Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ҚИСМИ 19

Исо дар бораи оянда пешгӯӣ мекунад

Исо дар бораи оянда пешгӯӣ мекунад

Исо рӯйдодҳоеро тасвир намуд, ки онҳо аломати бар сари қудрати подшоҳӣ омадани ӯ ва охирзамонро нишон медиҳанд

ДАР кӯҳи Зайтун, ки аз он манзараи зебои Ерусалим ва маъбад намоён буд, чор расулон ба назди Исо омада дар танҳоӣ ба ӯ савол доданд. Чанде пеш Исо гуфта буд, ки маъбад дар Ерусалим вайрон хоҳад шуд. Аз ин пештар ӯ дар бораи «анҷоми олам» гуфта буд (Матто 13:40, 49). Ҳоло расулон аз устоди худ пурсиданд: «Аломати омадани Ту ва охирзамон чӣ гуна аст?» (Матто 24:3).

Дар ҷавоб Исо нақл кард, ки пеш аз вайроншавии Ерусалим чӣ рӯй медиҳад. Лекин суханони вай ба оянда низ дахл доштанд, ки дертар бояд дар миқёси умумиҷаҳонӣ иҷро мешуданд. Исо дар бораи воқеаҳо ва вазъиятҳои ҷаҳонӣ, ки дар якҷоягӣ як аломатро ташкил мекунанд, пешгӯӣ кард. Ин аломатро мушоҳида карда, одамон фаҳмида метавонистанд, ки Исо аллакай дар осмон чун Подшоҳ ҳузур дорад. Аз дигар ҷиҳат, аломат ба он ишора хоҳад кард, ки мувофиқи иродаи Худо, Масеҳ бар тахти Салтанати Масеҳоии ваъдашуда менишинад ва дар наздикӣ ҳамаи бадиҳоро нест мекунад. Ва дар он вақт дар замин сулҳу осоиштагии ҳақиқӣ ҳукмфармо хоҳад буд. Воқеаҳои пешгӯикардаи Исо дар бораи рӯзҳои охири ин тартиботи кӯҳнаи Шайтон, яъне сохтори динӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятии имрӯза шаҳодат медиҳанд. Ин воқеаҳо ба саршавии тартиботи нав ишора мекунанд.

Чӣ нишон медиҳад, ки Масеҳ бар сари қудрати подшоҳӣ омадааст? Исо гуфт, ки дар он вақт ҷангҳои байналхалқӣ, қаҳтиҳо, бемориҳо, афзоиши беқонунӣ ва зилзилаҳои азим ба амал хоҳанд омад. Пайравони ҳақиқии Исо дар сар то сари замин хушхабар оиди Салтанати Худоро мавъиза хоҳанд кард. Дар анҷом «мусибати бузурге» ба амал хоҳад омад, ки аз ибтидои олам то ба ҳол рӯй надодааст (Матто 24:21).

Чӣ гуна пайравони Масеҳ мефаҳманд, ки ин мусибат наздик аст? Исо гуфт: «Аз дарахти анҷир мисол гиред» (Матто 24:32). Дар навдаҳои дарахти анҷир пайдо шудани баргҳо аломати он мебошад, ки тобистон наздик аст. Айнан ба ин монанд, яку якбора иҷро шудани рӯйдодҳое, ки Исо пешгӯӣ карда буд, аломати он аст, ки анҷоми ин тартибот наздик аст. Аммо ҳеҷ кас, ба ғайр аз Падар рӯз ва соати аниқи саршавии мусибати бузургро намедонад. Барои ҳамин Исо шогирдонашро огоҳ намуд: «Бедор бошед ва дуо гӯед; зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад» (Марқӯс 13:33).

Бар Матто, боби 24 ва 25, Марқӯс боби 13, Луқо боби 21 асос ёфтааст.

^ сарх. 14 Маълумоти бештарро дар бораи пешгӯии Исо аз китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас», боби 9 фаҳмида метавонед. Нашри Шоҳидони Яҳува.