:4). Пас чӣ қадар муҳим аст, ки ба Яҳува Худо дар дуо наздик шавем!

 ДАР ЛИБОС ВА НАМУДИ ЗОҲИРӢ ХОКСОРӢ ЗОҲИР НАМОЕД

11. Чӣ тавр рӯҳияи ин ҷаҳон ба меъёрҳои сару либос таъсир мекунад?

11 Ҳолати дарунии инсон дар сару либос, намуди зоҳирӣ ва муносибати ӯ ба гигиена инъикос мегардад. Дар бисёр мамлакатҳо ҳоло одоби либоспушӣ чунон паст фаромадааст, ки ба гуфти як мухбири телевизион дар ояндаи наздик фоҳишаҳо барои аз дигарон фарқ кардан, либос намеёбанд. Дар рӯзномае оиди ин мӯд, ки ҳатто духтаракони наврасро сӯи худ мекашад, гуфта мешавад: «бараҳнагии бадан бештар, шарму ҳаё камтар». Дигар ҷараёни мӯд бошад — бетартибӣ дар сару либос мебошад, ки дар он рӯҳияи саркашӣ ва ҳамчунин норасоӣ дар худэҳтиромкунӣ зоҳир мешавад.

12, 13. Дар сару либос ва намуди зоҳирӣ аз рӯи кадом принсипҳо бояд амал кард?

12 Мо чун ходимони Яҳува, албатта, мехоҳем зебо бошем, яъне тозаву озода, хушсалиқа ва ба маврид либос пӯшем. Дар сару либосамон ҳамеша бояд хислати «шоиста» ё хоксорӣ ва солимфикрӣ, ки бо «аъмоли нек» дар як қаторанд, зоҳир гардад. Ин хислатҳо ба ҳар мард ё зане, ки Худоро эҳтиром мекунанд, мувофиқанд. Албатта мақсади асосии мо диққати дигаронро ба худ ҷалб кардан нест, балки «худро дар муҳаббати Худо» нигоҳ доштан аст (1 Тимотиюс 2:9, 10; Яҳудо 21). Мо мехоҳем, ки «одамияти ботинии самимӣ» ва он чизе ки «дар назари Худо гаронбаҳост» ороиши беҳтарини мо бошад (1 Петрус 3:3, 4).

13 Инчунин фаромӯш накунед, ки тарзи либоспӯшӣ ва намуди зоҳирии мо метавонад ба муносибати дигарон нисбати ибодати ҳақиқӣ таъсир расонад. Калимаи юноние, ки чун «шоиста» тарҷума шудааст, агар он ба маънои ахлоқӣ истифода шавад, маънои иззату икром, эҳтиром ва ҳурмат кардани ҳиссиёт ё ақидаи дигаронро дорад. Мо набояд ҳаққу ҳуқуқи тахминии худро ба пеш гузорем, балки виҷдони дигаронро ба назар гирем. Пеш аз ҳама мо мехоҳем Яҳува ва халқи Ӯро ҷалол диҳем ва худро чун ходимони Ӯ муаррифӣ намуда, «ҳамаашро барои ҷалоли Худо» кунем (1 Қӯринтиён  4:9; 10:31; 2 Қӯринтиён 6:3, 4; 7:1).

Оё намуди зоҳирии ман Яҳуваро ҷалол медиҳад?

14. Оиди намуди зоҳирӣ ва гигиена ба худ бояд кадом саволҳоро бидиҳем?

14 Ҳангоми мавъиза ё ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф овардан, сару либос, намуди зоҳирӣ ва тозагиву озодагии мо аҳамияти калонтар доранд. Аз худ бипурсед: «Оё намуди зоҳирӣ ва гигиенаи шахсии ман диққати нодаркориро ба худ ҷалб намекунад? Оё ман дигаронро ба хиҷолат намегузорам? Оё ман дар ин саволҳо аз ҳуқуқҳои худам дида, вазифаҳои сазоворноки ҷамъомадро болотар мегузорам?» (Забур 67:7; Филиппиён 4:5; 1 Петрус 5:6).

15. Чаро дар Китоби Муқаддас қоидаи сару либос, намуди зоҳирӣ ва гигиена номбар карда нашудаанд?

15 Дар Китоби Муқаддас қоидаҳои сару либос, намуди зоҳирӣ ва гигиена номбар карда нашудаанд. Яҳува моро аз озодона интихоб кардан ё истифода бурдани қобилияти фикрронӣ маҳрум кардан намехоҳад. Баръакс, Ӯ мехоҳад, ки мо одамони баркамоле шавем, ки бар принсипҳои Китоби Муқаддас мулоҳиза меронанд ва «ба василаи малака ба фарқ кардани неку бад омӯхта» шудаанд (Ибриён 5:14). Пеш аз ҳама Ӯ мехоҳад, ки мо аз рӯи муҳаббат амал кунем — муҳаббат ба Худо ва одамон. (Марқӯс 12:30, 31-ро хонед.) Бо вуҷуди ин, мо дар интихоб кардани тарзи либоспӯшӣ ва оро додани намуди зоҳирӣ имконияти бисёр дорем. Инро халқи Худо дар гӯшаю канори замин бо пӯшидани либоси рангоранг ва зебои худ тасдиқ мекунад.

 ЧАШМИ ХУДРО «СОЛИМ» НИГОҲ ДОРЕД

16. Фарқияти рӯҳияи ин ҷаҳон аз он чизе ки Исо таълим медод, дар чист ва кадом саволҳоро бояд ба худ бидиҳем?

16 Рӯҳияи ин ҷаҳон миллионҳо одамонро ба гумроҳӣ бурда, онҳоро бармеангезад, ки хушбахтиро дар пул ва чизу чора биҷӯянд. Лекин Исо чунин гуфта буд: «Зеро ки ҳаёти одам ба фаровонии дороии вай вобаста нест» (Луқо 12:15). Гарчанд Исо нагуфта буд, ки дар зиндагӣ аз бисёр чиз худро маҳрум намоем ё аз худ рӯй гардонем, аз ҷиҳати дигар ӯ таълим медод, ки хушбахтии ҳақиқиро «мискинони рӯҳ», яъне касоне, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ ташнаанд ба даст меоранд. Ҳамчунин касоне, ки ҳаёти оддӣ ба сар бурда диққаташонро ба мақсадҳои рӯҳонӣ равона мекунанд, хушбахтии ҳақиқиро ба даст хоҳанд овард (Матто 5:3; 6:22). Аз  худ бипурсед: «Оё ман ба он чизе ки Исо таълим дода буд, боварии самимӣ дорам, ё ин ки ба ман “падари дурӯғ” таъсир мерасонад?» (Юҳанно 8:44). «Суханону мақсадҳои ман, тарзи зиндагиам ва он чизе ки бароям муҳим аст, аз чӣ шаҳодат медиҳанд?» (Луқо 6:45; 21:34–36; 2 Юҳанно 6).

17. Онҳое ки ҳаёти оддӣ ба сар мебаранд кадом баракатҳоро соҳиб хоҳанд шуд?

17 Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, ки мо бояд «иҷрокунандагони калом» бошем (Яъқуб 1:22). Андеша кунед, ки шахсоне, ки ҳаёти оддӣ ба сар мебаранд чӣ баракатҳоро эҳсос хоҳанд кард? Хизмат ба Салтанат ба онҳо таровати ҳақиқӣ мебахшад (Матто 11:29, 30). Ғайр аз ин, онҳо аз ташвишҳои беҳуда дар каноранд ва ҳамин тавр аз зиқиву парешонхотирӣ азоб намекашанд. (1 Тимотиюс 6:9, 10-ро хонед.) Ба шарофати он ки онҳо ба чизҳои зарурии доштаашон қаноат мекунанд, барои оила ва дӯстони наздики худ бештар вақт сарф карда метавонанд. Аксар вақт чунин одамон нағзтар хоб мекунанд (Воиз 5:11). Аз он ки онҳо саховатмандӣ зоҳир мекунанд ва ба қадри имкон ёрӣ мерасонанд, аз ин хурсандии зиёдеро эҳсос мекунанд (Аъмол 20:35). Онҳо умедашонро афзун мегардонанд ва хотирҷамъиву қаноатмандии бештарро эҳсос мекунанд (Румиён 15:13; Матто 6:31, 32). Ин баракатҳо ҳақиқатан ҳам бебаҳоянд!

«ЗИРЕҲИ КУЛЛИИ ХУДОРО» ДАР БАР КУНЕД

18. Дар Китоби Муқаддас душмани мо ва тарзу усулҳои ӯ чӣ тавр тасвир шудаанд ва намуди муборизаи мо чӣ гуна аст?

18 Онҳое ки худро дар муҳаббати Худо нигоҳ медоранд, аз Шайтон рӯҳан ҳифз карда шудаанд. Зеро ӯ мехоҳад, ки масеҳиёнро на танҳо аз хушбахтӣ, ҳамчунин аз ҳаёти ҷовидонӣ низ маҳрум созад (1 Петрус 5:8). «Муборизаи мо,— гуфт Павлус,— на бар зидди хун ва ҷисм аст, балки бар зидди сарварон, бар зидди ҳукуматдорон, бар зидди фармонравоёни ин олами зулмот аст, бар зидди  қувваҳои рӯҳии шарорат, ки дар афлок аст» (Эфсӯсиён 6:12). Маънои калимаи «мубориза» на аз масофаи дур, масалан аз ягон паноҳгоҳи бехатар ҷангидан аст, балки маънои ҷанги даст ба гиребонро дорад. Ҳамчунин калимаҳои «сарварон», «ҳукуматдорон», «фармонравоёни ин олам» ба он ишора мекунанд, ки ҳуҷуме, ки аз олами рӯҳонӣ мебошад, мақсаднок ва хеле хуб ба тартибу низом дароварда шудаанд.

19. Зиреҳи куллии шахси масеҳиро тасвир кунед.

19 Мо ба сустиҳо ва маҳдудиятҳои одамӣ нигоҳ накарда, метавонем ғолиб бароем. Чӣ тавр? Вақте ки «зиреҳи куллии Худоро» дар бар мекунем (Эфсӯсиён 6:13). Ин зиреҳҳо дар Эфсӯсиён 6:14–18 чунин тасвир шудаанд: «Пас, бо ростӣ камар баста ва ҷавшани адолатро дар бар карда, биистед. Ва пойафзоли омодагиро барои додани башорати осоиштагӣ ба пои худ бипӯшед. Дар айни ҳол сипари имонро бигиред, ки бо он ҳамаи тирҳои тафсони шарирро хомӯш карда метавонед; Ва хӯди наҷот [ё умед ба наҷот]-ро бигиред, ва шамшери Рӯҳро, ки каломи Худост; Дар ҳар вақт дар Рӯҳ бо ҳар дуо ва илтимос дуо гӯед».

20. Масеҳиён аз аскарон чӣ фарқ доранд?

20 Азбаски ин зиреҳи рӯҳонӣ ҳадяи Худо мебошад, агар мо онро ҳеҷ гоҳ тарк накунем, он моро ҳатман дастгирӣ хоҳад кард. Аскарон на ҳамеша дар ҷанг иштирок мекунанд. Масеҳиён бошанд, баръакси онҳо, ҳамеша дар ҷанги рӯҳонӣ, ки он марговар буда метавонад, иштирок мекунанд. Вақте ки Худо ин ҷаҳони Шайтонро нест мекунад ва ҳамаи золимонро дар варта занҷирбанд менамояд, он вақт ин мубориза хотима хоҳад ёфт (Ваҳй 12:17; 20:1–3). Аз ин рӯ, агар шумо бо сустиҳо ё хоҳишҳои нодуруст мубориза баред, таслим нашавед, зеро ҳамаи мо бояд «ҷисми худро азоб» диҳем, то ки ба Яҳува содиқ бимонем (1 Қӯринтиён 9:27). Дар ҳақиқат мо бояд он вақт ба ташвиш оем, агар мубориза набарем.

21. Танҳо дар кадом мавридҳо мо метавонем дар муборизаи рӯҳонии худ ғолиб бароем?

21 Илова бар ин, мо танҳо бо қувваи худ ғолиб баромада  наметавонем. Барои ҳамин Павлус ба мо хотиррасон мекунад, ки «дар Рӯҳ бо ҳар дуо» ба Яҳува муроҷиат кардан хеле муҳим аст. Ҳамзамон мо бо омӯхтани Калом ва имконияти муоширатро бо онҳое ки ҳамроҳамон мубориза мебаранд аз даст надода, бояд ба Яҳува гӯш диҳем. Ва дар хотир дошта бошед, ки мо дар ин ҷанг танҳо нестем! (Филемӯн 2; Ибриён 10:24, 25). Шахсоне ки дар ҳамаи ин мавридҳо содиқ мемонанд, на танҳо ғолиб мебароянд, балки агар лозим ояд, боқатъият имонашонро муҳофизат хоҳанд кард.

БА ҲИМОЯ КАРДАНИ ИМОНИ ХУД ТАЙЁР БОШЕД

22, 23. a) Чаро мо бояд ҳамеша ба ҳимоя кардани имонамон омода бошем ва кадом саволҳоро бояд ба худ бидиҳем? б) Кадом мавзӯъро дар боби оянда муҳокима хоҳем кард?

22 «Азбаски шумо аз ҷаҳон нестед...— гуфт Исо,— аз ин сабаб ҷаҳон аз шумо нафрат мекунад» (Юҳанно 15:19). Аз ин рӯ, масеҳиён бояд ҳамеша ба ҳимоя кардани имонашон тайёр бошанд ва инро бо ҳалимӣ ва эҳтиром ба ҷо оранд. (1 Петрус 3:15-ро хонед.) Аз худ бипурсед: «Оё ман дарк мекунам, ки чаро Шоҳидони Яҳува баъзан мавқееро ишғол мекунанд, ки аз тарафи умум қабулкардашуда, фарқ мекунад? Вақте ки ман чунин мавқеъро ҷонибдорӣ мекунам, оё ба ҳақиқат будани гуфтаҳои Китоби Муқаддас ва ғуломи мӯътамад боқатъият боварӣ ҳосил кардаам?» (Матто 24:45; Юҳанно 17:17). «Барои иҷро кардани он чизе ки дар назари Яҳува дуруст аст, оё ман тайёрам, ки на танҳо аз дигарон фарқ кунам, ҳамчунин бо он фахр намоям?» (Забур 33:3; Матто 10:32, 33).

23 Аксар вақт хоҳиши аз ҷаҳон ҷудо мондани мо бо тарзҳои маккорона озмуда мешавад. Масалан, чӣ хеле ки дар боло зикр шуда буд, Иблис мекӯшад, ки ходимони Яҳуваро ба ҷаҳони худ тавассути вақтхушиҳо ҷалб намояд. Чӣ тавр вақтхушиҳои манфиатнокеро интихоб кунем, ки виҷдонамонро доғдор накарда, ба мо тароват бахшанд? Ин мавзӯъро дар боби оянда муҳокима хоҳем кард.

^ сарх. 3 Аз замони Пантикости соли 33 эраи мо сар карда, Масеҳ чун Подшоҳ бар ҷамъомади пайравони тадҳиншудаи заминӣ хизмат мекард (Қӯлассиён 1:13). Соли 1914 Масеҳ бар «Салтанати ҷаҳон» қудрати подшоҳиро қабул кард. Аз ин рӯ, масеҳиёни тадҳиншуда имрӯз чун сафирони Салтанати Масеҳоӣ хизмат мекунанд (Ваҳй 11:15).

^ сарх. 8 Ба китоби «Музокира дар асоси Китоби Муқаддас» (рус.), саҳифаҳои 135–139, ки аз тарафи Шоҳидони Яҳува нашр гардиааст, нигаред.

^ сарх. 65 Ба Замимаи «Парастиши парчам, овоздиҳӣ ва хизмати ғайриҳарбӣ» нигаред.