Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ҚИСМИ 2

Биҳишт аз даст дода шуд

Биҳишт аз даст дода шуд

Фариштаи исёнгар марду зани аввалин, Одаму Ҳавворо ба рад кардани ҳокимияти Худо бармеангезад. Оқибат ба замин гуноҳ ва марг ворид мешавад

ХЕЛЕ пештар то офаридани одамон, Худо бисёр офаридаҳои рӯҳии ноаён, яъне фариштагонро ба вуҷуд овард. Дар Адан фариштаи исёнгар, ки чун Шайтон Иблис маълум аст, Ҳавворо маккорона барангехт, ки меваи дарахти манъшударо бихӯрад.

Шайтон ба воситаи мор гап зада гуфт, ки Худо аз зан ва шавҳараш чизи хуберо пинҳон мекунад. Он фаришта ба Ҳавво гуфт, ки агар ӯ ва шавҳараш аз меваи манъшуда хӯранд, нахоҳанд мурд. Ҳамин тавр Шайтон Худоро айбдор намуд, ки Ӯ ба фарзандони заминиаш дурӯғ мегӯяд. Шайтон беитоатӣ ба Худоро чун як чизи ҷолиб, ки озодӣ ва дониши махсус мебахшад, тасвир намуд. Аммо ин дурӯғ буд — дурӯғи аввалине, ки дар замин гуфта шуд. Дар ҳақиқат сухан дар бораи ҳокимияти Яҳува ё ҳокимияти олӣ мерафт, яъне оё Худо ҳуқуқи ҳукмронӣ карданро дорад ва оё Ӯ аз рӯи адолат ва ба фоидаи тобеони худ роҳбарӣ мекунад.

Ҳавво ба дурӯғи Шайтон бовар кард. Барои вай меваи дарахти манъшуда то дараҷае дилкаш тобид, ки ӯ аз он хӯрд. Сипас Ҳавво меваро ба шавҳараш дод ва ӯ низ аз он хӯрд. Ҳамин тавр онҳо гуноҳ карданд. Бо чунин амали оддӣ дар асл онҳо ба муқобили Худо баромаданд. Одаму Ҳавво дидаву дониста ба аҳкоми Худо итоат накарда, ҳокимияти Офаридгорро рад карданд, ки Ӯ ба онҳо ҳама чиз, аз ҷумла ҳаёти комилро дода буд.

Насл «сари туро хохад кӯфт ва ту пошнаи варо хохӣ кӯфт» (Ҳастӣ 3:15)

Худо исёнгаронро барои амалашон ба ҷавобгарӣ кашид. Ӯ пешгӯӣ кард, ки Насл ё Наҷотдиҳанда омада, Шайтонро, ки дар симои мор худро нишон дода буд, нест хоҳад кард. Худо ҷазои ҳукми қатли Одаму Ҳавворо ба муддате як сӯ гузошта, бо ин ба фарзандони ҳоло бадунёнаомадаи онҳо раҳм кард. Азбаски Насли аз тарафи Худо фиристодашуда оқибати даҳшатовари исёни Аданро бартараф мекунад, фарзандони Одаму Ҳавво барои умед доштан асос пайдо хоҳанд кард. Чӣ тавр ин нияти Худо иҷро мешавад ва Наҷотдиҳандаи ваъдашуда кӣ хоҳад буд? Ин оҳиста–оҳиста дар рафти навишта шудани Китоби Муқаддас маълум шуд.

Худо Одаму Ҳавворо аз Биҳишт ронд. Онҳо бояд бо арақи ҷабин заминеро, ки берун аз боғи Адан буд, кишт мекарданд. Баъдтар Ҳавво ҳомиладор шуда, фарзанди нахустини худ Қобилро таваллуд кард. Бо мурури вақт Одаму Ҳавво боз писарону духтарон, аз ҷумла Ҳобил ва Шетро, ки бобокалони Нӯҳ буд ба дунё оварданд.

Бар Ҳастӣ, аз боби 3 то 5, Ваҳй 12:9 асос ёфтааст.