Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ЗАМИМА

Кай ва барои чӣ сарро пӯшондан зарур аст?

Кай ва барои чӣ сарро пӯшондан зарур аст?

Дар ибодати Худо масеҳизан кай ва барои чӣ бояд сарашро пӯшонад? Биёед дар ин мавзӯъ муҳокимаи Павлуси расулро, ки зери илҳоми Илоҳӣ навишта буд, дида бароем. Ӯ ба мо барои қабул кардани қарори дурусте, ки Худоро ҷалол медиҳад, ҳидояти заруриро фароҳам меоварад (1 Қӯринтиён 11:3–16). Павлус се ҷиҳатро қайд мекунад, ки онҳоро бояд ба назар гирем: 1) ҳангоми бо кадом намуди фаъолият машғул будан, зан бояд сарашро пӯшад; 2) Дар кадом вазъиятҳо ӯ бояд сарашро пӯшад ва 3) бо кадом ният ӯ бояд аз рӯи ин маслиҳат амал кунад.

Фаъолият. Павлус оиди ду намуди фаъолият мегӯяд: дуо ва нубувваткунӣ (оятҳои 4 ва 5). Дуо — ин эҳтиромона ба Яҳува муроҷиат кардан аст. Имрӯз нубувваткунӣ ҳамаи таълимоти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро, ки масеҳиён мегузаронанд, дар бар мегирад. Оё Павлус маслиҳат медиҳад, ки зан вақте ки дуо мегӯяд ё ба дигарон ҳақиқати Китоби Муқаддасро меомӯзад, бояд ҳама вақт сарашро пӯшад? Не. Ҳамааш аз он вобаста аст, ки зан дар кадом вазъият дуо мегӯяд ё таълим медиҳад.

 Вазъият. Павлус ду вазъият ё ҷиҳати ҳаётро ёдрас мекунад: оила ва ҷамъомад. Ӯ мегӯяд: «Сардори зан шавҳари ӯст... ...Ҳар зане ки сари луч дуо гӯяд ё нубувват кунад, сари худро расво мекунад» (оятҳои 3 ва 5). Яҳува мардро сардори оила таъин кардааст. Агар зан вазифае, ки Яҳува ба шавҳараш додааст, иҷро карда, ба таври лозима ҳокимияти ӯро эътироф накунад, ӯ шавҳарашро расво ё шарманда мекунад. Масалан, агар ба ӯ дар ҳузури шавҳараш бо касе омӯзиши Китоби Муқаддас гузарондан зарур бошад, вай сарашро пӯшонда нишон медиҳад, ки ҳокимияти шавҳарашро эътироф мекунад. Новобаста аз он ки шавҳари ӯ таъмидгирифта бошад ё не вай бояд сарашро пӯшад, чунки шавҳар сардори оила аст *. Агар ба вай дар ҳузури писари таъмидгирифтаи ноболиғаш дуо гуфтан ё бо касе омӯзиш гузарондан лозим бошад, ӯ бояд сарашро пӯшонад, на аз барои он ки писараш сардори оила аст, балки баҳри он ки дар ҷамъомади масеҳӣ мардони таъмидгирифта соҳиби ҳокимият мебошанд.

Павлуси расул дар бораи ҷамъомад чунин менависад: «Агар касе мунозира карданӣ бошад, мо ва калисоҳо [«ҷамъомадҳо», ТДН]-и Худо чунин одат надорем» (ояти 16). Дар ҷамъомади масеҳӣ роҳбарӣ бар ӯҳдаи мардони таъмидгирифта гузошта шудааст (1 Тимотиюс 2:11–14; Ибриён 13:17). Танҳо мардон чун пир ва ходими ёвар таъин карда мешаванд ва Худо онҳоро вазифадор мекунад, ки тамоми рамаи Ӯро нигаҳбонӣ кунанд (Аъмол 20:28). Вале баъзан мавриде мешавад, ки масъулияте, ки одатан ба ӯҳдаи бародари таъмидгирифтаи мувофиқ гузошта шудааст, ба хоҳар дода мешавад. Масалан, эҳтимол аз сабаби он ки бародари мувофиқ нест, ба хоҳар лозим меояд, ки вохӯрӣ барои хидмати мавъизаро гузаронад. Ё ӯ эҳтимол омӯзиши пешакӣ банақшагирифтаро дар ҳузури бародари таъмидгирифта мегузаронад *. Дар чунин мавридҳо ӯ бояд сари худро пӯшонад ва бо ин эътироф менамояд, ки вазифаи одатан ба мард супоридашударо иҷро мекунад.

Вале на дар ҳама вазъиятҳои ибодати Худо хоҳар бояд сарашро пӯшад. Масалан, хоҳар ҳангоми дар ҷамъомади масеҳӣ  шарҳ додан, хона ба хона бо шавҳараш ё дигар бародари таъмидгирифта мавъиза кардан, бо кӯдакони таъмиднагирифтааш омӯзиш гузарондан ё дуо гуфтан, ба ӯ лозим нест ки сарашро пӯшад. Албатта, боз саволҳои дигар пайдо шуда метавонанд, лекин агар хоҳар барои чӣ гуна рафтор карданаш боварӣ надошта бошад, ӯ метавонад тадқиқоти иловагӣ гузаронад *. Агар чун пештара шубҳа дошта бошад, ки чӣ гуна рафтор кунад ва виҷдонаш ӯро барангезад, ки сарашро пӯшонад, дар ин ягон нодурустие нест, чуноне ки дар сурат нишон дода шудааст.

Ниятҳо. Дар ояти 10 ду сабаб оварда шудааст, ки барои чӣ масеҳизан бояд чунин талаботро иҷро кунад: «зан бояд бар сараш нишонаи ихтиёр [яъне ҳокимият]-ро ба хотири фариштагон дошта бошад». Пеш аз ҳама ба ибораи «нишонаи ҳокимият» диққат диҳед. Зан сарашро пӯшонда нишон медиҳад, ки ҳокимиятеро, ки Яҳува дар ҷамъомад ба мардони таъмидгирифта додааст, эътироф менамояд. Ҳамин тавр, ӯ муҳаббат ва садоқати худро ба Яҳува изҳор мекунад. Сабаби дигар «ба хотири фариштагон» мебошад. Чӣ гуна зан сарашро пӯшонда, ба офаридаҳои пурқудрати рӯҳонӣ таъсир карда метавонад?

Фариштаҳо бо шавқ мушоҳида мекунанд, ки чӣ гуна ҳокимият дар созмони Яҳува ҳам дар осмон ва ҳам дар замин эътироф карда мешавад. Онҳо низ метавонанд дар ин аз одамони нокомил ибрат гиранд. Оқибат онҳо низ бояд ба тартиботи созмони Яҳува итоат кунанд, зеро дар гузашта фариштагони зиёде дар ин озмоиш тоб оварда натавонистанд (Яҳудо 6). Дар баъзе мавридҳо фариштагон мебинанд, ки дар ҷамъомад масеҳизан аз бародари таъмидгирифта дида, донотар ва бомаҳораттар аст, бо вуҷуди ин ӯ бо омодагӣ ба ҳокимияти бародар итоат мекунад. Дар дигар ҳолатҳо, шояд масеҳизан  тадҳиншудае мебошад, ки баъдтар бо Исо ҳукмронӣ хоҳад кард. Дар натиҷа чунин масеҳизан аз фариштаҳо дида мартабаи болотарро ишғол мекунад ва бо Масеҳ дар осмон ҳукмронӣ хоҳад кард. Чӣ намунаи олиҷанобест барои фариштагон! Чӣ хеле ки мебинем, ҳамаи хоҳарон имконияти беҳамторо соҳибанд ва дар назари миллионҳо фариштагони вафодор, онҳо содиқона ва ҳалимона рафтор карда, итоаткории фурӯтанонаро зоҳир месозанд!

^ сарх. 5 Одатан масеҳизан дар ҳузури шавҳари имондораш набояд, ки бо овоз дуо гӯяд. Ӯ танҳо дар мавридҳои махсус дуо гуфта метавонад, масалан, агар шавҳараш аз сабаби касалӣ тамоман гап зада натавонад.

^ сарх. 6 Агар хоҳар дар ҳузури воизи таъмиднаёфта, ки шавҳараш нест, омӯзиш гузаронад, набояд сарашро пӯшонад.

^ сарх. 7 Маълумоти бештарро дар ин бора аз «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 феврали с. 2015, саҳ. 30, 15 июли с. 2002, саҳ. 26, 27 (рус.) ва аз 15 феврали с. 1977, саҳ. 125–128 (англ.), ёфта метавонед.