Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БОБИ 10

Издивоҷ — атои Худои меҳрубон аст

Издивоҷ — атои Худои меҳрубон аст

«Риштаи сеқабата ба зудӣ канда намешавад» (ВОИЗ 4:12).

1, 2. а) Дар мавриди навхонадорон мо баъзан аз худ чӣ мепурсем ва барои чӣ? б) Дар ин боб мо кадом саволҳоро дида мебароем?

ОЁ БА шумо дар тӯйҳо иштирок кардан маъқул аст? Ба бисёриҳо маъқул аст, зеро чунин маъракаҳо хурсандии зиёд меоранд. Дар ин рӯз, арӯсу домод либоси тӯёна дар бар мекунанд ва чеҳраашон аз хушбахтӣ медурахшад! Онҳо хеле хушҳоланд ва чунин метобад, ки онҳоро ояндаи пур аз орзуву умед интизор аст.

2 Вале иқрор бояд шуд, ки имрӯз издивоҷи аз ҷониби Худо барпогашта дар ҳолати хеле вазнин қарор дорад. Гарчанд мо ба навхонадорон тамоми хушиҳоро орзу кунем ҳам, лекин баъзан аз худ чунин мепурсем: «Оё ин издивоҷ хушбахт мешавад? Оё он бардавом хоҳад буд?» Ҷавоби ин саволҳо аз он вобаста аст, ки оё зану шавҳар ба маслиҳатҳои Худо, ки ба оила дахл доранд, боварӣ мекунанд ва онро қабул менамояд. (Масалҳо 3:5, 6-ро хонед.) Онҳо бояд аз рӯи ин маслиҳатҳо амал кунанд, то ки худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доранд. Биёед ҳоло дида бароем, ки дар Китоби Муқаддас ба чор саволҳои зерин кадом ҷавобҳо оварда шудаанд: Чаро бояд издивоҷ кард? Агар шумо оила барпо карданӣ бошед, чӣ гуна метавонед ҳамсари мувофиқ интихоб кунед? Ба ҳаёти оилавӣ чӣ гуна бояд тайёр шуд? Ва чӣ тавр ҳамсарон дар издивоҷ хушбахтиро нигоҳ дошта метавонанд?

САБАБҲО БАРОИ ИЗДИВОҶ КАРДАН?

3. Чаро пеш аз издивоҷ кардан, фикр бояд кард?

3 Баъзеҳо чунин ақида доранд, ки бе оила хушбахт будан имконнопазир аст: шумо то ҷуфти худро наёбед, хурсандиву  қаноатмандӣ пайдо намекунед. Чунин гуфтан нодуруст аст! Исо шахси безан буд ва муҷаррадиро ато номид ва онҳое ки ба ин тайёр буданд, барангехт, ки муҷаррад монанд (Матто 19:11, 12). Павлуси расул низ дар бораи баракатҳои муҷаррадӣ гуфта буд (1 Қӯринтиён 7:32–38). Лекин на Исо ва на Павлус дар ин маврид қоидае нагузоштанд; дар асл манъ намудани издивоҷ ба «таълимоти шаётин» тааллуқ дорад (1 Тимотиюс 4:1–3). Ба ҳар ҳол, муҷаррадӣ ба шахсоне ки мехоҳанд, ба Яҳува бе ягон монеа хизмат кунанд, бисёр имкониятҳо медиҳад. Беандеша издивоҷ кардан аз рӯи хирад намебуд, масалан танҳо барои он ки атрофиён издивоҷ мекунанд.

4. Издивоҷи бомуваффақият барои тарбияи фарзандон чӣ гуна таҳкурсӣ мегузорад?

4 Аммо оё сабабҳое вуҷуд доранд, ки аз рӯи он бояд издивоҷ кард? Бале, вуҷуд доранд. Издивоҷ — ин ҳам атои Худои меҳрубон аст. (Ҳастӣ 2:18-ро хонед.) Издивоҷ баъзе афзалиятҳо дорад ва сарчашмаи баракатҳо шуда метавонад. Масалан, издивоҷи хушбахт — таҳкурсии беҳтаринест барои ҳаёти оилавӣ. Чунки фарзандон дар муҳити хуб ба воя мерасанд, волидон онҳоро дӯст медоранд ва таълиму тарбия медиҳанд (Забур 126:3; Эфсӯсиён 6:1–4). Аммо тарбияи фарзандон барои издивоҷ кардан, сабаби ягона нест.

5, 6. а) Мувофиқи оятҳои Воиз 4:9–12, баъзе манфиатҳои дӯстии наздик дар чӣ мебошанд? б) Барои чӣ издивоҷро ба риштаи сеқабата монанд кардан мумкин аст?

5 Биёед дар матни зерин ояти асосии ин бобро дида бароем: «Ду нафар аз як нафар беҳтаранд, чунки барои онҳо аз меҳнаташон музди хубе пайдост. Зеро ки агар яке афтад, дигаре аз онҳо рафиқи худро бармехезонад. Валекин вой бар ҳоли он одами танҳо, вақте ки ӯ афтад ва касе набошад, ки ӯро бархезонад! Ҳамчунин агар ду нафар бихобанд, гарм мешаванд, вале як нафар чӣ гуна гарм шавад? Ва агар ба яке аз онҳо касе ҳуҷум кунад, ҳардуяшон ба вай муқобилият мекунанд. Ва риштаи сеқабата ба зудӣ канда намешавад» (Воиз 4:9–12).

6 Дар ин порча пеш аз ҳама дар бораи қадру қиммати дӯстӣ гуфта шудааст. Дар издивоҷ низ бояд дӯстии наздик  ҳукмфармо бошад. Чӣ хеле ки аз ин оятҳо маълум мешавад, дар чунин иттиҳод кӯмак, муҳофизат ва тасаллӣ ёфтан мумкин аст. Издивоҷ махсусан ҳамон вақт мустаҳкам аст, агар он на танҳо иттиҳоди ду шахс бошад. Мувофиқи ин оятҳо риштаи дуқабатаро кандан осон аст. Лекин агар он бо се ришта тоб дода ё бофта шуда бошад, онро кандан хеле душвор аст. Вақте ки зану шавҳар кӯшиш мекунанд, ки пеш аз ҳама ба Яҳува писанд бошанд, издивоҷи онҳо ба риштаи сеқабата монанд аст. Агар ҳамсарон ба Яҳува содиқ бошанд, банди издивоҷашон дар ҳақиқат мустаҳкам хоҳад шуд.

7, 8. а) Павлус барои масеҳиёне, ки дар издивоҷ нестанду хоҳиши сахти алоқаи ҷинсиро эҳсос мекунанд, кадом маслиҳатро навишт? б) Дар Китоби Муқаддас нисбати издивоҷ, кадом нигоҳи воқеӣ инъикос ёфтааст?

7 Ғайр аз ин, фақат дар издивоҷ хоҳиши алоқаи ҷинсиро ба таври мувофиқ қонеъ гардондан мумкин аст. Барои ҳамин, дар издивоҷ муносибати алоқаи ҷинсиро сарчашмаи ҳақиқии ҳаловат номидан мумкин аст (Масалҳо 5:18). Баъди гузаштани «синни балоғат»-и шахсоне, ки дар издивоҷ нестанд — дар Китоби Муқаддас давраи аввалини иштиёқи сахти алоқаи ҷинсӣ кардан, номида шудааст — писар ё духтар ҳоло ҳам метавонад хоҳиши сахти алоқаи ҷинсӣ карданро дошта бошад. Агар чунин хоҳишро идора накунанд, он метавонад ба нопокӣ ё рафтори ношоям оварда расонад. Павлус зери илҳоми Худо барои шахсони безану бешавҳар, чунин маслиҳатҳоро навишт: «Агар худдорӣ карда натавонанд, бигзор никоҳ кунанд; зеро ки никоҳ кардан аз сӯхтан дар оташи шаҳват беҳтар аст» (1 Қӯринтиён 7:9, 36; Яъқуб 1:15).

8 Чизе ки одамро ба издивоҷ кардан барнаангезад, ӯ бояд нисбати ҳаёт воқеъбин бошад. Чуноне ки Павлус навишта буд, онҳое, ки издивоҷ мекунанд, «дар ҷисм азобҳо хоҳанд дошт» (1 Қӯринтиён 7:28). Одамони оиладор бо душвориҳое рӯ ба рӯ мешаванд, ки шахсони муҷаррад ин гуна мушкилиҳо надоранд. Агар шумо барои оиладор шудан қарор қабул кунед, пас чӣ гуна ин душвориҳоро бартараф намуда, метавонед ба хушбахтии издивоҷ мусоидат кунед?  Яке аз роҳҳо — оқилона интихоб кардани ҳамсар мебошад.

КӢ БАРОИ ШУМО ҲАМСАРИ МУВОФИҚ ШУДА МЕТАВОНАД?

9, 10. а) Павлус бо кадом мисол нишон дод, ки банди издивоҷро бо шахсоне, ки ҳамимони мо нестанд, бастан хатарнок аст? б) Қабул накардани маслиҳатҳои Худо дар мавриди издивоҷ бо шахсе, ки ҳамимони мо нест, бисёр вақт ба чӣ оварда мерасонад?

9 Павлус зери илҳоми Илоҳӣ принсипи муҳимеро навишт, ки дар интихоби ҳамсари мувофиқ, аз рӯи он бояд амал кард: «Зери юғи бегона бо якҷоягии беимонон сар хам накунед» (2 Қӯринтиён 6:14). Як мисоле аз хоҷагии қишлоқ меорем. Агар ду ҳайвоне, ки ҳаҷму қувваташон гуногун аст, дар як юғ бо ҳам бандем, ҳарду азоб мекашанд. Ба ин монанд, агар шахсоне ки ҳамимон нестанд бо ҳам издивоҷ кунанд, он гоҳ бешубҳа дар байни онҳо ҷангу низоъ ва нофаҳмӣ ба вуҷуд меояд. Агар яке аз онҳо худро дар муҳаббати Яҳува нигоҳ доштан хоҳад ва барои дигарӣ ин аҳамияти кам дошта бошад, пас мақсади онҳо дар зиндагӣ мувофиқ нахоҳад омад ва дар натиҷа душвориҳо ба амал меоянд. Барои ҳамин, Павлуси расул масеҳиёнро барангехт, ки «фақат дар Худованд» издивоҷ кунанд (1 Қӯринтиён 7:39).

10 Аммо баъзе масеҳиёне, ки хонадор нестанд, ба хулосае омаданд, ки зери юғи бегона будан беҳтар аст, аз он ки аз танҳоӣ азоб кашанд. Онҳо маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро дидаву дониста зери по менамоянд ва бо шахсоне, ки хизматгори Яҳува нестанд, издивоҷ мекунанд. Ин аксаран бо хубӣ намеанҷомад. Чунин масеҳиён ҳаёти худро бо одамоне мепайванданд, ки он чизе ки барои масеҳиён муҳим аст, дастгирӣ намекунанд. Оқибат онҳо худро боз ҳам бештар танҳо ҳис мекунанд, аз он ки то тӯяшон буданд. Чӣ хел хурсандиовар аст, ки ҳазорҳо масеҳиёне, ки хонадор нестанд, дар ин масъала ба маслиҳати Худо боварӣ карда ба он гӯш медиҳанд. (Забур 31:8-ро хонед.) Гарчанд онҳо умед доранд, ки рӯзе оиладор мешаванд, лекин дар ин кор саросема намешаванд, балки дар  байни хизматгорони Яҳува Худо барои худ шавҳар ё зан мекобанд.

11. Барои бохирадона интихоб кардани зан ё шавҳар, ба шумо чӣ кӯмак мерасонад? (Инчунин ба замимаи « Ман дар ҳамсари ояндаи худ чиро дидан мехоҳам?» нигаред.)

11 Албатта гуфтан нодуруст аст, ки ҳар хизматгори Яҳува ба шумо ҷуфти муносиб шуда метавонад. Агар шумо дар бораи барпо намудани оила фикр кунед, шахсеро кобед, ки хислат, мақсадҳои рӯҳонӣ ва муҳаббаташ нисбати Худо бо мақсадҳои шумо мувофиқат кунад. Синфи ғуломи мӯътамад ба мо барои андеша рондан оиди чунин мавзӯъ ғизои зиёде фароҳам овардааст ва шумо дуруст амал мекунед, агар бо дуо дар бораи ин маслиҳатҳои Китоби Муқаддас фикр карда, ҳангоми қабули қарори муҳим аз рӯи он амал кунед *. (Забур 118:105-ро хонед.)

12. Дар бисёр мамлакатҳо чӣ гуна издивоҷ ба одат даромадааст ва аз рӯи кадом намунаи Китоби Муқаддас амал кардан мумкин аст?

12 Дар бисёр мамлакатҳо одат шудааст, ки волидон ба фарзандонашон ҳамсар интихоб мекунанд. Дар ин маданиятҳо волидонро дорои хирад ва пуртаҷриба меҳисобанд, ки ин барои ҳалли масъалаҳои ҷиддӣ муҳим аст. Дар издивоҷе, ки ҳамсаронро волидон интихоб мекунанд, чуноне ки дар замонҳои қадим буд, аксаран ин издивоҷҳо мустаҳкам мебошанд. Барои ҳамин волидоне, ки дар рӯзҳои мо дар чунин ҳолат қарор доранд, аз намунаи Иброҳим бисёр чизҳоро омӯхта метавонанд. Вай навкари худро равона карда буд, то ки барои писараш Исҳоқ, ҳамсар ёбад. Иброҳимро пул ва мавқеи иҷтимоӣ ба ташвиш намеовард. Баръакс ӯ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дод, то ки барои Исҳоқ аз байни онҳое зан ёбад, ки ба Яҳува ибодат мекарданд (Ҳастӣ 24:3, 67) *.

 БА ҲАЁТИ ОИЛАВӢ ЧӢ ГУНА БОЯД ТАЙЁР ШУД?

13–15. а) Чӣ тавр принсипи Масалҳо 24:27 ба ҷавоне, ки зан гирифтан мехоҳад, кӯмак мерасонад? б) Чӣ тавр духтар ба шавҳар кардан тайёр шуда метавонад?

13 Агар шумо барои барпо кардани оила нияти ҷиддӣ дошта бошед, хуб мебуд, ки аз худ чунин пурсед: «Оё ман дар ҳақиқат ба издивоҷ кардан тайёрам?» Дар бораи муҳаббат, алоқаи ҷинсӣ, муносибат ё тарбияи фарзандон фикр кардан — ин ҷавоби саволатон нест. Баръакс, зану шавҳари оянда бояд ба мақсадҳои муайян диққат диҳанд.

14 Ҷавоне ки дар ҷустуҷӯи ҳамсар аст, бояд дар бораи принсипи зерин бодиққат андеша ронад: «Барои кори худ дар берун тадорук намо ва онро дар киштзори худ ба тартиб овар ва баъд хонаи худро низ бино бикун» (Масалҳо 24:27). Ин суханон чӣ маъно доранд? Агар дар он давраҳо мард мехост, ки зан гирад ё оила барпо кунад, ӯ бояд аз худаш чунин мепурсид: «Оё ман тайёрам, ки ба занам ва фарзандонамон, ки шояд баъдтар таваллуд шаванд ғамхорӣ кунам ва онҳоро хӯронда пӯшонам?» Дар аввал ӯ бояд меҳнат мекард: нисбати киштзору ҳосилот ғамхорӣ менамуд. Чунин принсип дар рӯзҳои мо низ истифода мешавад. Марде ки зан гирифтан мехоҳад, бояд барои ӯҳдадориро ба дӯши худ гирифтан, тайёр бошад. Агар саломатиаш имкон диҳад, ӯ бояд кор кунад. Дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки агар мард нисбати ниёзҳои ҷисмонӣ, эҳсосӣ ва рӯҳонии оилааш ғамхорӣ накунад, вай аз беимон ҳам бадтар аст! (1 Тимотиюс 5:8-ро хонед.)

15 Агар масеҳизан шавҳар кардан хоҳад, вай нишон медиҳад, ки ба иҷро кардани вазифаҳои ҷиддӣ розӣ аст. Дар Китоби Муқаддас зане таъриф карда мешавад, ки барои ба шавҳараш кӯмак расондан ва нисбати хонаводаи худ ғамхорӣ намудан, ҳунару хислати зарурӣ дорад (Масалҳо 31:10–31). Мардон ва заноне, ки ба иҷрои вазифаҳое, ки бо издивоҷ алоқаманданд, тайёр нашуда, саросемавор издивоҷ мекунанд, онҳо худбинона рафтор мекунанд, чунки дар бораи ҳамсари ояндаашон фикр намекунанд. Вале онҳое ки издивоҷ кардан мехоҳанд, пеш аз ҳама бояд аз ҷиҳати рӯҳонӣ тайёр бошанд.

16, 17. Онҳое ки барои издивоҷ кардан тайёрӣ мебинанд, бояд бар кадом принсипҳои Китоби Муқаддас андеша ронанд?

 16 Ба издивоҷ тайёрӣ дидан инчунин мулоҳиза оиди нақшҳоеро дар бар мегирад, ки Худо ба зану шавҳар додааст. Мард бояд донад, ки сарвари оилаи масеҳӣ будан, чӣ маъно дорад. Нақши сарварӣ ба ӯ ҳуқуқ намедиҳад, ки золимона рафтор кунад. Баръакс, шавҳар бояд ба чӣ гуна сарварӣ кардани Исо пайравӣ кунад (Эфсӯсиён 5:23). Ҳамчунин зани масеҳӣ бояд дарк кунад, ки зан кадом нақши сазоворро мебозад. Оё ӯ аз дилу ҷон ба «шариати шавҳардорӣ» итоат мекунад? (Румиён 7:2). Аллакай ҳозир ӯ зери шариати Яҳува ва Масеҳ мебошад (Ғалотиён 6:2). Лекин ҳокимияти шавҳараш дар оила қонуни дигар дорад. Вақте ки дар бораи ҳокимияти шавҳар чун шахси нокомил сухан меравад, оё ӯ ба шавҳараш кӯмак ва итоат карда метавонад? Агар чунин имконият ба ӯ ҷолиб натобад, беҳтараш шавҳар накунад.

17 Ғайр аз ин, зану шавҳар барои ғамхорӣ кардан нисбати талаботҳои асосии якдигар бояд тайёр бошанд. (Филиппиён 2:4-ро хонед.) Павлус навишта буд: «Бигзор ҳар яке аз шумо зани худро мисли худ дӯст дорад ва зан аз шавҳари худ битарсад [«зан шавҳари худро бояд эҳтиром намояд», ТФ]». Павлус зери илҳоми Илоҳӣ қайд намуд, ки мард талаботи махсус дорад, ки зан ӯро ҳурмату эҳтиром кунад; талаботи зан — он ки шавҳар ӯро дӯст дорад (Эфсӯсиён 5:21–33).

Бисёр ҷуфтҳо ҳангоми мулоқот кардан ягон касро ба ҳамроҳии худ таклиф карда, хирадмандона рафтор мекунанд

 

18. Барои чӣ ҳангоми мулоқот бояд худдорӣ намуд?

18 Давраи мулоқот — на танҳо давраи вақтхушӣ мебошад. Дар ин давра марду зан чӣ гуна бо якдигар муносибат карданро мефаҳманд ва издивоҷ кардан ё накарданашонро қарор мекунанд. Аммо айни замон бояд худдорӣ кард. Хоҳиши алоқаи ҷинсӣ хеле сахт буда метавонад, зеро набояд рад кард, ки ба ҳамдигар иштиёқ доштани марду зан табиист. Вале онҳое ки ҳақиқатан якдигарро дӯст медоранд, аз амале ки ба шахси дӯстдоштааш зарари рӯҳонӣ мерасонад, дурӣ меҷӯянд (1 Таслӯникиён 4:6). Аз ин рӯ, ҳангоми мулоқот худдорӣ намоед. Новобаста аз он ки шумо издивоҷ мекунед ё не, ин хислат дар тамоми давраи ҳаётатон ба шумо манфиат меорад.

 ОИЛАИ МУСТАҲКАМРО ЧӢ ГУНА БАРПО КУНЕМ?

19, 20. Чӣ тавр нуқтаи назари масеҳӣ ба издивоҷ аз нигоҳи ҷаҳониён бояд фарқ кунад? Мисол оред.

19 Агар мард ва зан оилаи мустаҳкам барпо карданӣ бошанд, онҳо бояд ба ин иттиҳод назари дуруст дошта бошанд. Дар роману филмҳо одатан ҳамааш бо тӯй меанҷомад, яъне бо хушбахтӣ хотима меёбад, ки одамон онро сахт орзу доранд. Аммо дар ҳаёти воқеӣ тӯй на анҷом, балки оғози издивоҷ мебошад, ки аз рӯи нияти Яҳува он бояд абадӣ бошад (Ҳастӣ 2:24). Афсӯс, ки дар рӯзҳои мо на ҳама бо ин нуқтаи назар розиянд. Дар баъзе маданиятҳо мегӯянд, ки одам оила барпо карда, “гиреҳ мебандад”. Эҳтимол одамон то охир намефаҳманд, ки ин ибора то чӣ андоза нуқтаи назари паҳншударо ба издивоҷ аниқ тасвир мекунад. Чаро ин тавр гуфтан мумкин аст? Гарчанд гиреҳи сахт то он даме ки лозим аст, бояд кушода нашавад, лекин хусусияти дигараш он аст, ки гиреҳро на танҳо бастан, вале ба осонӣ кушодан низ мумкин аст.

20 Дар рӯзҳои мо, бисёриҳо издивоҷро иттиҳоди якумра намеҳисобанд. Чунин одамон бо умеди қонеъ гардондани талаботи худ ба осонӣ издивоҷ мекунанд, аммо агар каме душворӣ шавад, онҳо тайёранд, ки издивоҷашонро вайрон созанд. Вале мисоли риштаро ба ёд оред, ки он дар Китоби Муқаддас барои тасвир намудани чунин банд мисли издивоҷ оварда шудааст. Бандҳо ё бандҳои симинро барои киштии бодбондор хеле мустаҳкам месозанд, то ки онҳо ҳеҷ гоҳ, ҳатто ҳангоми тӯфони сахт хӯрда ва кушода нашаванд. Ҳамин тавр, издивоҷ низ чун иттиҳоди мустаҳкам пешбинӣ карда шуд. Суханони Исоро ба хотир оред: «Он чиро, ки Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад» (Матто 19:6). Шумо издивоҷ карда, бояд ин ақидаро ба назар гиред. Оё чунин иттиҳод бори гарон хоҳад шуд? Не.

21. Зану шавҳар ба якдигар бояд чӣ гуна муносибат дошта бошанд ва дар ин ба онҳо чӣ кӯмак мерасонад?

21 Зану шавҳар бояд нисбати якдигар муносибати дурустро нигоҳ доранд. Агар ҳар кадоми онҳо кӯшиш кунад, ки ба  хислатҳои хуб ва кӯшишу ғайрати ҳамсари худ аҳамият диҳад, он гоҳ издивоҷ сарчашмаи хурсандиву тароват мегардад. Наход нисбати шахси нокомил чунин назари мусбӣ доштан имконпазир бошад? Масалан, Яҳува хатогиҳои моро мебинад, лекин мо умед дорем, ки ӯ ба ҷиҳатҳои хуби мо аҳамият медиҳад. Забурнавис пурсид: «Агар Ту, эй Худованд, гуноҳҳоро ба назар гирӣ, кист, эй Худованд, ки истодагӣ карда тавонад?» (Забур 129:3). Занону шавҳарон низ бояд ба якдигар нигоҳи мусбӣ дошта бошанд ва хатогиҳои ҳамсарашонро бахшанд. (Қӯлассиён 3:13-ро хонед.)

22, 23. Иброҳим ва Соро барои занону шавҳарони имрӯза чӣ намунаи хуб гузоштанд?

 22 Издивоҷ бо гузашти солҳо ба ҳаёти зану шавҳар хушбахтии бештар мебахшад. Дар Китоби Муқаддас дар бораи оилаи Иброҳим ва Соро, вақте ки онҳо аллакай пир шуда буданд нақл карда мешавад. Онҳо дар зиндагӣ бо душворӣ ва азобҳо дучор шуда буданд. Вазъияте ки Соро дошт ба худ тасаввур кунед. Соро зани қариб 60-сола, барои ҳаёти боқимондаашро дар хайма гузарондан, бояд хонаи бароҳати худро дар шаҳри тараққикардаи Ур тарк мекард. Ба ҳар ҳол, ӯ ба роҳбарии шавҳараш итоат кард. Соро чун ёрдамчӣ ва мададгори хуб, қарори қабулкардаи Иброҳимро ҳурмат карда, барои дар ҳаёт амалӣ гаштани қарорҳои ӯ кӯмак мерасонд. Итоаткории ӯ ба шавҳараш рӯякӣ набуд. Ҳатто «дарунакӣ» ӯ шавҳарашро «оғоям» гуфт (Ҳастӣ 18:12; 1 Петрус 3:6). Эҳтироми Соро ба Иброҳим аз таҳти дил буд.

23 Албатта ин маънои онро надорад, ки Иброҳим ва Соро нуқтаи назари якхела доштанд. Як рӯз Соро ба Иброҳим маслиҳате дод, ки он ба назари Иброҳим «хеле бад» тофт. Бо вуҷуди ин, Иброҳим ба маслиҳати Яҳува итоат карда, бо фурӯтанӣ ба сухани занаш гӯш кард, ки ин ба оилаи онҳо баракат овард (Ҳастӣ 21:9–13). Дар рӯзҳои мо занону шавҳарон, ҳатто онҳое ки якчанд даҳсолаҳо дар издивоҷ мебошанд, метавонанд аз намунаи ин ҳамсарони худотарс бисёр чизҳоро омӯзанд.

24. Кадом издивоҷҳо Яҳува Худоро ҷалол медиҳанд ва чаро?

24 Дар ҷамъомади масеҳиён ҳазорҳо оилаи хушбахт вуҷуд дорад, ки дар он зан шавҳарашро хеле ҳурмат мекунад, шавҳар зани худро дӯст медорад ва ӯро эҳтиром мекунад ва ҳардуи онҳо дар ҳаёти худ иҷрои иродаи Яҳуваро дар ҷои аввал мегузоранд. Агар шумо издивоҷ карданӣ бошед, дар интихоби ҳамсар бохирад бошед, ба издивоҷ хуб тайёр шавед ва барои он ки дар оилаатон осоиштагиву муҳаббат пойдор бошад ва он Яҳува Худоро ҷалол диҳад, саъю кӯшиш кунед. Он гоҳ издивоҷатон ба шумо кӯмак хоҳад расонд, ки худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред.

^ сарх. 11 Ба боби 2-юми китоби «Сирри хушбахтии оила», ки аз тарафи Шоҳидони Яҳува чоп шудааст, нигаред.

^ сарх. 12 Баъзе пайғамбарони содиқ якчанд зан доштанд. Дар замони пайғамбарон ва Исроили қадим, Яҳува серзаниро роҳ дода буд. Гарчанд серзанӣ аз ҷониби Яҳува набошад ҳам, Ӯ онро ба танзим дароварда буд. Аммо масеҳиён медонанд, ки Яҳува дар байни хизматгорони худ серзаниро дигар роҳ намедиҳад (Матто 19:9; 1 Тимотиюс 3:2).