Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ДАРСИ 14

Барои пешравон чӣ гуна мактабҳо пешбинӣ шудаанд?

Барои пешравон чӣ гуна мактабҳо пешбинӣ шудаанд?

Иёлоти Муттаҳида

Мактаби Ҷилъод, Паттерсон, Ню-Йорк

Панама

Таълимоти теократӣ муддати дароз хусусияти фарқкунандаи Шоҳидони Яҳува мебошад. Барои онҳое, ки дар кори мавъиза пурравақт иштирок мекунанд, мактабҳои махсус пешбинӣ шуданд, то онҳо ба таври пурра «хизмати худро иҷро» намоянд (2 Тимотиюс 4:5).

Мактаб барои пешравон. Вақте ки воиз як сол чун пешрави доимӣ хизмат мекунад, ӯро ба мактаби шашрӯзае, ки шояд дар ибодатгоҳи наздикбуда мегузарад, таклиф менамоянд. Мақсади ин мактаб дар он аст, ки ба пешравон барои ба Яҳува наздиктар шудан, дар ҳар намуди хизмат бомаҳорат гаштан ва хизмати худро содиқона давом додан, кӯмак расонад.

Мактаб барои воизони хушхабар. Ин мактаби думоҳа барои таълим додани пешравони ботаҷрибае ташкил дода шудааст, ки бо тайёрӣ хонаву ҷойи худро тарк карда, дар маҳаллҳое, ки ниёз вуҷуд дорад, хизмат кардан мехоҳанд. Ин пешравон ба Башоратдиҳандаи бузурги ҳама давру замон — Исои Масеҳ пайравӣ намуда, чунин мегӯянд: «Инак ман ҳозирам, маро бифирист» (Ишаъё 6:8; Юҳанно 7:29). Дур аз хона онҳо бояд ба шароити маҳалле, ки мераванд, одат кунанд, чунки маданият, обу ҳаво ва хӯрока дар он ҷо тамоман дигар буда метавонад. Шояд ба онҳо ҳатто ёд гирифтани забони нав лозим ояд. Дар ин мактаб бародарону хоҳарони муҷаррад ва ҷуфтони масеҳии синнашон аз 23 то 65 сола таҳсил мекунанд. Ин мактаб ба онҳо дар инкишоф додани хислатҳои рӯҳонии барои таъиноташон лозима ва маҳорате, ки ба туфайли он Яҳува ва ташкилоташ онҳоро ба таври пурра истифода бурда метавонанд, кӯмак мерасонад.

Мактаби бар Навиштаҳо асосёфтаи Ҷилъод. Ба забони ибронӣ калимаи «Ҷилъод» маънои «Теппаи шоҳид»-ро дорад. Аз соли 1943 зиёда аз 8000 хатмкунандагони мактаби Ҷилъод чун миссионерон барои «то ақсои замин» шаҳодат додан фиристода шуданд (Аъмол 13:47). Ин натиҷаҳои хуб овард. Масаланд, вақте ки хатмкунандагон аввалин ба Перу рафтанд, дар он шаҳр ҷамъомад набуд. Ҳоло бошад, дар он ҷо беш аз 1000 ҷамъомад мебошад. Ҳангоме ки миссионерон дар шаҳри Ҷопон мавъиза карданро сар карданд, дар он ҷо шумораи Шоҳидон ҳатто 10 нафар ҳам набуд. Ҳоло бошад, дар Ҷопон беш аз 200 000 Шоҳидон ҳастанд. Панҷ моҳи таълимгирӣ дар Ҷилъод омӯзиши пурраи Каломи Худоро дар бар мегирад. Пешравони махсус, миссионерон ва ҳамчунин онҳое, ки дар шӯъбаҳои филиал ё чун нозирони ноҳиявӣ хизмат мекунанд, ба ин мактаб таклиф карда мешаванд, то таълим гирифта, барои устувор ва мустаҳкам кардани кори умумиҷаҳонӣ кӯмак расонанд.

  • Мақсади Мактаб барои пешравон дар чист?

  • Дар Мактаб барои воизони хушхабар киҳо таҳсил мекунанд?