Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ДАРСИ 6

Довуд нотарс буд

Довуд нотарс буд

Вақте ки ту аз ягон чиз метарсӣ чӣ кор мекунӣ? ~ Мумкин ту давида пеши дадаю очаат меравӣ. Лекин ғайри дадаю очаат Шахсияте ҳаст, ки ба ту ёрдам дода метонад. Вай аз дигарон дида зӯртар аст. Ба фикри ту Ӯ кист? ~ Ӯ Яҳува Худо мебошад. Биё, ҳозир дар бораи бачае, ки дар Китоби Муқаддас Довуд номида шудааст, гап мезанем. Вай медонист, ки Яҳува ҳама вақт ба ӯ ёрдам мекунад, барои ҳамин вай аз ҳеҷ чиз наметарсид.

Вақте ки Довуд майда буд, дадаю очааш ба ӯ нағз дидани Яҳуваро ёд медоданд. Ин ба Довуд ёрдам дод, ки ҳатто агар ягон чизи тарсовар рӯй диҳад ҳам, натарсад. Барои он ки Довуд боварӣ дошт, ки Яҳува дӯсти ӯ мебошад ва ҳама вақт ба вай ёрдам мекунад. Як бор, вақте ки Довуд чӯпонӣ мекард, нохост як шери калоне омад ва ба даҳонаш баррачаеро гирифту рафт. Медонӣ ки Довуд чӣ кор кард? Вай аз қафои шер давид ва қапида кушт. Ва аз афташ он шерро бе ягон чиз кушт. Ба ҳамин монанд, як вақти дигар хирс ҳам ба барра ҳамла кард, Довуд онро ҳам кушт. Ба фикрат кӣ ба Довуд дар ин корҳо ёрдам мекард? ~ Албатта Яҳува ба ӯ ёрдам медод.

Боз бо Довуд як коре шуд, ки дар он ӯ махсусан нотарс буданашро нишон дод. Ин воқеа он вақт рӯй дод, ки исроилиён бо халқе, ки фалиштиён ном доштанд, ҷанг мекарданд. Якто аскари фалиштӣ мардаки қаддарози азимҷусса буд! Ӯ Ҷолёт ном дошт. Он мардаки азимҷусса аскарони исроилӣ ва Яҳуваро масхара мекард. Ҷолёт ба аскарони исроилӣ мегуфт, ки агар касе зӯр бошад, қати азимҷусса ба ҷанг барояд. Лекин ҳамаи исроилиён аз ҷанг кардан бо ӯ сахт метарсиданд. Вақте ки Довуд ин гапҳоро фаҳмид, вай ба Ҷолёт гуфт: «Ман бо азимҷусса ҷанг мекунам. Ва Яҳува ба ман ёрдам мекунад, ки аз Ҷолёт зӯр бароям». Ту чӣ фикр мекунӣ, Довуд нотарс буд? ~ Албатта, вай хеле нотарс буд. Ту мехоҳӣ фаҳмӣ, ки баъд чӣ шуд?

Довуд фалахмони худ (фалахмон ин чизест, ки бо он сангро ҳавола медоданд) ва панҷто санги ҳамворро гирифт. Ва баъд ӯ муқобили азимҷусса ба ҷанг баромад. Вақте Ҷолёт дид, ки Довуд чӣ қадар майдаҳак аст, ӯ ба масхара кардани Довуд сар кард. Вале Довуд гуфт: «Ту ба муқобили ман бо шамшер мебароӣ, лекин ман бошам, ба муқобили ту бо номи Яҳува  мебароям». Баъд аз ин ӯ сангро дар фалахмони худ монд ва ба тарафи Ҷолёт давида сангро ба ӯ ҳавола дод. Санг рост ба пешонии Ҷолёт рафта зад. Азимҷусса ба замин ғалтид ва мурд. Фалиштиён инро дида сахт тарсиданд ва ҳамаашон гурехта рафтанд. Чӣ тавр як бачаи майдаяк тонист, ки аз азимҷусса зӯр барояд? ~ Албатта Яҳува ба ӯ ёрдам кард. Барои он ки Яҳува аз он азимҷусса дида зӯртар буд.

Довуд нотарс буд, чунки медонист, ки Яҳува ба ӯ ёрдам мекунад

Ту аз мисоли Довуд чӣ ёд мегирӣ? ~ Яҳува аз дигар касон дида бақувваттар аст. Ва Ӯ дӯсти ту мебошад. Барои ҳамин агар ин дафъа аз ягон чиз тарсӣ, дар хотират гир, ки Яҳува ба ту барои нотарс буданат ёрдам мекунад.

АЗ КИТОБИ МУҚАДДАС ХОНЕД

  • Забур 55:4, 5

  • 1 Подшоҳон 17:20–54