Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ДАРСИ 11

Онҳо дар бораи Исо навистанд

Онҳо дар бораи Исо навистанд

Оё ту ин мардонро дар расм мебинӣ? ~ Номи онҳо Матто, Марқӯс, Луқо, Юҳанно, Петрус, Яъқуб, Яҳудо ва Павлус мебошад. Онҳо дар вақти Исо зиндагӣ мекарданд ва дар бораи ӯ навистанд. Биё, дар бораи онҳо бисёртар мефаҳмем.

Ту дар бораи ин мардон чиро медонӣ?

Се каси онҳо аз байни гурӯҳи махсуси шогирдоне буданд, ки Исо интихоб карда буд. Онҳо ҳавворӣ ном доштанд ва бо Исо ба одамон дар бораи Худо гап мезаданд. Медонӣ ин се кас киҳо буданд? ~ Матто, Петрус ва Юҳанно.  Матто ва Юҳаннои ҳавворӣ Исоро бисёр нағз медонистанд ва ҳар дуяшон дар бораи ҳаёти Исо китоб навистанд. Юҳаннои ҳавворӣ китоби Ваҳй ва се хатеро, ки номаи якуми Юҳанно, номаи дуюми Юҳанно ва номаи сеюми Юҳанно ном доранд, навист. Петруси ҳавворӣ бошад, ду хатеро навист, ки дар Китоби Муқаддас ҳаст. Номи онҳо номаи якуми Петрус ва номаи дуюми Петрус мебошад. Петрус дар хати дуюмаш дар бораи вақте навист, ки Яҳува аз осмон дар бораи Исо гуфта буд: «Исо писари Ман мебошад. Ман ӯро нағз мебинам ва бо ӯ фахр мекунам».

Дигар мардони дар расм буда ҳам дар китобҳои навистаашон ба мо дар бораи Исо гуфта медиҳанд. Яке аз онҳо Марқӯс мебошад. Аз афташ вақте ки Исоро қапиданд, вай ҳама чизе ки рӯй дода буд, дид. Дигари онҳо Луқо мебошад. Вай духтур буд ва ба Исо пайравӣ мекард. Ва мумкин ки баъд аз мурдани Исо масеҳӣ ё пайрави Исо шуд.

Ду нависандаи Китоби Муқаддас, ки ту дар расм мебинӣ додарони Исо буданд. Ту номҳои онҳоро медонӣ? ~ Номи онҳо Яъқуб ва Яҳудо мебошад. Аввал онҳо ба Исо бовар намекарданд. Онҳо ҳатто хаёл мекарданд, ки ӯ камтар девона шудагӣ. Лекин баъдтар онҳо ба Исо бовар карда, пайрави ӯ шуданд.

Охирон нависандаи Китоби Муқаддас, ки ту дар расм мебинӣ, Павлус мебошад. Пеш аз пайрави Исо шуданаш, номи ӯ Шоул буд. Вай пайравони Исоро ганда медид ва сахт азоб медод. Ба фикри ту чӣ ба Павлус ёрдам дод, ки пайрави Исо шавад? ~ Як рӯз Павлус дар роҳ буд, ки касе аз осмон ба ӯ гап зад. Ин Исо буд. Вай аз Павлус пурсид: «Барои чӣ ту ин қадар онҳоеро, ки ба Ман боварӣ доранд, азоб медиҳӣ?» Баъди ин воқеа Павлус рафторашро дигар карда пайрави Исо шуд. Ӯ 14 китобро, аз Румиён то Ибриён, ки дар Китоби Муқаддас ҳастанд, навист.

Мо ҳар рӯз Китоби Муқаддас мехонем, ҳамин хел не? ~ Бо хондани Китоби Муқаддас мо дар бораи Исо бисёр чизҳоро фаҳмида метавонем. Оё ту мехоҳӣ, ки дар бораи Исо бисёртар фаҳмӣ? ~