Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ДАРСИ 14

Подшоҳие, ки ба тамоми замин ҳукмронӣ мекунад

Подшоҳие, ки ба тамоми замин ҳукмронӣ мекунад

Ту фаҳмидӣ, ки гап дар бораи кадом Подшоҳӣ мерад? ~ Ҳа, ин Подшоҳии Худо мебошад. Подшоҳие, ки рӯи заминро биҳишт мекунад. Ту дар бораи ин Подшоҳӣ фаҳмидан мехоҳӣ? ~

Ҳар як подшоҳӣ шоҳ дорад. Ва шоҳ ба одамони дар шаҳраш буда, ҳукмронӣ мекунад. Оё ту медонӣ, ки Шоҳи Подшоҳии Худо кист? ~ Он Исои Масеҳ аст. Ӯ дар осмон зиндагӣ мекунад. Ва Исо, ба қарибӣ ба ҳама одамони замин ҳукмронӣ мекунад. Ба фикри ту вақте ки Исо ба тамоми замин шоҳ мешад, оё мо хурсанд мешем? ~

Ту дар биҳишт чиро интизорӣ?

Мо бисёр хурсанд мешавем. Дар биҳишт одамон дигар ягон бор ҷанҷол намекунанд ва ба ҷанг намеранд. Ҳамаи одамон якдигарро нағз мебинанд. Ҳеҷ кас касал намешад ё намемурад. Чашмои кӯрон кушода мешад, гӯшҳои карон ҳама чиро мешунавад ва касоне ки роҳ гашта наметонанд, давида ҷастухез мекунанд. Ҳама ҷо серию пурӣ мешад. Ва ҳайвонҳо бо якдигарашон бозӣ мекунанд ва мо ҳам бо онҳо бозӣ мекунем. Одамоне ки мурда буданд, аз нав зинда мешанд. Бисёр мардону заноне, ки дар бораашон аз ин брошура фаҳмидӣ, масалан, Ривқо, Роҳоб,  Довуд ва Илёс ҳам, аз нав зинда мешаванд. Вақте ки онҳо зинда мешанд, оё ту мехоҳӣ қатишон гап занӣ? ~

Яҳува туро нағз мебинад ва мехоҳад, ки ту хурсанд бошӣ. Агар ту дар бораи Яҳува фаҳмидан ва ба гапаш гӯш карданро давом диҳӣ, он вақт дар биҳишти хушрӯй як умр зиндагӣ карда метонӣ! Оё ту инро мехоҳӣ? ~

АЗ КИТОБИ МУҚАДДАС ХОНЕД