Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ҚИСМИ 6

Айюб–пайғамбар беайбии худро нигоҳ медорад

Айюб–пайғамбар беайбии худро нигоҳ медорад

Шайтон беайбии Айюбро дар назди Худо зери шубҳа мегузорад, вале Айюб ба Яҳува содиқ мемонад

ОЁ ШАХС ба Худо содиқ мемонад, агар вай то охир озмуда шавад ва вафодориаш ба ӯ манфиати моддӣ наорад? Ин савол дар айёми зиндагии шахсе ки Айюб ном дошт, бардошта шуда ҳалли худро ёфта буд.

Вақте ки исроилиён дар Миср буданд, хеши Иброҳим, Айюб дар Арабистон зиндагӣ мекард. Рӯзе фариштагон дар осмон назди Худо ҷамъ омаданд ва Шайтон низ дар миёни онҳо буд. Яҳува дар ҳузури офаридаҳои рӯҳиаш гуфт, ки ба бандаи содиқи худ Айюб боварии комил дорад ва ҳақиқатан ҳам мисли ӯ шахси беайбе вуҷуд надорад. Аммо Шайтон гуфт, ки Айюб ба Худо барои он хидмат мекунад, ки Худо вайро баракат медиҳад ва муҳофизат менамояд. Фариштаи исёнгар иброз намуд, ки агар Айюб аз молу мулкаш маҳрум гардад, ӯ Худоро дашном хоҳад дод.

Худо ба Шайтон иҷозат дод, ки Айюбро аз боигариву фарзандонаш маҳрум созад ва сипас ӯро ба дарди пуразоб гирифтор гардонад. Айюб намедонист, ки сабабгори ҳамаи ин Шайтон аст, барои ҳамин ӯ намефаҳмид, ки чаро Худо ба чунин озмоишҳо роҳ медиҳад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Айюб аз Худо рӯй нагардонд.

Ба назди Айюб се дӯсти дурӯяаш омаданд. Онҳо бо суханони нодурусти худ Айюбро бовар мекунонданд, ки Худо ӯро барои гуноҳҳои пинҳониаш ҷазо медиҳад. Онҳо ҳатто гуфтанд, ки Худо ҳеҷ гоҳ аз ходимони худ розӣ намешавад ва ба онҳо боварӣ надорад. Айюб фикру мулоҳизаи ғалати онҳоро рад менамуд ва бо боварии комил мегуфт, ки ӯ беайбии худро то дами марг нигоҳ хоҳад дошт!

Аммо Айюб ба хатогӣ роҳ дод — ӯ худро аз ҳад одил ҳисоб кард. Элиҳу, ки аз Айюб ва дӯстони ӯ ҷавонтар буд, баҳсашонро гӯш карда, ба гап ҳамроҳ шуд. Ӯ Айюбро сарзаниш кард ва нишон дод, ки ҳақ будани ҳокимияти олии Яҳува ё исботи ҳокимияти Ӯ аз ҳақ будани ҳар одам муҳимтар аст, ки Айюб инро аз назараш дур карда буд. Сипас Элиҳу дӯстони дурӯяи Айюбро низ танқид кард.

Баъд аз ин Яҳува хост, ки барои ислоҳ кардани фикрронии Айюб бо ӯ гуфтугӯ кунад. Яҳува диққати Айюбро ба мӯъҷизаҳои табиат равона карда, ночиз будани одамро назар ба бузургии худ нишон дод. Айюб бо фурӯтанӣ ба хатогии худ иқрор шуд. Худованд, ки «раҳмон ва бахшанда аст», Айюбро шифо бахшида, боигарии ӯро дучанд гардонд ва ба ӯ даҳ фарзанд дод (Яъқуб 5:11). Айюб ҳангоми озмоиши сахттарин беайбиашро ба Худо нигоҳ дошта, ба саволе, ки Шайтон бардошта буд, ҷавоби қонеъкунанда дод.

Бар китоби Айюб асос ёфтааст.