Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ДАРСИ 28

Аз вебсайти мо чиро ёфтан мумкин аст?

Аз вебсайти мо чиро ёфтан мумкин аст?

Фаронса

Полша

Русия

Исои Масеҳ ба пайравонаш гуфт: «Бигзор нури шумо бар мардум битобад, то ки аъмоли неки шуморо дида, ба Падари шумо, ки дар осмон аст, ҳамду сано хонанд» (Матто 5:16). Бо ин мақсад, мо технологияи ҳозиразамон, аз он ҷумла Интернетро истифода бурда истодаем. Сайти jw.org вебсайти расмии мо мебошад, ки оиди эътиқод ва фаъолияти Шоҳидони Яҳува маълумот медиҳад. Дар ин сайт чиҳоро ёфтан мумкин аст?

Ҷавобҳои Китоби Муқаддас ба саволҳое, ки бисёр одамон медиҳанд. Шумо метавонед ба баъзе аз муҳимтарин саволҳое, ки одамонро ташвиш медиҳанд, ҷавоб ёбед. Масалан, рисолаҳои «Оё ранҷу азоб ба охир мерасад?» ва «Оё дар ҳақиқат мурдагон аз нав зинда мешаванд?» дар интернет ба зиёда аз 600 забон дастрасанд. Шумо ҳамчунин «Тарҷумаи дунёи нав», адабиётҳои барои омӯзиши Китоби Муқаддас ёрирасон, аз он ҷумла китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас», маҷаллаҳои ҳармоҳаи «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!»-ро ба беш аз 130 забон ёфта метавонед. Бисёри аз ин адабиётҳоро шумо метавонед дар сайти мо хонед, гӯш кунед ё ба формати MP3, PDF ё EPUB барои худ гиред. Шумо ҳатто метавонед якчанд саҳифа маълумотро чоп карда, ба шахсони шавқманд хушхабарро бо забони модариашон нақл кунед. Дар сайти мо ба бисёр забонҳои имову ишора адабиётҳо ба намуди видео дастрасанд. Шумо инчунин метавонед сабти хониши бадеии Китоби Муқаддас, драмаҳои ба он асосёфта ва мусиқиҳои форамро барои худ гиред ва дар вақтҳои холӣ аз гӯш кардани онҳо баҳра баред.

Маълумоти дуруст оиди Шоҳидони Яҳува. Дар сайти мо ҳамчунин хабарҳои охирин ва видеонаворҳоро дидан мумкин аст, ки оиди кори умумиҷаҳонии мо, воқеаҳои бо ҳаёти Шоҳидон алоқаманд ва ёрии башардӯстона ҳангоми офатҳо, мебошанд. Шумо аз он метавонед оиди анҷуманҳои дарпешистода ва оиди алоқа бо филиалҳо маълумот гиред.

Бо воситаи ин чизҳо, мо нури ҳақиқатро ба гӯшаҳои дурдасти замин мерасонем. Одамон аз ҳар як қитъаи дунё, аз он ҷумла Антарктида аз сайти мо манфиат гирифта истодаанд. Мо дуо мегӯем, ки дар тамоми замин «каломи Худованд паҳн шавад», то ки номи Ӯ ҷалол ёбад (2 Таслӯникиён 3:1).

  • Чӣ тавр сайти jw.org ба шумораи бештари одамон барои фаҳмидани ҳақиқати Китоби Муқаддас ёрдам дода истодааст?

  • Шумо аз вебсайти мо чиро фаҳмидан мехостед?