Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ДАРСИ 9

Чӣ гуна мо ба вохӯриҳо ба таври беҳтарин тайёрӣ дида метавонем?

Чӣ гуна мо ба вохӯриҳо ба таври беҳтарин тайёрӣ дида метавонем?

Камбоҷа

Украина

Агар шумо бо яке аз Шоҳидони Яҳува Китоби Муқаддасро омӯхта истода бошед, эҳтимол мекӯшед, ки мавзӯи ҳар як омӯзишро пешакӣ дида бароед. Ба ҳамин монанд, барои аз вохӯриҳои ҷамъомад фоидаи бештар гирифтан хуб мебуд, ки ба онҳо пешакӣ тайёрӣ бинед. Вақте ки мо барои тайёрӣ реҷаи хубро тартиб медиҳем, мо натиҷаҳои беҳтаринро ба даст меорем.

Муайян кунед, ки кай ва дар куҷо тайёрӣ мебинед. Барои он ки шумо диққататонро ҷамъ кунед, кадом вақт аз ҳама беҳтар аст? Шояд ба шумо саҳарии барвақт, пеш аз сар шудани корҳои рӯз қулай бошад ё шояд шабона вақте ки кӯдакон хоб мераванд. Ҳатто агар зиёд омӯзиш карда натавонед ҳам, аниқ кунед, ки чӣ қадар вақтро шумо барои омӯзишатон ҷудо карда метавонед ва нагузоред, ки чизе ба шумо халал расонад. Ҷои оромро кобед. Радио, телевизор ва телефони мобилиро хомӯш кунед, то ки ягон чиз ба шумо халал нарасонад. Пеш аз омӯзиш дуо гуфтан кӯмак мекунад, ки оиди ташвишҳои рӯз фикр накунед ва диққататонро ба Каломи Худо равона созед (Филиппиён 4:6, 7).

Ҷавобро қайд кунед ва барои шарҳ додан тайёрӣ бинед. Аввал ба мазмуни мавзӯъ сарфаҳм равед. Барои ин дар бораи сарлавҳаи мақола ё боб фикр кунед, аҳамият диҳед, ки чӣ тавр зерсарлавҳаҳо бо мавзӯъ алоқаманданд. Ҳамчунин расмҳо ва саволҳои овардашударо дида бароед, чунки онҳо фикрҳои асосиро мефаҳмонанд. Сипас, ҳар як сархатро хонед ва ба саволи дар поён чопшуда ҷавоб ёбед. Оятҳои овардашударо кушода хонед ва фикр кунед, ки онҳо мавзӯъро чӣ гуна тасдиқ мекунанд (Аъмол 17:11). Вақте ки шумо аз сархат ҷавоби саволро меёбед, зери якчанд калима ё ибораи асосӣ хат кашед. Ин ёрӣ медиҳад, ки дар ҷамъомад ҷавобро ба ёд оред. Сипас, дар рафти ҷамъомад, агар хоҳед, шумо метавонед дастатонро бардошта бо суханони худ шарҳи кӯтоҳе диҳед.

Дар вохӯриҳои ҳарҳафтаинаи ҷамъомад мавзӯъҳои гуногун муҳокима карда мешаванд, ки агар онҳоро таҳқиқ кунед, шумо ба «ганҷинаи» дониши худ фикрҳои навро зам мекунед (Матто 13:51, 52).

  • Барои тайёрӣ дидан ба вохӯриҳо шумо чӣ гуна реҷаро тартиб дода метавонистед?

  • Барои шарҳ додан дар ҷамъомад шумо чӣ тавр тайёрӣ дида метавонед?