Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ДАРСИ 2

Барои чӣ мо Шоҳидони Яҳува ном дорем?

Барои чӣ мо Шоҳидони Яҳува ном дорем?

Нӯҳ

Иброҳим ва Соро

Мусо

Исои Масеҳ

Бисёр одамон фикр мекунанд, ки Шоҳидони Яҳува номи як дини нав аст. Лекин, зиёда аз 2700 сол пеш, хизматгорони Худои ягонаи ҳақиқӣ «шоҳидони» Ӯ номида шуда буданд (Ишаъё 43:10–12). То соли 1931 мо чун Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас маълум будем. Чаро мо номи Шоҳидони Яҳуваро гирифтем?

Ин ном равшан нишон медиҳад, ки Худои мо кист. Дар бисёр тарҷумаҳои Китоби Муқаддас номи Худо бо унвонҳо, ба монанди «Худованд» ё «Худо» иваз карда шудааст. Вале мувофиқи дастнависҳои қадима номи Худо, Яҳува, дар Китоби Муқаддас ҳазорҳо маротиба вомехӯрад. Масалан, Худои ҳақиқӣ худро ба Мусо бо номи шахсиаш — Яҳува ошкор кард ва сипас гуфт: «Ин аст исми Ман то абад» (Хуруҷ 3:15). Ҳамин тавр, Ӯ байни худ ва ҳамаи худоёни дурӯғ фарқ ниҳод. Мо фахр мекунем, ки номи муқаддаси Худоро ба худ дорем.

Ин ном вазифаи моро мефаҳмонад. Аз замони марди содиқ Ҳобил сар карда одамони зиёд дар бораи имони ба Яҳува доштаашон шаҳодат медоданд. Дар давоми садсолаҳо ба қатори ин «абри шоҳидон» Нӯҳ, Иброҳим, Соро, Мусо, Довуд ва дигарон ҳамроҳ шуданд (Ибриён 11:4–12:1). Чи тавре ки шоҳид дар суд барои манфиати шахси бегуноҳ шаҳодат медиҳад, мо мехоҳем, ки ҳақиқатро дар бораи Худо ба дигарон маълум созем.

Мо ба Ҳазрати Исо пайравӣ мекунем. Китоби Муқаддас ӯро «шоҳиди амин ва ҳақ» меномад (Ваҳй 3:14). Худи Исо-пайғамбар гуфт, ки исми Худоро ба одамон шиносонд ва оиди ҳақиқати Худо шаҳодат медод (Юҳанно 17:6; 18:37). Барои ҳамин, пайравони ҳақиқии Масеҳ бояд номи Яҳуваро бар худ дошта бошанд ва номи Ӯро ба дигарон шиносонанд. Ин ҳамон корест, ки Шоҳидони Яҳува бо ҷидду ҷаҳд мекунанд.

  • Барои чӣ Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ба худ номи Шоҳидони Яҳуваро гирифтанд?

  • Аз кадом вақт инҷониб Яҳува дар замин Шоҳидони худро дорад?

  • Шоҳиди бузургтарини Яҳува кист?