Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ҚИСМИ 8

Халқи Исроил ба замини Канъон медарояд

Халқи Исроил ба замини Канъон медарояд

Исроилиён бо сарварии Еҳушаъ ибни Нун Канъонро забт мекунанд. Яҳува доваронро таъин менамояд, то ки онҳо халқи Ӯро аз зулму ситам халос кунанд

САДСОЛАҲО пеш, то ба замини Канъон даромадани исроилиён, Яҳува он заминро ба насли Иброҳим ваъда карда буд. Ва ҳоло исроилиён бо роҳбарии Еҳушаъ барои гирифтани Замини ваъдашуда тайёр буданд.

Худо мехост канъониёнро нобуд кунад. Чунки онҳо он заминро аз алоқаи ҷинсии нафратовар ва хунрезии бераҳмона пур карда буданд. Барои ҳамин шаҳрҳои Канъон, ки аз тарафи исроилиён забт гардида буданд, бояд пурра нест карда мешуданд.

Пеш аз ба замини Канъон даромадан, Еҳушаъ ба шаҳри Ериҳӯ ду ҷосусро фиристод ва онҳо дар хонаи зане истоданд, ки Роҳоб ном дошт. Роҳоб нигоҳ накарда ба он ки онҳо ҷосусони исроилӣ буданд, онҳоро ба хонаи худ қабул карда, пинҳон намуд. Роҳоб ба Яҳува — Худои исроилиён имон овард, чунки шунида буд, ки Ӯ халқи худро наҷот дода буд. Ин зан аз ҷосусон хоҳиш кард, то онҳо қасам хӯранд, ки ӯву хонаводаашро зинда мемонанд.

Баъдтар, вақте ки исроилиён вориди Канъон шуда, бар зидди Ериҳӯ баромаданд, Яҳува деворҳои Ериҳӯро ба таври мӯъҷиза фурӯ ғалтонд. Лашкарони Еҳушаъ ба шаҳр даромада, онро вайрон карданд, вале Роҳоб ва оилаи ӯро зинда гузоштанд. Танҳо дар давоми шаш сол, Еҳушаъ қисми зиёди Замини ваъдашударо забт кард. Сипас замин дар байни қабилаҳои Исроил тақсим карда шуд.

Еҳушаъ дар пириаш тамоми исроилиёнро ҷамъ карда, ба онҳо корҳое, ки Яҳува ба бобову бобокалонҳояшон карда буд, хотиррасон намуд. Баъд аз ин, ӯ халқро даъват намуд, ки ба Яҳува хизмат кунанд. Баъди марги Еҳушаъ ва пирони содиқи Худо, исроилиён аз Яҳува рӯй гардонда, ба худоҳои дурӯғ хизмат мекардагӣ шуданд. Халқ тақрибан 300 сол ба қонунҳои Яҳува итоат намекард. Дар давоми он вақт Яҳува ба душманони исроилиён, масалан ба фалиштиён роҳ медод, ки онҳоро ба танг оранд. Вале вақте ки исроилиён бо оҳу нола аз Яҳува мадад мепурсиданд, Ӯ барои наҷоташон доваронро таъин менамуд — онҳо 12 нафар буданд.

Дар китоби Доварон дар бораи айёми зиндагии доварон навишта шудааст. Аввалин довар Отниил буд ва охиринаш Шимшӯн, ки аз ҳама шахси пурқувваттарин дар ҷаҳон буд. Дар китоби Доварон дар бораи як ҳақиқат такрору ба такрор навишта шудааст: ба Яҳува итоат кардан ба мо баракатҳо меорад ва беитоатӣ бошад, бадбахтиҳо меорад.

Бар Еҳушаъ ибни Нун, Доварон, Ибодат 18:24, 25 асос ёфтааст.