Гузаштан ба маводи асосӣ

Оё дар ҳақиқат мурдагон аз нав зинда мешаванд?

Оё дар ҳақиқат мурдагон аз нав зинда мешаванд?

Шумо дар ҷавоб чӣ мегуфтед?

  • Бале

  • Не

  • Шояд

 КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД

«[Мурдагон] дар оянда зинда мешаванд» (Аъмол 24:15, Тарҷумаи дунёи нав).

ИН БАРОИ ШУМО ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Ҳангоми аз даст додани шахси наздик, шумо аз Каломи Худо тассалӣ меёбед (2 Қӯринтиён 1:3, 4).

Аз тарси марг озод мешавед (Ибриён 2:15).

Барои аз нав бо наздиконатон зиндагӣ кардан, умеди воқеӣ пайдо мекунед (Юҳанно 5:28, 29).

 ОЁ МО БА СУХАНОНИ КИТОБИ МУҚАДДАС БОВАРӢ КАРДА МЕТАВОНЕМ?

Бале, камаш се сабаб вуҷуд дорад:

  • Худо Офаридгор аст. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Яҳува Худо «ҳаёт, нафас ва ҳама чиро медиҳад» (Аъмол 17:24, 25; Забур 35:10). Азбаски Яҳува сарчашмаи ҳаёт мебошад, Ӯ қодир аст, ки мурдагонро ба ҳаёт баргардонад.

  • Худо дар гузашта аллакай одамонро эҳё карда буд. Дар Китоби Муқаддас ҳашт воқеаи эҳёшавӣ — ҷавон, пир, зан ва мард — ки ба ҳаёт баргардонда шудаанд, оварда шудааст. Баъзеи онҳо муддати кӯтоҳе дар хоби марг буданд, аммо яке аз онҳо муддати дарозтар, яъне чор рӯз дар қабр қарор дошт! (Юҳанно 11:39–44).

  • Худо ҳозир ҳам инро сахт мехоҳад. Яҳува Худо аз марг нафрат дорад; Ӯ онро чун душман меҳисобад (1 Қӯринтиён 15:26). Ӯ сахт мехоҳад, ки бар ин душман ғолиб омада, тавассути эҳёшавӣ онро нест кунад. Худо онҳоеро, ки дар хотираи Ӯ мебошанд, ба ҳаёт баргардондан мехоҳад, то ки онҳо боз аз нав дар рӯи замин зиндагӣ кунанд (Айюб 14:14, 15).

 ДАР ИН БОРА ФИКР КУНЕД

Чаро мо пир мешавем ва мемирем?

Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоб медиҳад: ҲАСТӢ 3:17–19 ва РУМИЁН 5:12.