Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ҚИСМИ 23

Паҳн кардани хушхабар

Паҳн кардани хушхабар

Павлус сафар карда, хушхабарро мавъиза мекунад

ПАВЛУС баъд аз қабул кардани масеҳият хушхабарро оиди Салтанати Худо бо ҷидду ҷаҳд мавъиза мекунад. Павлус, ки пештар таъқибкунанда буд, акнун худаш бисёр вақт бо мухолифати сахт дучор мешуд. Ин расули пуртоқат бисёр сафар намуда, оиди Салтанате, ки мақсади аввалаи Худоро иҷро хоҳад кард, мавъиза менамуд.

Дар Лустра Павлус ҳангоми сафари якуми худ як ланги модарзодро шифо бахшид. Мардуми ҷамъомада Павлус ва ҳамсафари вай Барнабборо чун худоён қабул карданд ва ҳатто мехостанд, ки ба онҳо қурбонӣ биёранд. Онҳо базӯр мардумро аз ин кор боздоштанд. Аммо ба қарибӣ худи ҳамон мардум Павлусро зери таъсири душманонаш сангсор карданд ва ба гумони он ки ӯ мурдааст, ӯро аз шаҳр берун кашиданд. Лекин Павлус зинда монд ва баъдтар боз ба Лустра баргашт, то ки шогирдонро рӯҳбаланду устувор гардонад.

Баъзе масеҳиёни яҳудӣ таъкид мекарданд, ки масеҳиёни ғайрияҳудӣ бояд баъзе Қонуни Мусоро риоя кунанд. Павлус ин саволро ба расулон ва пирони дар Исроилбуда фиристод. Ин мардон Навиштаҳоро бодиққат дида баромаданд ва зери роҳбарии рӯҳулқудси Худо ба ҷамъомадҳо нома навиштанд. Дар нома масеҳиён даъват карда мешуданд, ки аз қурбонии бутҳо, хун, гӯшти ҳайвони буғишуда ва зино парҳез кунанд. Масеҳиён бояд «воҷиботи зерин»-ро иҷро мекарданд, аммо аз онҳо риоя намудани Қонуни Мусо талаб карда намешуд (Аъмол 15:28, 29).

Ҳангоми сафари мавъизавии дуюмаш Павлус ба Бирия рафт, ки он дар минтақаи Юнони ҳозира ҷойгир буд. Яҳудиёни таҳҷоӣ бо иштиёқи комил каломро қабул карданд, онҳо ҳар рӯз аз рӯи Навиштаҳо он чизеро ки ӯ таълим медод, месанҷиданд. Ба Павлуси расул лозим буд, ки бори дигар аз сабаби мухолифат гурезад,— ин дафъа вай ба Атино гурехт. Он ҷо Павлус назди шахсони баландмаълумот бо нутқи таъсирбахше баромад карда, барои мо дар суханварӣ, боадабӣ ва дурандешӣ намуна гузоштааст.

Баъд аз сафари мавъизавии сеюмаш Павлус ба Ерусалим рафт. Вақте ки ӯ ба маъбад омад, яҳудиён мардумро ба шӯр оварданд ва ӯро куштанӣ шуданд. Аммо сарбозони Рум дахолат карданд ва Павлусро пурсуков намуда фаҳмиданд, ки ӯ шаҳрванди Рум аст. Аз ин рӯ, Павлуси расул баъдтар имконият пайдо намуд, ки худро дар назди Феликси ҳоким муҳофизат кунад. Яҳудиён ба гардани Павлус айбҳои бисёрро бор намуданд, ки онро исбот карда натавонистанд. Барои ба дасти яҳудиён наафтидан ӯ ба ҳокими дигари Рум Фестус чунин гуфт: «Ман доварии қайсарро талаб мекунам». Фестус дар ҷавоб гуфт: «Назди қайсар хоҳӣ рафт» (Аъмол 25:11, 12).

Павлусро бо киштӣ ба Италия фиристоданд, то ки вайро қайсар, яъне ҳокими Рум ҳукм кунад. Аммо вақте ки ғарқшавии киштӣ рӯй дод, ба Павлус лозим омад, ки зимистонро дар ҷазираи Малит гузаронад. Ба Рум омада, ӯ ду сол дар хонае, ки ба иҷора гирифта буд, зиндагӣ кард. Гарчанд ӯ зери назорати сарбозон қарор дошт, вай чун пештара бо ҷидду ҷаҳд дар бораи Салтанати Худо ба ҳамаи онҳое ки наздаш меомаданд, мавъиза мекард.

Бар Аъмол 11:22—28:31 асос ёфтааст.